Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2020, №1743 "Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРӢ"

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 октябри соли 2020, № 229

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 октябри соли 2020, № 229

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

9 декабри соли 2020, № 89

ҷонибдорӣ карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

9 декабри соли 2020, № 89

ҷонибдорӣ карда шуд.

 

...

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРӢ"

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 октябри соли 2020, № 229

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

9 декабри соли 2020, № 89

ҷонибдорӣ карда шуд.

 

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ" аз 19 сентябри соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 89, мод. 652; с. 2015, №12, қ.1, мод.1114) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Аз матни моддаи 2 калимаи  "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

2. Сархати ҳаштуми қисми 1 моддаи 7 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- бо пешниҳоди шаҳодатномаи волонтёрӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нақлиёти ҷамъиятӣ (ба истиснои таксӣ) ройгон истифода намояд;".

3. Ба моддаи 10 сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- тасдиқ намудани тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётӣ;".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе 17 декабри соли 2020,№ 1743