ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ВЕТЕРАНҲО"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
28 октябри соли 2020, № 225
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
9 декабри соли 2020, № 87
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ветеранҳо" аз 7 апрели соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №7-8, мод. 67; с. 1996, №3, мод. 48; с. 1998, №22, мод. 295; с. 2004, №2, мод. 41; с. 2007, №7, мод. 657; с. 2010, №1, мод. 18) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаҳои 2 ва 13 калимаҳои "(Сарқонуни)" ва "(Сарқонун)" хориҷ карда шаванд.
2. Дар моддаҳои 11, 24, 25, 26, 27, 28, 29, 30, 31, 33, 34, 35, 36, 37, 40 ва 43 калимаи "бепул" ба калимаи "ройгон" иваз карда шавад.
3. Дар зербанди 9) банди а) қисми якуми моддаи 25 ва сархати якуми зербанди б) моддаи 40 пеш аз калимаҳои "(ба истиснои таксӣ)" калимаҳои "бо пешниҳоди шаҳодатнома" илова карда шаванд.
4. Дар зербанди 6) қисми якуми моддаи 26, зербанди 6) моддаи 28, зербанди 10) моддаи 29, зербанди 5) моддаи 30, зербанди 4) моддаи 31, зербанди 7) моддаи 33, зербанди 5) қисми якуми моддаи 37, зербанди 3) моддаи 38 ва зербанди 13) қисми якуми моддаи 43 калимаҳои "(ба ғайр аз таксӣ)" ба калимаҳои "бо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои таксӣ)" иваз карда шаванд. 5. Ба моддаи 45 қисмҳои дуюм, сеюм ва чорум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Хароҷоти ташкилотҳои нақлиёти мусофирбар барои ҳамлу нақли ветеранҳо ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда дар ҳудуди шаҳр, назди шаҳр ва ноҳия аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ҷуброн карда мешавад.
Хароҷот барои ҳамлу нақл дар нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ва дар хатсайри байнишаҳрии автомобилӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷуброн карда мешавад.
Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе 17 декабри соли 2020,№ 1741