Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2020, № 1741 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ветеранҳо"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ВЕТЕРАНҲО"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 октябри соли 2020, № 225

 қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

9 декабри соли 2020, № 87

ҷонибдорӣ карда шуд.

 

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ветеранҳо" аз 7 апрели соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №7-8, мод. 67; с. 1996, №3, мод. 48; с. 1998, №22, мод. 295; с. 2004, №2, мод. 41; с. 2007, №7, мод. 657; с. 2010, №1, мод. 18) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Аз матни моддаҳои 2 ва 13 калимаҳои "(Сарқонуни)" ва "(Сарқонун)" хориҷ карда шаванд.

2. Дар моддаҳои 11, 24, 25, 26, 27, 28, 29, 30, 31, 33, 34, 35, 36, 37, 40 ва 43 калимаи "бепул" ба калимаи "ройгон" иваз карда шавад.

3. Дар зербанди 9) банди а) қисми якуми моддаи 25 ва сархати якуми зербанди б) моддаи 40 пеш аз калимаҳои "(ба истиснои таксӣ)" калимаҳои "бо пешниҳоди шаҳодатнома" илова карда шаванд. 

4. Дар зербанди 6) қисми якуми моддаи 26, зербанди 6) моддаи 28, зербанди 10) моддаи 29, зербанди 5) моддаи 30, зербанди 4) моддаи 31, зербанди 7) моддаи 33, зербанди 5) қисми якуми моддаи 37, зербанди 3) моддаи 38 ва зербанди 13) қисми якуми моддаи 43 калимаҳои "(ба ғайр аз таксӣ)" ба калимаҳои "бо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои таксӣ)" иваз карда шаванд.  5. Ба моддаи 45 қисмҳои дуюм, сеюм ва чорум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"Хароҷоти ташкилотҳои нақлиёти мусофирбар барои ҳамлу нақли ветеранҳо ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда дар ҳудуди шаҳр, назди шаҳр ва ноҳия аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ҷуброн карда мешавад.

Хароҷот барои ҳамлу нақл дар нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ва дар хатсайри байнишаҳрии автомобилӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷуброн карда мешавад.

Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе 17 декабри соли 2020,№ 1741

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ВЕТЕРАНАХ"

Принят постановлением МН МОРТ

от 28 октября 2020 года, №225

Одобрен постановлением ММ МОРТ

от 9 декабря 2020 года, №87

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "О ветеранах" от 7 апреля 1995 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1995 г., №7-8, ст. 67; 1996 г., №3, ст. 48; 1998 г., №22, ст. 295; 2004 г., №2, ст. 41; 2007 г., №7, ст. 657; 2010г., №1, ст. 18) следующие изменение и дополнения:

1. Подпункт 6) части первой статьи 26 после слов "общего пользования" дополнить словами "по предъявлению удостоверения".

2. В подпункте 9) пункта а) части первой статьи 25, подпункте 6) статьи 28, подпункте 10) статьи 29, подпункте 5) статьи 30, подпункте 4) статьи 31, подпункте 7) статьи 33, подпункте 5) части первой статьи 37, подпункте 3) статьи 38, абзаце первом подпункта 6) статьи 40, подпункте 13) части первой статьи 43 слова "(кроме такси)" заменить словами "по предъявлению удостоверения (за исключением такси)".

3. Статью 45 дополнить частями второй, третьей и четвертой следующего содержания:

"Расходы пассажирских транспортных организаций по перевозке ветеранов и лиц, приравненных к ним, в пределах города, пригородов и района покрываются за счет средств местного бюджета.

Расходы на перевозку на железнодорожном, воздушном транспорте и на междугороднем маршруте покрываются за счет средств республиканского бюджета.

Порядок покрытия расходов на бесплатное пользование транспортными услугами определяется Правительством Республики Таджикистан.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 17 декабря 2020 года, №1741