Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2020, № 1738 "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАОРИФ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1 октябри соли 2020, № 178

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

9 декабри соли 2020, № 84

 ҷонибдорӣ карда шуд.

 

Моддаи 1. Ба моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 532; с. 2014, №3, мод. 156, №7, қ. 2, мод. 422; с. 2016, №3, мод. 148, №7, мод. 624; с. 2017, №7-9, мод. 581; с. 2018, №5, мод. 278) сархати бисту якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- дар мувофиқа бо раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани сардорони сарраёсати маориф, раёсати маориф ва мудирони шуъбаҳои маориф;".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе 17 декабри соли 2020,№ 1738

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ ОБРАЗОВАНИИ"

Принят постановлением МН МОРТ

от 1 октября 2020 года, №178

Одобрен постановлением ММ МОРТ

от 9 декабря 2020 года, №84

Статья 1. Статью 33 Закона Республики Таджикистан "Об образовании" от 22 июля 2013 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2013 г., №7, ст. 532; 2014 г., №3, ст. 156, №7, ч. 2, ст. 422; 2016 г., №3, ст. 148, №7, ст. 624; 2017 г., №7-9, ст. 581; 2018 г., №5, ст. 278) дополнить абзацем двадцать первым следующего содержания:

"- назначение на должность и освобождение от должности начальников главного управления, управлений и заведующих отделов образования по согласованию с председателями Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов республики;".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 17 декабря 2020 года, №1738