Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2020, № 1734 "Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 октябри соли 2020, № 213

 қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

9 декабри соли 2020, № 80

ҷонибдорӣ карда шуд.

 

Моддаи 1. Қисми чоруми моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 20 марти соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №3, мод. 183; с. 2011, №6, мод. 457; с. 2013, №7, мод. 513, №12, мод. 886; с. 2014, №11, мод. 654; с. 2015, №7-9, мод. 701; с. 2016, №3, мод. 138; с. 2017, №1-2, мод. 7; с. 2018, №5, мод. 274) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз нақлиёти ҷамъиятӣ (ба истиснои такси) ройгон истифода намоянд. Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе 17 декабри соли 2020,№ 1734

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ ОРГАНАХ НАЦИОНАЛЬНОЙ БЕЗОПАСНОСТИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"

Принят постановлением МН МОРТ

от 28 октября 2020 года, №213

Одобрен постановлением ММ МОРТ

от 9 декабря 2020 года, №80

Статья 1. Часть четвертую статьи 24 Закона Республики Таджикистан "Об органах национальной безопасности Республики Таджикистан" от 20 марта 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №3, ст. 183; 2011 г., №6, ст. 457; 2013 г., №7, ст. 513, №12, ст. 886; 2014 г., №11, ст. 654; 2015 г., №7-9, ст. 701; 2016 г., №3, ст. 138; 2017 г., №1-2, ст. 7; 2018 г., №5, ст. 274) изложить в следующей редакции:

"Сотрудники органов национальной безопасности Республики Таджикистан имеют право при исполнении служебных обязанностей бесплатно пользоваться общественным транспортом (за исключением такси). Порядок покрытия расходов на бесплатное пользование транспортными услугами определяется Правительством Республики Таджикистан.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 17 декабря 2020 года, №1734