Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2020, № 1739 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ МАЪЮБОН"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 октябри соли 2020, № 221

 қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

9 декабри соли 2020, № 85

ҷонибдорӣ карда шуд.

 

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон" аз 29 декабри соли 2010 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №12, қ. 1, мод. 834) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Аз матни моддаи 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад,

2. Моддаи 30 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 30. Имтиёзҳои маъюбон барои истифода аз нақлиёт

1. Маъюбон ҳуқуқ доранд бо пешниҳоди шаҳодатнома аз нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, байнишаҳрӣ ва ноҳиявӣ (ба истиснои таксӣ) ба таври ройгон ва аз нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ ба таври имтиёзнок истифода намоянд.

2. Хароҷоти ташкилотҳои нақлиёти мусофирбар барои ҳамлу нақли маъюбон дар шаҳр, назди шаҳр ва ноҳия аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ пардохт карда мешавад.

3. Хароҷот барои ҳамлу нақл дар нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ва дар хатсайри байнишаҳрии автомобилӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт карда мешавад.

4. Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон             Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе 17 декабри соли 2020,№ 1739

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О СОЦИАЛЬНОЙ ЗАЩИТЕ ИНВАЛИДОВ"

Принят постановлением МН МОРТ

от 28 октября 2020 года, №221

Одобрен постановлением ММ МОРТ

от 9 декабря 2020 года, №85

Статья 1. Статью 30 Закона Республики Таджикистан "О социальной защите инвалидов" от 29 декабря 2010 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2010 г., №12, ч.1, ст. 834) изложить в следующей редакции:

"Статья 30. Льготы инвалидам на пользование транспортом

1. По предъявлению удостоверения инвалиды имеют право на бесплатный проезд на городском, пригородном, междугородном и районном общественном транспорте (за исключением такси) и на льготное пользование железнодорожным и воздушным транспортом.

2. Расходы пассажирских транспортных организаций на перевозку инвалидов в городе, пригороде и районе покрываются за счет средств местного бюджета.

3. Расходы на использование железнодорожного, воздушного транспорта и автомобильного междугородного маршрута покрываются за счет средств республиканского бюджета.

4. Порядок покрытия расходов на бесплатное пользование транспортными услугами определяется Правительством Республики Таджикистан.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

 от 17 декабря 2020 года, №1739