Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2020, № 1729 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 октябри соли 2020, № 233

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

9 декабри соли 2020, № 75

ҷонибдорӣ карда шуд.

 

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 502; с. 2014, №3, мод. 145, №7, қ. 1, мод. 391, №11, мод. 644; с. 2015, №3, мод. 202, №7-9, мод. 709, мод. 710, мод. 711, №11, мод. 956, №12, қ. 1, мод. 1109; с. 2016, №3, мод. 133, №7, мод. 615; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 276; с. 2018, №1, мод. 8, №5, мод. 270, мод. 271; с. 2020, №1, мод. 7, №7-9, мод. 601, мод. 605, мод. 622) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 87:

- қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"4. Ҳангоми содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, ки дар моддаи 2951 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода намешавад. Дар ин ҳолат ҷазои маъмурӣ дар бланки намунааш аз тарафи мақомоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт муқарраргардида ба расмият дароварда мешавад ва дар сурати ситонидани ҷарима дар маҳалли содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, пардохтномаи намунаи муқарраргардида дода мешавад.";

- дар қисми 4 рақамҳои "1-3" ба рақамҳои "1-4" иваз карда шаванд;

- қисмҳои 4 ва 5 мувофиқан қисмҳои 5 ва 6 ҳисобида шаванд.

2. Ба қисми 1 моддаи 111 пас аз рақамҳои "290-294," рақами "295*," илова карда шавад.

 Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон             Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе 17 декабри соли 2020,№ 1729

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ПРОЦЕССУАЛЬНЫЙ КОДЕКС ОБ АДМИНИСТРАТИВНЫХ ПРАВОНАРУШЕНИЯХ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Принят постановлением МН МОРТ

от 28 октября 2020 года, №233

Одобрен постановлением ММ МОРТ

от 9 декабря 2020 года, №75

Статья 1. Внести в Процессуальный кодекс об административных правонарушениях Республики Таджикистан от 22 июля 2013 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2013 г., №7, ст. 502; 2014 г., №3, ст. 145, №7, ч. 1, ст. 391, №11, ст. 644; 2015 г. №3, ст. 202, №7-9, ст. 709, ст. 710, ст. 711, №11, ст. 956, №12, ч. 1, ст. 1109; 2016 г., №3, ст. 133, №7, ст. 615; 2017 г., №5, ч. 1, ст. 276; 2018 г., №1, ст. 8, №5, ст. 270, ст. 271; 2020 г., №1, ст. 7, №7-9, ст. 601, ст. 605, ст. 622) следующие изменения и дополнения:

1. В статье 87:

- дополнить частью 4 следующего содержания:

"4. При совершении административного правонарушения, предусмотренного статьёй 295(1) Кодекса Республики Таджикистан об административных правонарушениях, протокол об административном правонарушении не составляется. В этом случае административное наказание оформляется бланком, образец которого устанавливается органом по контролю и регулированию в сфере транспорта, а в случае взимания штрафа на месте совершения административного правонарушения, лицу, совершившему административное правонарушение, выдаётся квитанция установленного образца.";

- в части 4 цифры "1-3" заменить цифрами "1-4";

- части 4 и 5 соответственно считать частями 5 и 6. 2.

Часть 1 статьи 111 после цифр "290-294," дополнить цифрами "295,".

Статья 2. Настоящий Закон ввести действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 17 декабря 2020 года, №1729