ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
28 октябри соли 2020, № 203
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
9 декабри соли 2020, № 71
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Қисми даҳуми моддаи 56 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 25 июли соли 2005 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №7, мод. 398; с. 2006, №3, мод. 141; с. 2007, №5, мод. 350. №7, мод. 652; с. 2008, №12, қ. 1, мод. 981; с. 2009, №5, мод. 314; с. 2011. №3, мод. 150, №6, мод. 428; с. 2012, №8, мод. 810; с. 2013, №7, мод. 497, мод. 498, №12, мод. 876; с. 2014, №3, мод. 139, №12, мод. 820; с. 2016, №3, мод. 125; с. 2017, №5, к. 1, мод. 267; с. 2019, №6, мод. 308) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Прокурорҳо ва муфаттишон ҳуқуқ доранд ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва ноҳиявӣ (ба истиснои таксӣ), кормандони прокуратураҳои нақлиётӣ бошанд, дар доираи минтақаҳои хизматӣ аз нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ, новобаста аз тобеияти идоравӣ, ба таври ройгон истифода намоянд. Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.".
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе 17 декабри соли 2020,№ 1725
КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ В КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ ОРГАН АХ ПРОКУРАТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"
Принят постановлением МН МОРТ
от 28 октября 2020 года, №203
Одобрен постановлением ММ МОРТ
от 9 декабря 2020 года, №71
Статья 1. Часть десятую статьи 56 конституционного Закона Республики Таджикистан "Об органах прокуратуры Республики Таджикистан" от 25 июля 2005 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2005 г., №7, ст. 398; 2006 г., №3, ст. 141; 2007 г., №5, ст. 350, №7, ст. 652; 2008 г., №12, ч. 1, ст. 981; 2009 г., №5, ст. 314; 2011 г., №3, ст. 150, №6, ст. 428; 2012 г., №8, ст. 810; 2013 г., №7, ст. 497, ст. 498, №12, ст. 876; 2014 г., №3, ст. 139, №12, ст. 820; 2016 г., №3, ст. 125; 2017 г., №5, ч. 1, ст. 267; 2019 г., №6, ст. 308) изложить в следующей редакции:
"Прокуроры и следователи при выполнении ими служебных обязанностей по предъявлению служебного удостоверения вправе бесплатно пользоваться на территории Республики Таджикистан городским, пригородным и районным общественным транспортом (за исключением такси), а работники транспортных прокуратур, в пределах обслуживаемых зон - железнодорожным, воздушным транспортом, независимо от их ведомственной принадлежности. Порядок покрытия расходов на бесплатное пользование транспортными услугами определяется Правительством Республики Таджикистан.".
Статья 2. Настоящий конституционный Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 17 декабря 2020 года, №1725