Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 ноябри соли 2020, № 647
Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 (минбаъд-Барнома) ҳадаф, вазифа, самтҳои асосӣ, усулҳои татбиқ ва натиҷаҳои ниҳоии амалисозии сиёсати давлатиро оид ба забон муайян менамояд.
2. Барнома муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро татбиқ намуда, ба ташаккули забони илм, рушди истилоҳоти тахассусӣ, таҳияи дастурҳо, эҳёи номҳои миллӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ мусоидат менамояд.
3. Барнома ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои сиёсати давлатӣ оид ба забон равона шуда, барои рушду густариш ва баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ нақши муҳим дошта, бобати инкишофи муносибатҳои ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, сиёсиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам меорад.
4. Сиёсати давлатӣ оид ба забони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси меъёрҳои байналмилалии баробарии забонҳо амалӣ карда мешавад.
5. Барнома ҳамчун ҳуҷҷати дурнамо роҳҳои асосии ҳалли масъалаҳои муҳимро дар самти татбиқи забони давлатӣ муайян намуда, барои таҳия ва нашри фарҳангномаҳо, муҳовараҳо ва маводи таълимӣ мусоидат менамояд.
6. Барнома барои ташаккули худшиносӣ, худогоҳии шаҳрвандон, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва рушди ҷаҳонбинии сиёсиву фарҳангии аҳли ҷомеа таҳия шудааст.
2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ
7. Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, №335 тасдиқ шудааст, дар 6 самти афзалиятноки пешбурди забони давлатӣ тарҳрезӣ шуда, қисман амалӣ гардидааст ва бинобар ин, зарурати мукаммал намудани он пеш омадааст.
8. Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар рушди соҳаҳои илму фарҳанг, сиёсат, иқтисодиёт, муносибатҳои байналмилалӣ ва самтҳои дигар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад.
9. Забони давлатӣ дар тақвияту ривоҷи пайвандҳои муштараки фарҳангӣ бо ҷомеаи тоҷикзабони ҷаҳон нақши арзишманд дошта, омили асосии ваҳдату ягонагии сокинони ҷумҳурӣ ба шумор меравад.
10. Забони тоҷикӣ аз ҷониби давлат ҳимоя гардида, дар таъмини пешрафти бомароми он мусоидат мекунад.
11. Забони давлатӣ дар коргузории расмӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, судӣ, соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, воситаҳои ахбори омма, техника, технология, иттилоот ва бахшҳои дигари иртиботӣ (коммуникатсия) истифода мешавад.
12. Забони тоҷикӣ мақоми забони илмро соҳиб шуда, дар доираи меъёрҳои он рисола ва асарҳои илмию таҳқиқотӣ таҳия гардида, корҳои илмии муҳаққиқон бо риояи қоидаҳои имло ва сабку баёни илмӣ омода ва интишор мешаванд. Дар таҳқиқотҳои илмӣ забонҳои дигар низ истифода мегарданд. Фароҳам овардани чунин заминаи ҳуқуқӣ барои рушди забони илм ва истифодаи истилоҳоти илмӣ бо забони давлатӣ мусоидат мекунад.
13. Дар баробари донистани забони давлатӣ аз бар кардани на камтар аз ду забони дигар асоси сиёсати давлат дар бораи забонро ташкил дода, омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои муқоисаи хусусиятҳои овоӣ ва дастуриву луғавии забони тоҷикӣ бо забонҳое, ки мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор доранд, имконият фароҳам меоваранд.
14. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди забони тоҷикӣ як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд, ки дар кишвар барои ҳифзи забони давлатӣ ва забонҳои дигар фазои мусоид ба вуҷуд меоранд. Тадбирҳои мазкур дар роҳи гиромидошту арҷгузорӣ ва эҳтиром ба забони давлатӣ нақши муҳим мебозанд.
15. Барнома риояи ҳатмии мақоми конститутсионии забони давлатиро дар корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият таъмин менамояд.
3. МАҚСАДҲОИ БАРНОМА
16. Барнома рушди устувори забони давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намуда, мақсадҳои зеринро дар бар мегирад:
- такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қонунгузории соҳавӣ бобати татбиқи сиёсати давлатии забон;
- таҳкими эҳтиром ба забони давлатӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ;
- рушди сиёсати давлатии забон ҳамчун омили ҳастӣ ва пойдории давлат;
- нашри Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" барои ташвиқу тарғиби сиёсати забони давлатӣ;
- таъмини рушди ҳамаҷониба ва ҳимояи забони тоҷикӣ;
- боло бурдани нақш ва мақоми забони тоҷикӣ;
- таҳкими мақоми забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ;
- истифодаи забони давлатӣ дар тарбияи маънавӣ, фарҳанги
худшиносиву худогоҳии ҳар як сокини мамлакат;
- эҳёи арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла номҳои тоҷикӣ, номгузории мавзеъҳои таърихӣ, воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, хиёбонҳо, кӯчаҳо, муассисаҳои таълимӣ, боғҳои фарҳангӣ ва сарватҳои таърихиву фарҳангӣ бо забони давлатӣ;
- риояи ҳатмии меъёрҳои грамматикаи забони адабии тоҷикӣ;
- ҳифзи забони адабӣ аз ҳар гуна унсурҳои ғайриадабӣ, гуфтугӯӣ ва бегона;
- бозбинӣ ва бозсозии қолабҳои анъанавии забони адабӣ дар заминаи осори хаттӣ;
- танзими истилоҳоти соҳавӣ бо забони давлатӣ;
- тавсеаи нақши таърихии забони тоҷикӣ ва осори он дар ҳамбастагии миллат ва халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ.
4. ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА
17. Дар Барнома барои ҳимоя ва рушди забони давлатӣ амалӣ намудани вазифаҳои зерин пешбинӣ шудаанд:
- муайян кардани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар бораи забони давлатӣ;
- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва такмили қонунгузории соҳавӣ;
- амалӣ намудани талаботи Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассиса, корхона ва ташкилотҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон дар донистани забони адабӣ;
- риояи меъёрҳои забони адабӣ тавассути воситаҳои ахбори омма;
- экспертизаи лингвистии номгузории шаҳрвандон, забони китобҳои дарсӣ, эълону реклама, маводи иттилоотӣ, номгузории муассиса ва корхонаҳо, тамғаҳои молӣ ва хизматрасонӣ, матни муҳрҳо, марказҳои хизматрасонӣ, нуқтаҳои савдо, матни борпечҳо, борчаспҳо ва ғайраҳо;
- арзёбӣ ва таҳқиқи пайвастаи вазъи забони давлатӣ дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии кишвар;
- тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром ба забони давлатӣ;
- таъсиси махзани иттилоотии забони тоҷикӣ (фарҳангномаҳо, дастурҳои иттилоотӣ) дар китобхонаҳо ва марказҳои дигари тахассусӣ;
- таҳия ва нашри фарҳангномаҳои дузабона, сезабона, тафсирӣ, тахассусии истилоҳот, муҳовараҳо бо забони тоҷикӣ ва чопи донишномаҳои истилоҳоти илмӣ аз осори классикии тоҷикӣ;
- рушди меъёрҳои услуби адабӣ;
- арзёбии пайвастаи такмилу инкишофи фонди луғавии забони тоҷикӣ;
- ташкили барномаҳои махсус доир ба забони давлатӣ дар радио ва телевизион, нашри мақолаҳо ва маводи иттилоотӣ-таблиғотӣ дар воситаҳои ахбори омма;
- ба роҳ мондани таҳқиқот дар иртибот ба масъалаҳои иҷтимоӣ, асосҳои назария ва амалияи забон;
- пажӯҳиши муқоисавӣ, этнолингвистӣ, лексикӣ, грамматикӣ ва омӯзиши забони илм ва истилоҳоти илмӣ бо забонҳои дигар;
- анҷом додани таҳқиқоти бунёдӣ дар иртибот ба савтиёт, вожасозӣ, грамматика ва луғату истилоҳоти забони тоҷикӣ;
- ба танзим даровардан ва стандарткунонии истилоҳоти соҳавӣ;
- таълифи грамматикаи меъёрии забони тоҷикӣ;
- таҳияи дастури таълимии таърихи забони тоҷикӣ (давраҳои бостон, миёна ва нав);
- истифодаи таҷрибаи таърихии забони тоҷикӣ барои тақвият ва устувории забони давлатӣ;
- милликунонии забони технологияҳои навин, бахусус барномаҳои компютерӣ;
- нашри осори давраҳои гуногуни таърихии забони тоҷикӣ;
- таъсиси низоми иттилоотӣ вобаста ба соҳаҳои гуногуни забоншиносии тоҷик;
- таҳкими робитаҳо бо марказҳои илмии забоншиносии ҷаҳон дар масоили омӯзиши забони тоҷикӣ;
- нашр ва сабти намунаҳои беҳтарин аз осори гузашта ва муосир;
- баргузор намудани нишасту конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии илмиву омӯзишӣ, фарҳангӣ ва ғайра дар мавриди рушди забони тоҷикӣ ва татбиқи сиёсати давлатии забон;
- таҳияи барномаи ягонаи омӯзиши забони тоҷикӣ, инчунин дастурҳои таълимӣ-методӣ барои муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ;
- ташкили низоми ягонаи таълими мутахассисони забони тоҷикӣ;
- такмили барнома, нақшаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимии забони тоҷикӣ барои факултетҳои филологияи тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ;
- арзёбии сатҳи омӯзиш ва донистани забони тоҷикӣ ҳамчун забони модарӣ ва забонҳои дигар дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ;
- таҳияи барномаҳои таҳқиқотии дорои бартарияти илмӣ дар иртибот ба таълими забони тоҷикӣ;
- таҳияи барномаҳо ва дастурҳои забони тоҷикӣ дар асоси равишҳои нави омӯзиши забон;
- такмили стандартҳои давлатии таҳсилот дар иртибот ба забони давлатӣ;
- таҳия ва тасдиқи барномаи омӯзиши забони тоҷикӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилашон бо забонҳои дигар;
- таъсиси кабинетҳои забони тоҷикӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ;
- ба роҳ мондани омӯзиши марҳила ба марҳилаи забони тоҷикӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии равияи техникии ҷумҳурӣ;
- ташкили омӯзиши "Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ" барои кормандони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- таблиғи арзишҳои забони давлатӣ тавассути барномаҳои махсуси телевизионӣ ва радиоӣ барои кишварҳои ҳамзабон ва тоҷикони сокини кишварҳои хориҷӣ;
- баланд бардоштани сатҳи касбии рӯзноманигорон ва кормандони воситаҳои ахбори омма дар иртибот бо донистани забони давлатӣ;
- корбурди забони адабии тоҷикӣ дар воситаҳои ахбори омма ва риояи ҳатмии меъёрҳои он ҳамчун намунаи беҳтарини услуби адабӣ ва забони гуфтории меъёрӣ;
- арзёбии вазъи забони тоҷикӣ ва дурнамои рушди он дар воситаҳои ахбори омма;
- назорати омӯзиш ва риояи ҳатмии қоидаҳои грамматикаи забони тоҷикӣ барои кормандони воситаҳои ахбори омма, ровиёни телевизион ва радио;
- ташкили дарсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ тариқи онлайн дар шабакаи интернет;
- ворид намудани фарҳангномаҳои электронӣ дар шабакаи интернет;
- таҳия ва эҷоди барномаҳои компютерӣ барои санҷиши имлои забони тоҷикӣ;
- таҳия ва тарҷумаи системаҳои амалиёти компютерӣ ва мобилӣ ба забони давлатӣ;
- таъмин намудани тоҷикони бурунмарзӣ бо китобҳо, рӯзномаву маҷаллаҳо, филмҳо ва наворҳои дигар бо забони давлатӣ;
- ташкили марказҳои омӯзиши забони тоҷикӣ дар назди намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар;
- таҳияи барномаи махсуси омӯзиши забони тоҷикӣ барои тоҷикони муқими кишварҳои хориҷӣ;
- пахши барномаҳои иттилоотӣ оид ба вазъи забони тоҷикӣ дар кишварҳои дигар;
- истифодаи таҷрибаи кишварҳои дигар барои амалӣ кардани сиёсати давлатии забон;
- омӯзиш ва бозомӯзии мутахассисони забони тоҷикӣ, аз ҷумла намояндагони забонҳои дигар;
- ташкили семинарҳои сайёр ва дарсҳои омӯзишии забони давлатӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;
- таҳқиқи номҳои мавзеъҳои ҷуғрофии кишвар;
- баррасӣ ва омӯзиши вожаву истилоҳоти таърихии забони тоҷикӣ;
- назорати риояи меъёрҳои адабӣ, хориҷ кардани унсурҳои бегона ва тарҷумаҳои таҳтуллафзӣ аз забони адабӣ;
- назорати риояи меъёрҳои забони адабӣ дар иртибот ба корбурди луғату истилоҳоти бегона ва гуфтугӯӣ дар воситаҳои ахбори омма;
- муаррифӣ ва таблиғи намунаҳо аз осори хаттии давраҳои таърихии забони тоҷикӣ тавассути воситаҳои ахбори омма;
- нашри намунаҳои мунтахаби осори классикӣ барои кӯдакистонҳои ҷумҳурӣ вобаста ба синну соли кӯдакон, бо мақсади бедор намудани завқи забономӯзӣ ва эҳтирому ифтихор ба забони модарӣ ва фарҳанги миллӣ;
- назорати риояи стандартҳои рамзгузорӣ ва ҷобаҷогузории алифбои тоҷикӣ дар ҳарфкалид (клавиатура)-и компютерӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
5. МАРҲИЛАҲОИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА ВА САМТҲОИ АСОСИИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ
18. Баҳри таъмини рушди устувори забони давлатӣ ва сиёсати давлат дар ин соҳа Барнома дар ду марҳила ва шаш самт роҳандозӣ мегардад. Марҳилаи якуми Барнома солҳои 2020-2025-ро дар бар гирифта, фарогири масъалаҳои таҳияи лоиҳаҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қонунгузории соҳавӣ, таъмини густариши забони давлатӣ ҳамчун бунёди маънавии миллӣ, ташхис ва интишори истилоҳоти соҳавиро дар бар мегирад. Марҳилаи дуюм аз соли 2026 то 2030 идома ёфта, роҳҳои амалисозии масъалаҳои таҳқиқотӣ, омӯзишӣ, назорат ва ташкилиро фаро мегирад.
19. Таъмини рушди забони давлатӣ дар Барнома аз рӯйи самтҳои зерин муайян мегарданд:
- омӯзиш, назорат, таҳлил ва амалисозии сиёсати забони давлатӣ;
- андешидани тадбирҳо барои таъмини заминаи меъёрии ҳуқуқӣ;
- густариши забони давлатӣ ҳамчун бунёди маънавии миллӣ ва тарғибу ташвиқи он дар воситаҳои ахбори омма;
- таҳқиқи масъалаҳои назариявӣ ва амалии забони давлатӣ;
- таҳия ва нашри фарҳангномаҳо, муҳовараҳо ва дастурамалҳо;
- таҳкими робитаҳои байналмилалӣ дар ҳимоя ва рушди забони давлатӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
6. УСУЛҲОИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
20. Усулҳои асосии амалисозии Барнома аз инҳо иборатанд:
- такмили заминаҳои ҳуқуқӣ ва меъёрии забони тоҷикӣ;
- маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ;
- ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ;
- ҳамкорӣ бо ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ.
7. НАТИҶАҲОИ НИҲОИИ БАРНОМА
21. Ҳимояи давлатии забони тоҷикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
22. Татбиқи Барнома ба ташаккули забони тоҷикӣ, рушди иҷтимоиву маънавии ҷомеа, адабиёт ва фарҳанги миллӣ, пешрафти илму маориф, дар маҷмӯъ, худшиносии миллӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ мусоидат менамояд.
23. Натиҷаҳои ниҳоии Барнома аз инҳо иборат мебошанд:
- барои татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ёрӣ мерасонад;
- дар заминаи сарчашмаҳои боэътимоди забоншиносӣ ва суннатҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик номҳои таърихии ҷуғрофӣ эҳё ва барқарор мегардад;
- меъёрҳои таърихию суннатии номгузории шаҳрвандон ба танзим дароварда мешавад;
- таҳия ва нашри "Фарҳанги орфоэпии забони тоҷикӣ" бар пояи овонавишти забони тоҷикӣ сурат гирифта, тарзи талаффузи дурусти онҳо дар асоси лексикаи меъёрӣ пешниҳод мешавад;
- дар доираи "Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ" шакли хаттии забони адабии муосири тоҷик танзим шуда, меъёри навишт ва гуфтор муқаррар мегардад;
- маводи конференсия ва ҳамоишҳои илмӣ интишор шуда, барои такмили забони давлатӣ ва рушди арзишҳои маънавӣ, илмӣ ва фарҳангӣ саҳмгузор мегардад;
- пешрафти ҳадафмандонаи забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ, устувории забон дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва муоширати сокинони ҷумҳурӣ таъмин мешавад;
- нақши забони давлатиро дар муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд мебардорад;
- ҷиҳати дарёфти роҳҳои омӯзиши забони тоҷикӣ дар ҳама зинаҳои таҳсилот мусоидат менамояд;
- барои таҳияи барномаҳои омӯзишӣ ва илмию фарҳангӣ дар иртибот ба таблиғи забони тоҷикӣ ва осори давраҳои таърихии он дар воситаҳои ахбори омма замина фароҳам меоварад;
- истифодаи фарогири забони давлатиро дар шароити дузабонӣ ва бисёрзабонӣ густариш медиҳад;
- шароити мусоидро барои истифодаи забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ дар саросари ҷумҳурӣ таъмин месозад;
- мақоми забони давлатиро дар минтақаҳои зисти миллатҳо ва халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ, ки забони модариашон ғайритоҷикӣ мебошад, таҳким мебахшад;
- сатҳи маърифату дониши аҳолиро дар иртибот ба донистани забони давлатӣ дар байни сокинони синну соли гуногун боло мебарад;
- ҷиҳати нашри дастурҳои омӯзиши забони давлатӣ барои миллатҳо ва халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ мусоидат мекунад;
- барои таҳия ва коркарди дастурҳои меъёрии омӯзиши забони тоҷикӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ заминаи мусоид фароҳам месозад;
- дар нашри фарҳангномаҳои дузабона, сезабона, тафсирӣ ва мухтасар ёрӣ мерасонад;
- чопи муҳовараҳоро барои омӯзандагони забони тоҷикӣ ба роҳ мемонад;
- истилоҳоти соҳавиро бо забони давлатӣ танзим мекунад;
- забони барномаҳои компютериро дар технологияҳои компютерӣ ҳамгун месозад;
- забони адабии тоҷикиро дар ҷомеа густариш медиҳад;
- робитаҳои илмӣ-таҳқиқотиро барои пешравии илми забоншиносии тоҷик мустаҳкам месозад;
- савияи тафаккур ва ташаккули шуури миллиро баланд мебардорад;
- сатҳи забондонии шаҳрвандони кишварро такмил медиҳад;
- дастрасии адабиёти бадеии классикӣ ва муосири тоҷикро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ дар шабакаи интернет таъмин менамояд.
8. МАНБАЪҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА
24. Барнома аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда, маблағҳои махсуси вазорату идора, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият, инчунин, маблағҳои грантӣ ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 ноябри соли 2020, № 647
Нақшаи амалисозии Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030
Замимаи 2
Замимаи 3
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 ноябри соли 2020, № 647
Нақшаи маблағгузории Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030