ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030, Нақшаи амалисозии Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 ва Нақшаи маблағгузории Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
2. Кумитаи забон ва истилоҳотӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози амалисозии Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 муайян карда шавад.
3. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият:
- аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, маблағҳои махсус ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ҷиҳати амалисозии мақсаду вазифаҳои пешбининамудаи Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд;
- аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ҳар сол то 30 январ ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.
4. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Барномаи мазкур ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 28 ноябри соли 2020, № 647
ш. Душанбе