Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2020, № 621 "Дар бораи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади дастгирии рушди илм ва маориф Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таъсис дода шавад.

2. Низомномаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2021 ҳамасола мукофоти пулии Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзиро аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ таъмин намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ Раҳмон

аз 28 ноябри соли 2020, № 621

ш. Душанбе