Низомномаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз 26 ноябри соли 2020, № 621

Санаи амалкуни: 26.06.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 ноябри соли 2020, № 621

тасдиқ шудааст

Замима

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 ноябри соли 2020, № 621

тасдиқ шудааст

 

Низомномаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 294)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 294)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ (минбаъд Низомнома) тартиби баргузор намудани озмун, шартҳои баргузорӣ, ҷамъбаст ва чораҳои ҳавасмандгардонӣ, инчунин маблағгузории озмунро муқаррар менамояд.

2. Мақсади сарфарозгардонӣ бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ (минбаъд - Ҷоизаи давлатӣ) дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм, маориф ва инноватсия бо роҳи ҳавасмандкунии олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ буда, ба рушди фанҳои мазкур, фаъолияти эҷодии олимону омӯзгорон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа ва такмили методикаи таълим ва омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз ҷониби хонандагону донишҷӯён, магистрантон ва докторантон аз рӯи ихтисос нигаронида шудааст.

3. Ҷоизаи давлатӣ аз мукофоти пулӣ ва диплом иборат аст.

4. Ҷоизаи давлатӣ ба олимон барои дастовардҳои зерин дода мешавад:

...

Замима

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 ноябри соли 2020, № 621

тасдиқ шудааст

 

Низомномаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ (минбаъд Низомнома) тартиби баргузор намудани озмун, шартҳои баргузорӣ, ҷамъбаст ва чораҳои ҳавасмандгардонӣ, инчунин маблағгузории озмунро муқаррар менамояд.

2. Мақсади сарфарозгардонӣ бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ (минбаъд - Ҷоизаи давлатӣ) дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм, маориф ва инноватсия бо роҳи ҳавасмандкунии олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ буда, ба рушди фанҳои мазкур, фаъолияти эҷодии олимону омӯзгорон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа ва такмили методикаи таълим ва омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз ҷониби хонандагону донишҷӯён, магистрантон ва докторантон аз рӯи ихтисос нигаронида шудааст.

3. Ҷоизаи давлатӣ аз мукофоти пулӣ ва диплом иборат аст.

4. Ҷоизаи давлатӣ ба олимон барои дастовардҳои зерин дода мешавад:

- натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникие, ки ба рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мусоидат менамояд;

- коркард ва азхудкунии техника, кашфиёту ихтироот, ки тақвиятдиҳандаи рушди иқтисодиёт ва иқтидори мудофиавии мамлакат мебошанд;

- таҳияи китобҳои дарсӣ, нашри мақолаҳои илмию методӣ, маводи таълимӣ-методӣ, омода намудани донишҷӯён, магистрантон ва докторантон аз рӯи ихтисос ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;

- иштироки фаъолона дар чорабиниҳои илмиву педагогӣ ва корҳои ҷамъиятӣ;

- саҳмгузорӣ дар таҳия ва татбиқи барномаҳои илмию техникии ҷумҳурӣ.

5. Ҷоизаи давлатӣ ба омӯзгорон барои дастовардҳои зерин дода мешавад:

- навоварӣ дар таҷрибаи педагогӣ, мақолаҳои илмию методӣ, патент барои ихтироот, дастур ва китобҳои дарсии нашршуда;

- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, маҳорати асоснок намудани омӯзиши фанни таълимӣ ва методикаи таълим;

- истифодаи мақсадноки технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, шабакаи ҷаҳонии интернет, проектор, тахтаи электронӣ, омода намудани барномаҳои муаррификунанда (слайд);

- омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;

- муаррифии усулҳои ҳавасмандгардонии хонандагон, фарҳанги муошират, сатҳи забондонӣ, ҳамкории омӯзгор бо хонанда, падару модар ва ҳамкорон.

6. Барои муайян кардани ғолибони Ҷоизаи давлатӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун ташкил ва баргузор карда мешавад.

2. ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН

7. Озмун барои дарёфти Ҷоизаи давлатӣ ҳар сол дар давраҳои зерин баргузор карда мешавад:

1) барои олимон дар ду давр:

- даври якум - дохилиидоравӣ, моҳи феврал дар муассисае, ки довталаб дар он кор мекунад;

- даври дуюм - ҷумҳуриявӣ, моҳи апрел дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2) барои омӯзгорон дар се давр:

- даври якум - шаҳрӣ (ноҳиявӣ), моҳи январ дар шаҳр ва ноҳияе, ки довталаб дар он кор мекунад;

- даври дуюм - вилоятӣ (шаҳри Душанбе), минтақавӣ (барои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ), моҳи феврал дар сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи вилоятҳо, барои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- даври сеюм - ҷумҳуриявӣ, моҳи апрел дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

8. Иштирок дар даври якуми озмун барои дарёфти Ҷоизаи давлатӣ барои олимон ва омӯзгорон озод мебошад. Аз даври якуми озмун барои олимон ба даври дуюм аз ҳар як муассиса на зиёда аз 3 довталаб роҳ ёфта, ғолибони озмун дар даври дуюм муайян карда мешаванд. Ғолибони даври якуми озмуни омӯзгорон дар ҳайати на зиёда аз 3 довталаб аз ҳар як шаҳру ноҳия барои иштирок дар даври дуюм ҳуқуқ пайдо мекунанд. Аз даври дуюми озмун ба даври сеюм ба миқдори на зиёда аз 4 омӯзгор аз вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ роҳ меёбанд. Ғолибони озмун барои омӯзгорон дар даври сеюм муайян карда мешаванд.

9. Барои даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмун оид ба Ҷоизаи давлатӣ комиссияҳои дохилиидоравӣ, шаҳрӣ (ноҳиявӣ), вилоятӣ (шаҳри Душанбе, минтақавӣ) ва ҷумҳуриявӣ таъсис дода мешавад.

10. Комиссияҳо оид ба Ҷоизаи давлатӣ дар даврҳои якум (барои олимон ва омӯзгорон) ва дуюми озмун (барои омӯзгорон) вазифаҳои зеринро иҷро менамоянд:

- роҳбарии умумиро оид ба омодагӣ, ташкил ва баргузории озмун таъмин менамоянд;

- ҷой, муҳлати баргузории даврҳои озмун, теъдоди иштирокчиёнро аз ҳисоби ғолибон муайян ва ба раиси комиссияи ҷумҳуриявӣ барои тасдиқ пешниҳод менамоянд;

- номгӯи маводи иттилоотии иловагиро, ки барои истифодабарӣ иҷозат дода шудааст, тасдиқ менамоянд;

- ҳангоми баргузории озмун шаффофиятро таъмин менамоянд;

- масъалаҳои баҳсталабро дар раванди баргузории озмун дида мебароянд;

- ҷамъбасти натиҷаи озмунро таъмин намуда, рӯйхати ғолибонро барои иштирок дар даврҳои минбаъдаи озмун пешниҳод менамоянд;

- иштироки ғолибонро дар даври минбаъдаи озмун таъмин менамоянд.

11. Комиссия оид ба Ҷоизаи давлатӣ дар даври ҷумҳуриявӣ вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

- баргузории озмунҳои то даври ҷумҳуриявиро назорат намуда, баргузории даври ҷумҳуриявии озмунро бевосита роҳбарӣ менамояд;

- ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳлат ва баргузории даври ҷумҳуриявии озмун ва теъдоди иштирокчиёни даври ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби ғолибони даври дуюм барои олимон ва даври сеюми озмун барои омӯзгорон таклиф пешниҳод менамояд;

- бо комиссияҳо оид ба Ҷоизаи давлатии даврҳои озмун мубодилаи иттилоотии заруриро ба роҳ мемонад;

- баргузорӣ ва натиҷагирии даврҳои озмунро баррасӣ ва таҳлил намуда, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотномаи дахлдор пешниҳод менамояд;

- дипломи ғолибони озмунро омода мекунад;

- тарғиби васеи рафти баргузорӣ ва натиҷаҳои озмунро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ мемонад.

12. Барои баҳодиҳии корҳо ва фаъолияти иштирокчиёни озмун бо ҷалби мутахассисони соҳа комиссияи экспертӣ таъсис дода мешавад. Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба Ҷоизаи давлатӣ ҳамзамон метавонад ба ҳайси комиссияи экспертӣ баромад намояд.

13. Комиссия оид ба Ҷоизаи давлатии даври ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ таъсис ёфта, аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад. Ба ҳайати комиссия оид ба Ҷоизаи давлатии даври дохилиидоравӣ барои олимон роҳбари муассисаи илмӣ, муовинони ӯ ва олимони соҳаҳои дахлдор шомил гардида, он аз ҷониби роҳбари муассиса тасдиқ карда мешавад. Ҳайати комиссия оид ба Ҷоизаи давлатии даври шаҳрӣ (ноҳиявӣ) бо пешниҳоди сардорони раёсатҳо ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва даври вилоятӣ (шаҳри Душанбе) бо пешниҳоди сардорони сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи вилоятҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тасдиқ карда мешавад. Ҳайати комиссия оид ба Ҷоизаи давлатиро барои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва тасдиқ мекунад.

14. Озмун барои дарёфти Ҷоизаи давлатӣ ҳар сол як маротиба гузаронида мешавад. Ғолибон ҳуқуқи такроран иштирок кардан дар озмун ва сазовор гаштан ба Ҷоизаи давлатиро надоранд.

3. ШАРТҲОИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН

15. Довталабе, ки дар озмун ширкат меварзад, бояд ҳуҷҷатҳои дахлдорро тибқи замимаи Низомномаи мазкур вобаста ба корҳои анҷомдодааш пешниҳод намояд.

16. Комиссияҳои даври якум барои олимон ва даври дуюм барои омӯзгорон уҳдадоранд, ки то 1 апрел ба Вазорати маориф ва илм натиҷаҳо ва маводи озмунҳоро пешниҳод намоянд.

17. Маводи ба озмун барои олимон пешниҳодшуда дар шакли холгузорӣ аз рӯи меъёрҳои зерин баҳогузорӣ мешавад:

1) барои ҳар як навоварӣ, намунаи маводи навоварӣ (инноватсионӣ), ки дар натиҷаи иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ ва навоварӣ тибқи шартнома аз ҳисоби маблағгузории буҷетӣ ё ғайрибуҷетӣ ё ин ки аз ҳисоби маблағгузории омехтаи буҷетию ғайрибуҷетӣ ба даст оварда шудаааст - аз 10 то 50 хол;

2) барои ҳар як ихтироот, модели муфид, намунаи маводи инноватсионии бо ташаббуси муҳаққиқ пешниҳодшаванда ва ҳуқуқ барои патенти он - аз 10 то 50 хол;

3) иловатан барои ҳар як патент барои ихтироот ё модели муфид, ки дар якҷоягӣ бо донишҷӯёну магистрантон, докторантон аз рӯи ихтисос амалӣ шудааст - аз 10 то 20 хол;

4) барои ҳар як ихтироот, ки дар хориҷа патент гирифта шудааст - аз 30 то 60 хол;

5) барои китоби дарсӣ ва маводи таълимӣ-методӣ - аз 10 то 30 хол;

6) барои омода намудани донишҷӯёну магистрантон, докторантон аз рӯи ихтисос ба озмуну олимпиадаҳо, ки ҷои ифтихориро ишғол намудаанд:

- дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ - аз 10 то 30 хол;

- дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ - аз 20 то 50 хол;

7) барои ҳуҷҷати тасдиқкунандаи дар истеҳсолот ҷорӣ намудани ихтироот ва инноватсия бо нишон додани самаранокии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ - аз 10 то 30 хол;

8) барои иштирок дар чорабиниҳои илмиву педагогӣ ва корҳои ҷамъиятӣ - аз 10 то 30 хол.

18. Маводи ба озмун барои омӯзгорон пешниҳодшуда дар шакли холгузорӣ аз рӯи меъёрҳои зерин баҳогузорӣ мешавад:

1) барои ҳар як навоварӣ дар таҷрибаи педагогӣ ва нашри мақолаҳои илмию методӣ - аз 10 то 50 хол;

2) барои ҳар як патент барои ихтироот ё модели муфид, ки дар якҷоягӣ бо хонандагон аз рӯи равия татбиқ шудааст - аз 20 то 50 хол;

3) барои донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, донишҳои соҳавӣ ва сатҳи забондонӣ - аз 10 то 30 хол;

4) дастур ва китобҳои дарсии нашршуда - аз 10 то 30 хол;

5) барои маҳорати истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ - аз 10 то 30 хол;

6) барои омода намудани хонандагон аз рӯи равия ба озмуну олимпиадаҳо, ки ҷои ифтихориро ишғол намудаанд:

- дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ - аз 20 то 50 хол;

- дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ - аз 30 то 60 хол;

7) иштироки фаъолона дар чорабиниҳои илмиву педагогӣ ва корҳои ҷамъиятӣ - аз 10 то 30 хол.

19. Ғолибони озмун аз рӯи ҷамъи умумии холҳои бадастовардаи довталабон ва хулосаи коршиносон муайян карда мешаванд.

4. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУН ВА ЧОРАҲОИ ҲАВАСМАНДГАРДОНӢ

20. Озмун аз рӯи натиҷаҳои ҳар як давр ҷамъбаст гардида, ғолибон аз рӯи натиҷаҳои корҳои илмӣ-педагогӣ ва фаъолияташон дар даври ниҳоӣ муайян карда мешаванд.

21. Дар мавриди ба миён омадани ҳолатҳои баҳснок бо мақсади таъмини шаффофияту воқеият дар баҳогузории натиҷаҳои корҳои иштирокчиёни озмун маводи озмунӣ барои баҳодиҳӣ ба коршиносони мустақил, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм аз ҳисоби мутахассисони соҳа муайян мегарданд, дода мешавад. Ба коршиносони мустақил хулосаи комиссияи экспертӣ доир ба маводи озмунӣ дода намешавад.

22. Қарори комиссия оид ба Ҷоизаи давлатии даври ҷумҳуриявӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

23. Теъдоди умумии Ҷоизаи давлатӣ 15 ададро ташкил дода, аз он 6 ҷоиза ба шахсоне, ки унвони илмӣ доранд ва 9 ҷоиза ба омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбӣ дода мешавад.

24. Ғолибони даври ҷумҳуриявии озмун бо диплом ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида мешаванд. Мукофоти пулӣ барои ҳар як ғолиб 20 000 (бист ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.

25. Ҷоиза аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо дастури ӯ аз тарафи шахси масъули дигар супорида мешавад.

26. Дар ҳолати вафот кардани ғолиби озмун диплом ва мукофоти пулӣ мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ворисони ӯ дода мешавад.

5. МАБЛАҒГУЗОРИИ ОЗМУН

27. Хароҷот барои гузаронидани озмун дар даври дохилиидоравӣ, ба зиммаи муассисае, ки довталабон дар он кор мекунанд ва хароҷот барои даврҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятӣ бошад, ба зиммаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гузошта мешавад. Кумитаҳои иттифоқи касаба ва сарпарастон, сармоягузороне, ки бо муассисаҳои таълимӣ, раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо ҳамкорӣ доранд, метавонанд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кор саҳм гузоранд.

28. Хароҷоти гузаронидани даври ҷумҳуриявии озмун ба зиммаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуда, ташкилотҳои давлативу ғайридавлатӣ ва шахсони алоҳида метавонанд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кор саҳм гузоранд.

29. Хароҷот барои иштироки олимону омӯзгорон дар озмун аз ҷои кори асосии онҳо тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад.

Замима

ба Низомномаи Ҷоизаи давлатии

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои

олимону омӯзгорони фанҳои

табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ

Ҳуҷҷатҳои аз ҷониби довталаб пешниҳодшаванда

Довталабе, ки дар озмун ширкат меварзад, бояд ҳуҷҷатҳои зеринро вобаста ба корҳои анҷомдодааш пешниҳод намояд:

1) Варақаи шахсӣ;

2) Нусхаи ҳуҷҷатҳо оид ба зинаҳои таҳсилот;

3) Нусхаи шиноснома;

4) Тарҷумаи ҳол;

5) Расм бо андозаи 3х4 - 6 дона;

6) Қарори Шӯро ё мушовараи муассисае, ки дар он довталаб кор мекунад, оид ба пешниҳод барои дарёфти Ҷоиза - 1 нусха;

7) Рӯйхати ҳамаи корҳои илмии довталаб - 2 нусха;

8) Шарҳи мухтасари мазмуни асар ё асарҳои илмии ба озмун пешниҳодшуда дар ҳаҷми на зиёда аз як варақаи чопӣ - 2 нусха;

9) Нусхаи шаҳодатномаи муаллифӣ (барои ихтироот) - 2 нусха;

10) Маълумотнома аз идора ва ё мақомоти дахлдор дар бораи татбиқи амалии ихтироот, конструксияҳо, мавод ва технологияи нав, усулҳои мукаммали истеҳсолот дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ - 1 нусха;

11) Ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба доштани унвони илмии номзад ва ё доктори илм;

12) Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи моҳияти воқеии илмӣ-амалӣ доштани натиҷаҳои илмии кашфиёту ихтирооти пешниҳодшуда бо замимаи маводи тасдиқкунандаи чопӣ, сабтӣ, аёнӣ ва ғайра;

13) Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳолати амалишавии кашфиёту ихтироотҳои дар амал татбиқшуда ва татбиқшаванда;

14) Ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар хусуси на кам аз як сол мавриди амал қарор доштани тадқиқоти довталаб;

15) Китоби дарсӣ, маводи таълимӣ-методӣ ва монографияҳо;

16) Нусхаи диплом, ифтихорномаи шогирдони довталаб (хонанда, донишҷӯй, магистрант, докторант аз рӯи ихтисос), ки дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сазовор гардидаанд;

17) Дигар ҳуҷҷатҳое, ки довталаб ба озмун пешниҳод намудани онро зарур мешуморад.