Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 ноябри соли 2020, №622
Тартиби ҷудо намудани қарз ҳангоми касри Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби ҷудо намудани қарз ҳангоми касри Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд - Тартиб) механизм ва шартҳои ҷудо намудани маблағҳои қарзии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пӯшонидани касри Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд Хазина) пешниҳодгардидаро муайян менамояд.
2. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
- Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд - Хазина) - шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ, ки дорои тавозуни мустақил ва муҳри мудаввар бо сабти номи худ ва тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии пасандоздоронро бо роҳи пардохти ҷубронпулии суғурта ҳимоя менамояд;
- касри Хазина - маблағи нокифояи Хазина, ки барои ҷуброни маблағи суғуртаи пасандоздорон зарур аст;
- маблағи барои пардохти ҷубронпулии суғурта зарур - андозаи ҳадди ақалли маблағи Хазина, ки барои иҷрои уҳдадориҳои худ дар назди пасандоздорон ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолати эҳтимолии суғуртавӣ зарур мебошад ва бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Хазина муайян карда мешавад:
- ҳолати суғуртавӣ - барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ тибқи қарори суд на дар асоси муфлисшавӣ ё бо асосҳои муфлисшавӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ", ки дар натиҷаи он уҳдадориҳои Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ оид ба ҷубронпулии пардохти маблағи суғурта ба пасандоздорони ташкилоти қарзии барҳамхӯрда мегардад;
- маблағи ҷубронпулии суғурта - маблағе, ки пасандоздор ба гирифтани он ҳангоми фаро расидани ҳолати суғуртавӣ ҳуқуқ дорад;
- пардохтҳои тақвимӣ ва иловагӣ - маблағҳое, ки ба Хазина аз ҷониби ташкилотҳои қарзии аъзои Хазина пардохт карда мешаванд;
- маблағҳои Хазина пардохтҳо, даромад аз сармоягузорӣ, маблағҳои қарзии аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифташуда ва маблағҳое дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст.
3. Маблағҳои қарзӣ ба Хазина мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ", санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин Тартиби мазкур пешниҳод карда мешаванд.
4. Аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои қарзӣ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.
5. Пешниҳоди маблағҳои қарзӣ аз ҷониби Вазорати молия уҳдадории Хазина дар назди пасандозгузорони ташкилотҳои қарзӣ дар мавриди ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ ба ҳисоб меравад.
6. Маблағҳои қарзии мақсаднок ҳангоми камомади (касри) маблағи Хазина барои пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорон яъне шахсони воқеӣ дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолати суғуртавӣ пешниҳод мегарданд.
2. ТАРТИБ ВА ШАРТҲОИ ПЕШНИҲОДИ ҚАРЗ
7. Хазина барои гирифтани қарз дар ҳолати касри маблағҳои худ тибқи сархати дуюми банди 2 Тартиби мазкур овардашуда ба Вазорати молия ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:
- нусхаи қарори тасдиқшудаи Шӯрои нозирони Хазина дар бораи аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани маблағҳои қарзӣ ҳангоми касри Хазина;
- дархост, ки дар он асоснокӣ ва сабаби зарурати гирифтани маблағҳои қарзӣ, аз ҷумла маблағи қарз ва муҳлати истифодабарии он ба таври возеҳ дарҷ карда шудааст;
- ҳисоботҳои молиявие, ки касри Хазинаро тасдиқ менамоянд;
- нусхаи иқтибос аз суратҳисобҳои Хазина, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон кушода шудаанд;
- нақшаи пардохти қарз.
8. Маблағҳои қарзӣ тибқи шартҳои боби 2 Тартиби мазкур ва шартномаи қарзӣ дар ҳаҷм ва муҳлати байни Вазорати молия ва Хазина мувофиқашуда дар асоси дархости Хазина ва нақшаи пардохти Хазина, пешниҳод карда мешаванд.
9. Қарз дар шакли маблағ бо пули миллӣ, коғазҳои қиматноки давлатӣ бо шартҳои муҳлатнокӣ, музднокӣ, бозгардонӣ ва кафолати таъминнокии он дода мешавад.
10. Додани қарз дар шакли маблағҳои пулӣ бо роҳи аз ҷониби Вазорати молия ба суратҳисоби Хазина дар Бонки миллии Тоҷикистон гузаронидани маблағи қарзи пешниҳодшаванда амалӣ мегардад. Пас аз баста шудани шартномаи қарзӣ байни Хазина ва Вазорати молия маблағи пулӣ ба суратҳисоби муросилотии Хазина интиқол дода мешавад.
11. Андозаи меъёри фоизи маблағҳои аз ҷониби Вазорати молия ба Хазина дар шакли маблағҳои пулӣ пешниҳодшуда тибқи шартномаи қарзӣ байни Вазорати молия ва Хазина муайян карда мешавад. Агар Вазорати молия маблағҳоро барои пешниҳоди қарз ба Хазина ҷалб намуда бошад, андозаи меъёри фоизӣ аз тарафи Вазорати молия мустақилона муайян карда мешавад.
12. Вазорати молия дархости Хазинаро оид ба гирифтани қарз баррасӣ намуда, вобаста ба имкониятҳои буҷети давлатӣ қарор қабул мекунад. Вазорати молия қарори қабулшударо ба Хазина ирсол менамояд.
13. Дар мавриди ғайриимкон будани пешниҳоди саривақтии маблағҳои қарзӣ, Вазорати молия тавассути барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ (векселҳои хазинавӣ ё вомбаргҳои давлатӣ) ба Хазина қарз пешниҳод менамояд. Барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ бо даромаднокии на зиёда аз ду фоизи солона амалӣ карда мешавад. Муҳлати гардиши коғазҳои қиматноки давлатӣ то як сол муқаррар карда мешавад.
14. Хазина воситаҳои қарзии давлатии пешниҳодшударо, ки дар банди 12 Тартиби мазкур зикр ёфтаанд, барои дастрасӣ ба бозори пардохтпазирии кӯтоҳмуддати Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
15. Хазина якҷо бо Бонки миллии Тоҷикистон ба Вазорати молия маълумоти зерин пешниҳод менамоянд:
- таҳлил, баҳодиҳии хавфҳо ва эҳтимоли ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ;
- маблағи умумии зарурӣ барои маблағгузории эҳтимолии касри Хазина;
- уҳдадориҳои умумии эҳтимолии Хазина дар назди ташкилотҳои қарзии аъзои Хазина бо дарназардошти амалӣ шудани хавфҳо;
- дороиҳои умумии Хазина, аз ҷумла маблағи дороиҳои сатҳи баланди на пардохтпазиридошта;
- матрисаи баҳодиҳии хавф ва эҳтимоли ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ бо сенарияҳои гуногуни рушди эҳтимолии вазъи ва маблағҳои зарурӣ барои пушонидани касри Хазина;
- пешниҳоди рӯйхати ташкилотҳои қарзӣ, ки аъзои Хазина мебошанд.
3. ТАЪМИНОТ ВА ТАРТИБИ ПАРДОХТИ ҚАРЗ
16. Хазина ба Вазорати молия ба сифати гарави муносиб барои таъмини маблағҳои қарзи дастрасии пурра ба суратҳисобҳои ҷории Хазина дар Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла ба пардохтҳои тақвимӣ ва иловагии ташкилотҳои қарзӣ ва маблағи дар раванди барҳамдиҳии ташкилоти қарзии муфлис тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯёнидашударо пешниҳод менамояд.
17. Шартномаи гарав дар шакли хаттӣ ҳамзамон бо бастани шартномаи қарзӣ барои пешниҳод намудани маблағи қарзӣ бо тартиби дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ба расмият дароварда мешавад.
18. Дар сурати аз тарафи Хазина дар муҳлати муқаррарнамудаи шартномаи тарафҳо баргардонида нашудани маблағи қарз ва фоизҳои он, Вазорати молия предмети гаравро, ки ҳамчун чораи таъмини иҷрои уҳдадорӣ аз Хазина гирифта шудааст, метавонад бо мақсади барқарор намудани маблағҳои додашуда пурра ихтиёрдорӣ на ё ҳуқуқи талабкунии худро ба шахси дигар гузашт намояд.
19. Пардохти маблағи асосии қарз ва фоизҳои ҳисобшудаи он тибқи нақшаи пардохт бо шартҳое, ки дар шартномаи қарзӣ муайян шудаанд, амалӣ карда мешавад. Хазина ҳуқуқ дорад, ки пеш аз муҳлат (пурра ё қисман) қарз ва фоизҳои онро бо роҳи ба таври хаттӣ огоҳ намудани Вазорати молия баргардонад.
20. Муҳлати пардохти маблағҳои қарзи ба Хазина пешниҳодшаванда вобаста ба дархост ва нақшаи пардохти қарз, ки аз тарафи Хазина бо Вазорати молия мувофиқа карда шудааст, муайян карда мешавад.
21. Вазорати молия дар ҳолати иҷро нашудани уҳдадориҳо оид ба бозгардонии маблағи қарз ва фоизҳои ҳисобшуда, ки тибқи Тартиби мазкур ба Хазина дода шудааст, метавонад талаботи худро тариқи ситонидани ғайрисудии предмети гарав қонеъ гардонад. Дар ин ҳолат, Вазорати молия бе огоҳии пешакии Хазина маблағҳои аз тамоми суратҳисобҳои ҷории Хазина, аз он ҷумла маблағҳои пардохтҳои тақвимӣ ва иловагии ташкилотҳои қарзӣ ва маблағи дар раванди барҳамдиҳии ташкилоти қарзии муфлис ба суратҳисоби Хазина воридшударо тавассути пешниҳод намудани фармоиши инкассавӣ меситонад.
22. Дар ҳолати истифодабарии ғайримақсадноки маблағҳои аз ҷониби Вазорати молия додашуда ва ё пешниҳоди маълумоти носаҳеҳ оид ба гарав, инчунин оид ба истифодаи маблағҳои пешниҳодкарда Вазорати молия ҳуқуқ дорад, ки талаби худро оиди пеш аз муҳлат баргардонидани маблағҳои қарзии додашуда пешниҳод намояд.
4. ШАРТҲОИ МАХСУС
23. Дар давраи амали қарз Хазина уҳдадор аст ҳамаи талаботи дар шартномаҳои қарзӣ ва гарав зикргардида, инчунин фармоишҳои Вазорати молия, ки бо пешниҳоди қарз алоқаманданд, риоя намояд.
24. Хазина бо талаби Вазорати молия оид ба истифодаи маблағҳо бо тартиб ва муҳлати аз ҷониби Вазорати молия муқарраршуда маълумот ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешниҳод намояд.
25. Масъулият барои риояи истифодаи мақсадноки маблағҳои қарзӣ ва шартҳои дигари қарз ба зиммаи Шӯрои нозирони Хазина вогузор мегардад.
5. МАХФИЯТ
26. Бо мақсади иҷрои Тартиби мазкур Хазина ва Вазорати молия дараҷаи махфияти маълумоту ҳуҷҷатҳоеро, ки таҳия ва бо яке аз тарафҳои Тартиби мазкур мубодила мекунанд, муайян менамоянд ва уҳдадор мешаванд, ки ин дараҷаи махфиятро риоя намоянд.
27. Пешниҳоди маълумоти мазкур ба тарафҳои сеюм танҳо бо розигии мутақобили Хазина ва Вазорати молия иҷозат дода мешавад.
Порядок кредитования при дефиците Фонда страхования сбережений физических лиц
1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
1. Порядок кредитования при дефиците Фонда страхования сбережений физических лиц (далее - Порядок) определяет механизм и условия выделения кредитных средств Правительством Республики Таджикистан для покрытия дефицита Фонда страхования сбережений физических лиц (далее Фонд).
2. В настоящем Порядке используются следующие определения:
- Фонд страхования сбережений физических лиц (далее - Фонд)некоммерческое юридическое лицо, которое обладает самостоятельным балансом, имеет круглую печать с указанием своего наименования, изображением Государственного герба Республики Таджикистан и защищает права и законные интересы вкладчиков путем выплаты страхового возмещения;
- дефицит Фонда - недостаточность денежных средств Фонда, необходимых для уплаты суммы страхового возмещения вкладчикам;
- сумма, необходимая для выплаты страхового возмещения минимальная сумма Фонда, необходимая для исполнения своих обязательств перед вкладчиками в случае возможного страхового случая, определяемая нормативными правовыми актами Фонда;
- страховой случай - принудительная ликвидация кредитной организации решением суда не по основаниям банкротства или по основаниям банкротства в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О ликвидации кредитных организаций", в результате чего возникают обязательства Фонда по выплате суммы страхового возмещения вкладчикам, ликвидированной кредитной организации;
- сумма страховою возмещения - денежные средства, которые вкладчик имеет право получить при возникновении страхового случая;
- календарные и дополнительные платежи - денежные средства, подлежащие уплате кредитными организациями - членами Фонда;
- средства Фонда - платежи, доходы от инвестиций, денежные средства, заимствованных у Правительства Республики Таджикистан и другие денежные средства, не запрещенные законодательством.
3. Кредитные средства Фонду предоставляются в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О страховании сбережений физических лиц", другими законами Республики Таджикистан, нормативными правовыми актами Правительства Республики Таджикистан, а также настоящим Порядком.
4. От имени Правительства Республики Таджикистан кредитные средства предоставляется со стороны Министерства финансов Республики Таджикистан.
5. Предоставление кредитных средств Министерством финансов является обязательством Фонда перед вкладчиками кредитных организации при наступлении страхового случая.
6. Целевые кредитные средства предоставляются при нехватке (дефиците) средств Фонда для выплаты страхового возмещения вкладчикам - физическим лицам при наступлении страхового случая.
2. ПОРЯДОК И УСЛОВИЯ КРЕДИТОВАНИЯ
7. Фонд для получения кредита в случае дефицита собственных средств в соответствии с определением, приведенным во втором абзаце пункта 2 настоящего Порядка, предоставляет в Министерство финансов следующие документы:
- копню утвержденного решения Наблюдательного совета Фонда о заимствовании у Правительства Республики Таджикистан кредитных средств при дефиците Фонда;
- заявку, в котором четко указывается обоснование и причина необходимости в получении кредитных средств, включая сумму кредита и срока его использования;
- финансовую отчетность, подтверждающая дефицит Фонда;
- копию выписки с счетов Фонда, открытых в Национальном банке Таджикистана;
- план погашения кредита.
8. Кредитные средства предоставляются в соответствии с условиями главы 2 настоящего Порядка и кредитного договора в размере и на срок, согласованные между Министерством финансов и Фондом, на основании заявки Фонда и плана погашения Фонда.
9. Кредит предоставляется в виде денежных средств в национальной валюте, государственных ценных бумаг на условиях срочности, платности, возвратности и гарантии его обеспеченности.
10. Выдача кредита в денежных средствах осуществляется путем зачисления Министерством финансов суммы предоставляемого кредита на счёт Фонда в Национальном банке Таджикистана. После заключения кредитного договора между Министерством финансов и Фондом денежные средства переводя тся на текущий корреспондентский счет Фонда.
11. Размер процентной ставки средств, предоставляемых Министерством финансов Фонду в виде денежных средств, определяется кредитным соглашением между Министерством финансов и Фондом. Если Министерство финансов привлекло средства для предоставления кредитов Фонду, то процентная ставка определяется Министерством финансов самостоятельно.
12. Министерство финансов рассматривает заявку Фонда на получение кредита и принимает решение исходя из возможностей государственною бюджет. Министерство финансов направляет принятое решение в Фонд.
13. В случае невозможности своевременною предоставления кредитных средств, Министерство финансов путем выпуска государственных ценных бумаг (казначейских векселей или государственных облигаций) выдает кредит Фонду. Выпуск государственных ценных бумаг осуществляется с годовой доходностью не более 2 процентов. Срок обращения государственных ценных бумаг устанавливается до 1 (одного) года.
14. Фонд реализует предоставленные государственные кредитные инструменты, указанные в пункте 12 настоящего Порядка, для доступа к рынку краткосрочной ликвидности Национального банка Таджикистана.
15. Фонд вместе с Национальным банком Таджикистана предоставляет Министерству финансов следующую информацию:
- анализ, оценка рисков и вероятности возникновения страхового случая;
- общая сумма, необходимая для вероятного финансирования дефицита Фонда;
- общие потенциальные обязательства Фонда перед кредитных организациями членов Фонда с учетом материализации рисков;
- общие активы Фонда, в том числе сумма высоколиквидных активов;
- матрица оценки риска и вероятности возникновения страхового случая с различными сценариями вероятного развития ситуации и с суммами, необходимыми для покрытия дефицита Фонда;
- предоставление списка кредитных организаций, которые являются членами Фонда.
3. ОБЕСПЕЧЕНИЕ И ПОРЯДОК ПОГАШЕНИЯ КРЕДИТА
16. Фонд предоставляет полный доступ Министерству финансов в качестве приемлемого залога для обеспечения кредитных средств на текущие счета Фонда в Национальном банке Таджикистана, включая календарные и дополнительные платежи кредитных организаций и средств, а взыскиваемые в процессе ликвидации обанкротившейся кредитной организации в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.
17. Договор о залоге оформляется в письменной форме одновременно с заключением кредитного договора на предоставление кредита в порядке, предусмотренном законодательством Республики Таджикистан.
18. В случае невозврата Фондом суммы кредита и процентов в срок, установленный договором сторон, Министерство финансов может полностью распорядиться предметом долга полученным от Фонда в качестве меры обеспечения исполнения обязательства, в целях восстановления кредитованных средств, или передать свое право на требование другому лицу.
19. Погашение основной суммы долга по кредиту и начисленных но нему процентов осуществляется согласно плану погашения на условиях, определенных кредитом договоре. Фонд имеет право досрочно (полностью или частично) вернуть кредит п проценты но ним, письменно уведомив Министерство финансов.
20. Срок погашения кредитных средств представляемых Фонду определяется исходя из заявки и плана погашения задолженности, согласованного Фондом с Министерством финансов.
21. Министерство финансов в случае неисполнения обязательств по возврату кредита и начисленных процентов, выданного Фонду в соответствии с настоящим Порядком, может удовлетворить свои требования за счет внесудебного обращения о взыскании па предмет залога либо за счет иного обеспечения, предоставленного Фондом. В этом случае Министерство финансов без предварительного уведомления Фонда взыскивает денежные средства со всех текущих счетов Фонда, в том числе календарные и дополнительные платежи кредитных организаций, а также средства, перечисленные на счет Фонда в процессе ликвидации кредитной организации-банкрота, путем подачи инкассового поручения.
22. В случае нецелевого использования предоставленных Министерством финансов средств пли предоставлении недостоверной информации о залоге, а также об использовании предоставленных средств, Министерство финансов вправе предъявить требование о досрочном возврате предоставленных кредитных средств.
4. ОСОБЫЕ УСЛОВИЯ
23. В период действия кредита Фонд обязан соблюдать все требования, указанные в кредитном договоре и залоговом договоре, а также распоряжения Министерства финансов, касающиеся предложенного кредита.
24. Фонд по требованию Министерства финансов должен предоставить информацию об использовании средств и другие необходимые документы, в порядке в сроки, установленные Министерством финансов.
25. Ответственность за целевое использование кредитных средств и других условий кредита возлагается на Наблюдательный совет Фонда.
5. КОНФИДЕНЦИАЛЬНОСТЬ
26. В целях исполнения настоящего Порядка, Фонд и Министерство финансов определяют уровень конфиденциальности сведений, разрабатываемых и обмениваемых с одной из сторон настоящего Порядка и обязуются поддерживать этот уровень конфиденциальности.
27. Предоставление указанной информации третьим сторонам допускается только при взаимном согласии Фонда и Министерства финансов.