Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 2010, № 873 "Дар бораи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1) Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тобеияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тобеияти Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад.

2) Дар банди 1 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2001 №721 "Дар бораи теъдоди кормандон ва такмили минбаъдаи фаъолияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақами "316" ба рақами "306" иваз карда шавад.

3) Аз сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2001 №702 "Дар бораи навсозии сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шудааст, калимаҳои "Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳо" хориҷ карда шаванд.

4) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як мох вобаста ба татбиқи Фармони мазкур тадбирҳои дахлдор андешанд.

5) Фармонҳои зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:

- аз 24 майи соли 2007 №253 "Дар бораи таъсиси Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- аз 8 июни соли 2007 №263 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон".

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон       Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

21 майи соли 2010, № 873