Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2006, № 1775 "Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ

Бо мақсади истифодаи пурра, оқилона ва самараноки захираҳои замин ва об, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ фармон медиҳам:

1. Қоидаҳои азнавташкилдиҳӣ на ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ тасдиқ карда шавад (замимаи 1).

2. Комиссияи давлатии азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ таъсис дода шавад (замимаи 2).

3. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар асоси ҳайати намунавии комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ ( замимаи 3) комиссияи дахлдори азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзиро таъсис диҳад.

4. Мақомоти иҷроияи маҳаллаи ҳокимияти давлатӣ якҷоя бо Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо вазорату идораҳои дахлдор азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзиро тибқи Қоидаҳои мазкур дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд.

5. Банди 4 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1966 № 522 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи ислоҳоти ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ", банди 2, 3 Фармони Президенти Тоҷикистон аз 9 июни соли 1999 № 1232 "Дар бораи таҷдиди сохтори ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ", банди 2, 3 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2001 № 478 "Дар бораи таҷдиди корхонаҳо ва ташкилотҳои кишоварзӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон           Э. Раҳмонов

ш. Душанбе

30 июни соли 2006, № 1775

* Қоида дар нусхаи асл оварда мешавад.