ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 октябри соли 2003 № 1169 "Дар бораи Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Мувофиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
1. Шумораи кормандони ҳайати маъмурию хоҷагии Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 17 воҳид, аз он ҷумла, аз Дастгоҳи маркази 10 воҳид ва сохторҳои он дар вилоятҳо 7 воҳид ихтисор карда шавад.
2. Банди 2 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 октябри соли 2003 № 1169 "Дар бораи Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"2. Шумораи ниҳоии кормандони Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 160 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад".
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
11 майи соли 2006, № 1745