ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи додани литсензия ба шаклҳои алоҳидаи фаъолият дар комплекси саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади ба тартиб даровардан ва танзими шаклҳои алоҳидаи фаъолият дар комплекси саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани самаранокии истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои истеъмолкунандагони маҳсулоти саноатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи замимагардида дар бораи додани литсензия ба шаклҳои алоҳидаи фаъолият дар комплекси саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
2. Дар сохтори Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи Маркази давлатии литсензиядиҳӣ таъсис дода шавад.
3. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки дар комплекси саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро анҷом медиҳанд, дар мӯҳлати то 1 майи соли 2003 дар Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон литсензияҳояшонро тибқи талаботи Низомномаи тасдиқгардида ба расмият дароранд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 31 марти соли 2003, № 139
ш. Душанбе