ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 2003, №1173
Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 2003 №1173 "Дар бораи тадбирҳои тақвияти сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани музди меҳнати ҳадди ақал, маоши кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо), ассотсиатсияҳо, иттиҳодияҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо сарфи назар аз шакли моликият ва намуди фаъолият аз 1 январи соли 2004:
музди меҳнати моҳонаро на камтар аз музди меҳнати ҳадди ақали муқарраргардида ба андозаи 7 сомонӣ ҳисоб кунанд; нафақаи ҳадди ақалро аз рӯи синну сол бо дарназардошти собиқаи кории умумии меҳнатӣ, ки ба собиқаи барои ҳисоби нафақаи пурраи зарурӣ баробар аст, ба андозаи 7 сомонӣ дар як моҳ ҳисоб кунанд;
маошҳои вазифавии (меъёрҳои тарифӣ) амалкунандаи кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти идораи давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо), мақомоти давлатие, ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошанд ва ҳисобот медиҳанд, дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои тобеи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, кумитаҳо ва сохторҳои дигар, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд, идораҳои давлатии нотариалӣ. хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар қисмҳое, ки аз рӯи пардохти музди меҳнат ба идораҳои қудратӣ баробар карда шудаанд, аз ҷумла маош барои рутбаҳои ҳарбӣ (махсус), коркунони ташкилотҳо ва муассисаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, илм ва ғайраро, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, 25 фоиз зиёд намоянд;
андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ, хонандагони коллеҷҳо, мактабҳои миёнаи махсус ва дигар гурӯҳҳои хонандагонро, ки дар ҳисоби маблағгузории буҷетӣ мебошанд, 25 фоиз зиёд намоянд;
ҳисоб намудани музди миёнаи меҳнат барои пардохти корношоямии муваққатӣ, пардохти рухсатиҳо ва дигар ҳолатҳое, ки ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнатро талаб мекунанд (ба ғайр аз нафақа) бо дарназардошти андозаи музди меҳнат, ки аз аз 1 январи соли 2004 мукаррар карда мешавад, мувофиқи Тартиби бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2002 №500 тасдиқшуда, анҷом диҳанд;
ҳисоб намудани коэффитсиентҳои муқарраргардидаи ноҳиявӣ (барои кор дар биёбон ва ҷойҳои беоб) ва коэффитсиент барои кор дар ноҳияҳои баландкӯҳиро ба музди меҳнати кормандон мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2003 №302 анҷом диҳанд.
2. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
то 1 феврали соли 2004 бо назардошти аз 1 январи соли 2004 зиёд намудани андозаи нафақаи меҳнатӣ ба 25 фоиз ва бо риояи андозаи муқарраргардидаи ҳадди ниҳоии нафақа мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" андозаҳои амалкунандаи нафақаи меҳнатиро бозҳисобӣ намояд;
якҷоя бо Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" пардохти нафақаҳои амалкунандаро бо назардошти аз нав ҳисобӣ шудани онҳо таъмин намоянд.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
пардохти ҷуброни хизматрасонии қувваи барқ ва гази табииро ба оилаҳои камбизоат ба маблағи 20 миллион сомонӣ мувофиқи Тартиби таъин ва додани ҷубронпулӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2003 №144 ва аз 9 июли соли 2003 №271 тасдиқ шудааст, таъмин намояд;
якҷоя бо раисони ҳукуматҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, пардохти ҷубронпулиро ба оилаҳои камбизоате, ки кӯдаконашон дар мактабҳои маълумоти умумии ҷумҳурӣ таҳсил менамоянд, ба маблағи 8 миллион сомонӣ мувофиқи Низомномаи бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2001 №585 тасдиқшуда, таъмин намояд;
бинобар барҳам додани имтиёзҳо оиди хизматрасонии коммуналӣ (қувваи барқ ва гази табиӣ), аз 1 январи соли 2004 ба нафақаи иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 19411945 ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин чанг ҳалокгардида, пардохти иловапулиро ба андозаи 15 сомонӣ дар як моҳ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ тавассути Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида таъмин намояд;
якҷоя бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" Тартиби пардохт намудани пасандозҳои шаҳрвандонро, ки дар суратҳисобҳои махсуси индексатсияшуда дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" мувофиқи қарори Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 1995 №38 "Оиди индексатсияи пасандозҳои аҳолӣ дар муассисаҳои бонкҳо, ки дар давраи аз 1 январи соли 1993 то 10 январи соли 1994 ташкил ёфтаанд" ба ҳисоб гирифта шудаанд, таҳия ва тасдиқ намуда, аз 1 январи соли 2004 пардохти ин пасандозҳоро таъмин намояд.
4. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади истифодаи мушаххас ва мақсадноки маблағҳо барои пардохти ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат оид ба хизматрасонии қувваи барқ ва гази табиӣ, таклифҳои худро ҷиҳати такмил додани Тартиби таъин ва додани ҷубронпулӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2003 №144 тасдиқ шудааст, тайёр намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор иҷрои қарори мазкурро таъмин намоянд.
6. Сархати 2 банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2002 №500 "Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2002 № 930" беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 4 декабри соли 2003, № 525
ш. Душанбе