ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тадбирҳои иҷрои Конвенсияи Вена оид ба ҳифзи қабати озон ва Протоколи Монреал доир ба моддаҳои ваӣронкунандаи қабати озон
Бо мақсади таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба Конвенсияи Вена дар бораи ҳифзи қабати озон соли 1985 (минбаъд Конвенсияи Вена) ва Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон соли 1987 (минбаъдПротоколи Монреал), Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи миллии замимагардида оид ба қатъ намудани истифодаи моддаҳои вайронкунандаи озон маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
2. Низомномаҳои замимагардидаи тартиби воридоти моддаҳои вайронкунандаи озон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва летсензиякунонии давлатии фаъолияти вобаста ба истифодаи моддаҳои вайронкунандаи озон ва маҳсулоти нигоҳдорандаи онҳо тасдиқ карда шаванд.
3. Дар давраи аз соли 2003 то соли 2005 барои воридоти моддаҳои вайронкунандан озон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷмҳои муайяннамудаи Барномаи миллӣ оид ба қатъ намудани истифодаи моддаҳои вайронкунандаи озон квотаҳо мукаррар карда шаванд (замима карда мешавад).
4. Мукаррар карда шавад, ки воридоти моддаҳои вайронкунандаи озон аз давлатҳое, ки тарафҳои Конвенсияи Вена ва Протоколи Монреал мебошанд, бо иҷозатномаҳои яквақтаинае, ки Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад, анҷом дода мешавад.
5. Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон хар сол оид ба тадбирҳои риояи Конвенсияи Вена ва Протоколи Монреал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 декабри соли 2002, № 477
ш. Душанбе