Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2001, № 478 "Дар бораи таҷдиди корхонаҳо ва ташкилотҳои кишоварзӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи таҷдиди корхонаҳо ва ташкилотҳои кишоварзӣ

Бо мақсади таъмиқи ислоҳотҳои иқтисодӣ дар ҷумҳурии фармон медиҳам:

1. То 31 декабри соли 2001 таҷдиди 120 корхонаҳо ва ташкилотҳои кишоварзӣ мутобиқи Низомнома "Дар бораи тартиби ислоҳоти ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ", ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1996 №522 тасдиқ шудааст, таъмин карда шавад.

2. Комиссияи давлатии таҷдиди корхонаҳо ва ташкилотҳои кишоварзӣ мувофиқи замимаи №1 таъсисдода шавад.

3. Раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо комиссияҳои дахлдори таҷдиди корхонаҳо ва ташкилотҳои кишоварзиро мувофиқи замимаи №2 таъсис диҳанд.

4. Бо мақсади таҳияи таъҷилии маълумот дар бораи миқдор ва сифати замин ва бақайдгирии хоҷагиҳои деҳқони дар дастгоҳи марказии Кумитаи захираҳои замин ва замонасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идораи иттилоотию таҳлилӣ таъсис дода шавад.

5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Фармони мазкур тадбирҳо андешад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон       Э. Раҳмонов

ш. Душанбе

2 феврали соли 2001, № 478

Замимаи №1

ба Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 феврали соли 2001,№ 478

ҲАЙАТИ комиссияи давлатӣ оид ба таҷдиди корхонаҳо ва ташкилотҳои кишоварзӣ

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (Раиси комиссияи давлатӣ)

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (Муовини раиси комиссияи давлатӣ)

Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазири алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон

Раиси Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Замимаи №2

ба Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 феврали соли 2001, № 478

ҲАЙАТИ комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба таҷдиди корхонаҳо ва ташкилотҳои кашоварзӣ

Раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия (Раиси комиссия)

Муовини аввали раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия (Муовини раиси комиссия)

Раиси кумитаи захираҳои замин ва заминсозӣ

Сардори идораи кишоварзӣ

Сардори шӯъбаи молия

Сардори кумитаи (шӯъбаи) идораи амволи давлатӣ

Сардори шӯъбаи Бонки миллии Тоҷикистон

Сардори ташкилоти хоҷагии об