ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи табдил додани Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии назорати давлатии молиявӣ фармон медиҳам:
1 Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.
2.Муҳаррар карда шавад, ки Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ бевосита ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад.
Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раис роҳбарӣ мекунад, ки ба вазифа аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод карда мешавад.
3 Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсатҳои мувофиқи худро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон таъсис диҳад. Илова бар он дар ҳайати раёсати дар вилояти Хатлон буда, сохтори минтақавӣ дар шаҳри Кӯлоб пешбинӣ ва ташкил намояд.
4.Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро барои баррасӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
5. Дар Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2001 № 456 "Дар бораи таъсиси Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", аз 7 феврали соли 2001 № 480 "Дар бораи Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва аз 28 феврали соли 2001 № 522 "Оид ба таъмини фаъолияти самараноки Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" нишондод ба "Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" мувофиқан ба нишондоди "Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
30 майи соли 2001, № 590