Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 январи соли 2001, № 450 "Дар бораи таъсиси Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи таъсиси Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади такмили минбаъдаи системаи идораи давлатӣ ва ба шароитҳои тағирёбандаи иқтисодӣ мутобиқ гардонидани он мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Дар заминаи Агентии давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад,

2. Ба зиммаи Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад:

иҷрои Регламенти корҳои омории ҷумҳуриявӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол тасдиқ мекунад:

омӯзиши ҳамаҷониба ва таҳлили мунтазами раванду падидаҳои иқтисодию иҷтимоие. ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд;

анҷом додани робитаҳои корӣ бо мақомоти давлатии омори Иттиҳоди Давлатхон Мустақил, мақомоти омори давлатҳои хориҷ, ташкилотҳои байналмилалии оморӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, инчунин тартиботи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳанг.

3. Дар сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1994, № 7 тасдиқ гардидааст, калимаҳои "Раиси Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд.

4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

дар мӯҳлати як моҳ Низомномаи Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтори дастгоҳи марказӣ, шумораи кормандон, инчунин нақшаи идораи онро тасдиқ намояд;

масъалаи ҷойгиркунонӣ ва тартиби маблағгузории Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳаллу фасл намояд;

то 1 марти соли 2001 қарорҳои худро бо ҳамин Фармон мутобиқ гардонад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон            Э. Раҳмонов

ш. Душанбе

11 январи соли 2001, № 450