ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади анҷом додани назорати самараноки давлатии молиявӣ ва мутобиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2001 № 456 "Дар бораи таъсиси Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" фармон медиҳам:
1. Низомномаи Раёсати назорати давлатии молиявии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохтори дастгоҳи замима- он тасдиқ карда шавад.
2. Теъдоди кормандони дастгоҳи Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 170 нафар (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.
Ба Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки ду муовин дошта бошад.
Ҳайати шахсии Шӯрои Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи замима тасдиқ карда шавад.
Ба Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити 5 адад мошини сабукрави хизматӣ муқаррар карда шавад.
Сардори Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи дараҷаи таъминоти моддию техникӣ ва хизматрасонии тиббӣ бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар мебошад.
3. Маблағгузории Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ анҷом дода шавад.
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории нигаҳдории дастгоҳ, хароҷоти ташкилӣ ва дигар хароҷоти Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намояд,
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартиби муқарраргардида ҳуҷҷатҳо ва маводи Сарраёсати назоратию тафтишотии барҳамхӯрдаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро диҳад.
5. Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду мох Низомномаи Шӯрои Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи дусолаи гузаронидани тафтишот ва нақшаи солонаи санҷиши махсус ва лоиҳаи низомномаи тартиби гузаронидани тафтишот ва санҷишҳои махсусро таҳия намуда. барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешнҳод намояд.
6. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
лоиҳаи шакли ҳисоботи давлатии молиявиро барои ҳамаи мақомоту муассисаҳои давлатӣ ва корхонаҳои давлатӣ ва ҳамчунин ба субъектҳои хоҷагидории дигар, ки воситаҳои давлатӣ ва амволи давлатиро истифода мебаранд ва иҷрои он барои ҳамаи ин муассисаю корхонаҳои номбаршуда ҳатмӣ мебошад, ҳамчунин мӯҳлати пешниҳоди онҳоро ба тартиби муқарраргардида тасдиқ намояд;
стандарту меъёрҳои назоратию тафтишотиро, ки ҳангоми банақшагнрӣ ва анҷом додани фаъолияти назоратию тафтишотӣ истифода бурда мешаванд, таҳия намуда, барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд:
лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро таҳия намуда пешнҳод намояд;
пешниҳодотро оид ба тағйири қонунгузории амалкунанда, бинобар қабули Фармони мазкур пешниҳод намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
7 феврали соли 2001, № 480