Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2003 № 54 "Дар бораи тартиби гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия ва литсензиядиҳии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар ном ва матни қарор калимаҳои "Тартиби", "Аттестатсия, аккредитатсия ва литсензиядиҳии" мутобиқ ба калимаҳои "Қоидаи", "Аттестатсия ва аккредитатсия" иваз карда шаванд;
- дар Тартиби гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия ва литсензиядиҳии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҳамин қарор тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
дар матн калимаҳои "Идораи аттестатсияи муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Идораи аттестатсияи муассисаҳои таълимӣ", "Идораи маориф" ва "Идорахои маориф" мутобиқ ба калимаҳои "Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф", "Раёсати маориф" ва "Раёсатҳои маориф" иваз карда шаванд;
бандҳои 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11, 14, 15, 16 ва сархати дуюми банди 25 аз матн хориҷ карда шаванд;
аз банди 4 калимаҳои "ё литсензиядиҳии" хориҷ карда шаванд;
дар банди 10 калимаҳои "Низомномаи литсензионидани муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "талаботи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
дар банди 12 калимаҳои "литсензионидан", "ибтидоии" мутобиқ ба калимаҳои "иҷозатномадиҳӣ", "таҳсилоти" иваз карда шуда, баъд аз калимаи "умумй" калимаҳои ", асосй ва миёнаи (пурра)-и маълумоти ҳамагонй" хориҷ карда шаванд;
аз банди 13 калимаи "-литсензиягиранда" хориҷ карда шавад;
дар банди 14 баъд аз калимаи "соҳавӣ" калимаи "мушовара" илова карда шавад;
дар банди 17 калимаи "се" ба калимаи "шаш" иваз карда шуда баъд аз калимаи "хулосаи" калимаи "Шӯро" илова карда шавад;
дар банди 19 калимаи "маълумот" ба калимаи "таҳсилот" иваз карда шавад;
дар банди 20 калимаҳои "Идораи маълумоти миёна ва олии касбӣ, сардори Идораи маълумоти ҳамагонӣ, сардори идораи банақшагирӣ иҷрои буҷет ва ояндабинӣ дар соҳаи маориф" мутобиқ ба калимаи "раёсатҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва баъдидипломӣ, банақшагирӣ, иҷрои буҷет ва ояндабинӣ дар соҳаи маориф" иваз карда шаванд;
дар банди 25 калимаҳои "ҳукуматҳои маҳаллӣ" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шуд калимаҳои "(ба ғайр аз мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии давлатӣ, муассисаҳои томактабӣ ва беруназмактабии давлатӣ)" хориҷ карда шаванд.
2. Ба Низомномаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, Сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ва Нақшаи идораи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007 № 105 "Дар бораи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- ба банди 6 Низомномаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, ки бо ҳамин қарор тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
ба сархатҳои панҷум, шашум ва ҳафтум баъд аз калимаҳои "муассисаҳои таълимӣ", калимаҳои ", Академияи илмҳои педагогӣ ва сохторҳои он" илова карда шаванд;
дар сархати бисту панҷ калимаи "созишнома" ба калимаи "шартнома" иваз карда шавад;
сархати понздаҳум дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"баробарарзишӣ ва эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилот ва унвонҳои илмиеро, ки дар хориҷи кишвар гирифта шудааст, мувофиқи тартиби муқарраргардида эътироф ва тасдиқ намуда, ҳуҷҷати дахлдори зарурӣ медиҳад ";
сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"-заминаи моддию техникӣ, илмӣ ва кадрҳои илмию педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва илмии ҷумҳуриро омӯхта, барои додани иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар аспирантура ва докторантура ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд."
- ба Сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, ки бо ҳамин қарор тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
дар сархати сеюм баъд аз калимаҳои "назорати давлатӣ ва" калимаҳои "баҳодиҳӣ ба" илова карда шаванд;
дар сархати чорум калимаҳои "ҳуҷҷатҳо дар соҳаи маориф ва додани дараҷаи дотсентӣ ва профессорӣ" ба калимаҳои "ва эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилот ва додани унвонҳои илмии дотсентӣ ва профессорӣ" иваз карда шаванд.
- дар Нақшаи идораи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, ки бо ҳамин қарор тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
дар сархати дуюм калимаҳои "бахшҳои", "вилоятҳои Хатлон ва Суғд" мутобиқ ба калимаҳои "шӯъбаҳои", "вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе" иваз карда шаванд;
сархати се хориҷ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 августи соли 2008 № 445
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан
В соответствии со статьей 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах", Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 5 февраля 2003 года № 54 "О порядке проведения аттестации, аккредитации и лицензирования образовательных учреждений Республики Таджикистан" следующие изменения и дополнения:
- в названии и тексте постановления заменить слова "Порядок", "Аттестация, аккредитация и лицензирование" соответственно словами "Правила", "Аттестация и аккредитация";
в Порядок проведения аттестации, аккредитации и лицензирования образовательных учреждений Республики Таджикистан, утвержденное указанным постановлением внести следующие изменения и дополнения:
в тексте слова "Управление аттестации образовательных учреждений при Министерстве образовании Республики Таджикистан" и "Управление аттестации образовательных учреждений" заменить словами "Государственная служба по надзору в сфере образования";
из текста Порядка исключить пункты 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11, 14, 15, 16 и второй абзац 25 пункта;
из 4 пункта Порядка исключить слова "или лицензирования";
в пункте 10 Порядка слова "Положение лицензирования образовательных учреждений Республики Таджикистан" заменить словами "требования законодательством Республики Таджикистан";
в пункте 12 Порядка слово "начальное" заменить словом "образовательная", после слова "общего" исключить слова "основное и среднее (полное) общее";
из 13 пункта Порядка исключить слово "лицензируемого";
в пункте 14 Порядка после слова "отраслевых" добавить слово "коллегий".
в пункте 17 Порядка слово "три" заменить словом "шесть" и после слова "заключение" добавить слово "Совет";
в пункте 20 Порядка слова "Управление среднего и высшего, профессионального образования, начальник Управления общего образования, начальник Управления планирования, исполнение бюджета и прогнозирования в сфере образования" заменить словами "управлений общего, начального и среднее профессионального, высшего профессионального и последипломного образования и планирование, исполнение бюджета и прогнозирования в сфере образования";
в пункте 25 Порядка слова "Местные власти" заменить словами "местный исполнительный орган государственной власти" и исключить слова "(кроме из государственных образовательных школ, государственные дошкольные и внешкольные учреждения)".
2. В Положение о Государственной службе по надзору в сфере образования, Структуре центрального аппарата Государственной службы по надзору в сфере образования и Плане управления Государственной службы по надзору в сфере образования утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2007 года № 105 "О Государственной службе по надзору в сфере образования" внести следующие изменения и дополнения:
- в пункт 6 Положения о Государственной службе по надзору в сфере образования, утвержденный указанным постановлением внести следующие изменения и дополнения:
в абзаце пятом, шестом и седьмом после слова "образовательные учреждения" дополнить словами ", Академия педагогических наук и её структур";
в двадцать пятом абзаце слово "соглашение" заменить словом "договор";
пятнадцатый абзац изложить в следующей редакции:
"- согласно утвержденному порядку признаёт эквивалентность документов об образовании и учёную степень, полученных за границей и выдает соответствующий необходимый документ";
дополнить новым абзацем следующего содержания:
"- изучает материально-техническую, научные и научно-педагогических кадров высших профессиональных образовательных учреждений, послевузовских профессиональных и научных учреждений республики для осуществления педагогической деятельности в аспирантуре и докторантуре представляет предложения в Министерство образования Республики Таджикистан."
- в Структуре центрального аппарата Государственной службы по надзору в сфере образования утвержденный указанным постановлением внести следующие изменения и дополнения:
в третьем абзаце после слова "государственный надзор и" добавить слова "оценка за";
в четвертом абзаце слова "документы об образовании и присвоения доцентского звания и профессора" заменить словами "и признаёт документы об образовании и присвоении научных званий доцента и профессора".
- в Плане управления Государственной службы по надзору в сфере образования:
Во втором абазце слова "секторы", "Согдийской и Хатлонской областей" соответственно заменить словами "отделов", "Согдийской Хатлонской и город Душанбе";
Абзац третий исключить.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмон
от 27 августа 2008 года №445
ш. Душанбе