Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2000, № 457 "Дар бораи таъсиси Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи таъсиси Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади такмили минбаъдаи системаи идораи давлатӣ ва мутобиқ гардонидани он ба шароитҳои иқтисодии тағйирёбанда, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида барҳам дода шавад ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад. 2. Ба зиммаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад:

таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоии аҳолии ва таъминоти нафақа,

таҳия ва татбиқи тадбирҳо оид ба такмили системаи музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ;

таҳияи меъёрҳо ва талаботҳои ниҳоӣ оид ба пардохти музди меҳнат, нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ;

таҳияи барномаҳои истифодаи самараноки захираҳои меҳнатӣ ва кӯмакҳои унвонӣ ба табақаҳои нисбатан камбизоати аҳолӣ;

мусоидат намудан ба рушди соҳибкорӣ ва фаъолияти мустақили шаҳрвандони бекор ва шахсоне, ки дар ҷустуҷӯи кор мебошанд ва ҳамчунин истифодаи шаклҳои гуногуни шуғл;

роҳбарии ташкилию методӣ ба касбомӯзии бекорон ва шаҳрвандоне, ки шуғл надоранд;

анҷом додани назорати давлатӣ аз риояи қонунгузории меҳнат, таъминоти нафақа, ҳифзи меҳнат ва шуғли аҳолӣ;

анҷом додани робитаҳои байналхалқӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат, шуғли аҳолӣ, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

3. Дар сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1994 №7 тасдиқ гардидааст, калимаҳои "Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Вазири ҳифзи иҷтимоии аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо калимаҳои "Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.

4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

дар мӯҳлати як мох Низомномаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Сохтори дастгоҳи марказӣ. Нақшаи идора ва теъдоди кормандони он, номгӯи корхонаҳои давлатӣ ва ҷаъмиятҳои саҳомие, ки пакети саҳмияҳои назоратиашон дар ихтиёри давлат мебошад ва бо созишномаҳои дутарафа танзим карда мешаванд. тасдиқ намояд:

масъалаи ҷойгиркунӣ ва маблағгузории Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳаллу фасл намояд:

то 1 маи соли 2001 қарорҳои худро ба фармони мазкур мутобиқ намояд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон       Э. Раҳмонов

ш. Душанбе

25 январи соли 2001, № 457