Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2001, № 456 "Дар бораи таъсиси Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи таъсиси Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади таъмини назорати самарабахши истифодаи захираҳои молиявии давлатӣ ва амволи давлатӣ дар шароити рушди муносибатҳои бозорӣ ва ташаккули бахши хусусӣ фармон медиҳам:

1. Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2. Мукаррар карда шавад, ки вазифаҳои асосии Раёсати зикргардида аз назорати молиявии зайл иборат мебошад:

истифодаи буҷетҳои ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ, фондҳои давлатӣ:

ҳолати қарзи давлатии дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самаранокии истифодаи кредитҳо, қарзҳо ва кӯмаки башардӯстонаи хориҷӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, субъектҳои хоҷагидорӣ таҳти кафолати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегиранд;

ҳаҷмҳо, сохтор ва таъиноти мақсадноки хароҷоти ташкилотҳои давлатӣ, намояндагиҳо ва муассисаҳои дар хориҷа фаъолиятдошта ва аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда;

пуррагии воридоти маблағҳо ба буҷетҳои ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ аз хусусигардонӣ, истифодаи амволи давлатӣ ва захираҳои табиӣ;

хизматрасонии маблағҳои буҷетҳои ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, воҳидҳои сохтории он, Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" ва бонкҳои тиҷоратӣ;

хизматрасонии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон.

3. Ваколатҳои назоратии Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми мақомоту муассисаҳои давлатӣ ва корхонаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мегарданд. Онҳо ҳамчунин ба дигар субъектҳои хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз шакли моликият дар қисмати аз ҷониби онҳо гирифтан, интиқол ва истифода гардидани маблағҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи амволи давлатӣ ё имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ паҳн мегарданд.

4. Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат, тафтишоту санҷишҳои оперативиро мутобиқи самтҳои муайяннамудаи банди 2 ин Фармон анҷом медиҳад.

Тафтишу санҷишҳои ҳуҷҷатӣ мутобиқи нақшаи тасдиқгардида дар маҳалли ҷойгиршавии объекти тафтишшаванда бе дахолат ба фаъолияти чории хоҷагӣ доир карда мешаванд. Маълумотҳое, ки шахсони мансабдори Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни санҷишу тафтишот ба даст овардаанд, паҳн карда намешаванд.

Бинобар қабули ин Фармон вазифаҳои барои Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида аз ихтиёри дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ карда мешаванд. Зимнан мувофиқи тартиби муқарраргардида Саридораи назорату тафтишоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шавад.

Таъсиси сохтор оид ба аудити дохилӣ дар системаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шавад.

5-Барои баррасии масъалаҳои банақшагирӣ ва ташкили кор, методологияи фаъолияти назоратию тафтишотӣ, санадҳои санҷишу тафтишот, дигар масъалаҳои муҳим ва қабули қарорҳо мутобиқи онҳо дар Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои иборат аз ҳафт узв таъсис дода мешавад.

Ҳайати шахсии аъзои Шӯрои Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукаррар мекунад.

Иттилоот оид ба натиҷаҳои фаъолияти Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои дар заминаи онҳо андешидашуда ҳар семоҳа ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

6. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ:

оид ба Низомномаи Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идора, шумораи штатҳо, маблағгузорӣ, таъминоти моддию техникии он ва ҷойгиркунии дастгоҳи марказии Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодот ирсол намояд;

ба кори таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маблағҳои молиявии давлатӣ" суръат бахшад;

барои бо ин Фармон мутобиқ гардонидани санадҳои меъёрии амалкунанда тадбирҳои зарурӣ андешад.

Президенти

 Ҷумҳурии Тоҷикистон       Э. Раҳмонов

ш. Душанбе

25 январи соли 2001, № 456