Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 октябри соли 2020, №570
Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 (минбаъд - Барнома) бо мақсади эҳё ва инкишофи ҳунарҳои миллӣ ва муосир, таҳкими мероси фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои таърихии ҳунаромӯзии халқ, ҷалб ва ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, ташаккул, дастгирии фаъолияти ҳунармандӣ ҳамчун воситаи васеъ намудани шуғли пурмаҳсул, бахусус барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ таҳия гардидааст.
2. Вазифаҳои Барномаро ташаккули заминаи ҳуқуқӣ ва институтсионалии соҳаи ҳунармандӣ, рушди инфрасохтори соҳаи ҳунармандӣ, васеъ намудани дастрасии ҳунармандон ба таҳсилоти касбӣ, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва валидатсияи салоҳияти касбӣ, мусоидат дар тарғиби ҳунармандӣ ва кӯмак ба дарёфти бозори байналмилалии фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил медиҳад. 3. Дар раванди амалисозии Барнома ба роҳ мондани ҳамкориҳои васеи тарафҳои манфиатдор ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шарикони рушд пешбинӣ шудааст.
2. ВАЗЪИ ФЕЪЛИИ СОҲАИ ҲУНАРМАНДӢ
4. Ҷиҳати тақвият бахшидани рушди ҳунарҳои мардумӣ, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2018, №60 "Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, №451" ба 104 намуди фаъолият оид ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона, фурӯш, иҷрои кор ва хизматрасонӣ аз пардохти ҳама намудҳои андоз озод карда шуд, ки ба рушди ҳунармандӣ мусоидат намуда, ҳунармандонро ҳавасманд кард.
5. Бо мақсади мукаммал гардондани махзани иттилоотии ҳунарҳои мардумӣ ва ҷамъоварии маълумоти дақиқ вобаста ба ҳунармандон ва корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ дар асоси пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2019 аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 1100 ҳунарманди касбӣ ва расмӣ ба рӯйхат гирифта шуданд. Тибқи тадқиқоти гузаронидаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси ҷумҳурӣ 6805 ҳунарманд фаъолият менамояд, ки онҳо аз рӯи усули омӯзиши амалии "Устод-шогирд", аъзои хонавода ва кормандони корхонаҳои истеҳсолӣ ба ҳунармандӣ машғул мебошанд. Аз ҷумла, ҳунармандон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 563 нафар, вилояти Хатлон 2431 нафар, вилояти Суғд 1831 нафар, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1424 нафар ва дар шаҳри Душанбе 556 нафар ҳунармандон кору фаъолият менамоянд.
6. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳунармандон асосан ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ (сӯзанӣ, тоқӣ ва сару либос), бофандагӣ (қолинҳо, адрасу атлас, ҷуроб ва кешбофӣ), кандакорӣ, дуредгарӣ, кулолгарӣ, сабадбофӣ, гаҷкорӣ, заргарӣ, оҳангарӣ, чӯбтарошӣ, коркарди металл, пазандагӣ, наққошӣ, рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, сангтарошӣ, эҳёгарӣ ва самтҳои дигар машғул мебошанд.
7. Соли 2019 дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Конибодом, Гулистон, Бӯстон, Исфара, Хоруғ, Бохтар, Кӯлоб, Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Роғун, Мастчоҳ, Рӯшон, Ишкошим, Шуғнон, Бобоҷон Ғафуров, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Варзоб, Рашт, Файзобод, Шаҳритуз, Панҷ ва Восеъ мағозаю дӯконҳои фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, коргоҳҳои истеҳсоли атласу адрас ва корхонаҳои дӯзандагию бофандагӣ ифтитоҳ ёфтанд.
8. Таҳлил нишон медиҳад, ки асосан омӯзиши касбу ҳунар бо тарзи омӯзиши амалии "Устод-шогирд" аз ҳисоби аъзои оила ва хонадон ба роҳ монда шудаасту аксар ҳунармандони ҷавон доир ба касбу ҳунари омӯхтаашон ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда надоранд. Бо қабул шудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2017, №568 "Дар бораи Тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия" на танҳо ҳунармандон, балки ҳамаи онҳое, ки малакаву маҳорати касбӣ доранд, метавонанд дар сурати гузаштан аз имтиҳон соҳиби ҳуҷҷати намунаи давлатӣ гарданд. Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" ва филиалҳои он барои шаҳодатномакунонии малакаҳои касбии шаҳрвандон фаъолияти худро равона намуда, малакаи 2294 шаҳрванди синну соли гуногунро бо шаҳодатнома тасдиқ намудааст.
9. Омӯзиши васеи ҳунарҳои мардумӣ дар муассисаҳои таълимии системаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаи таълимии дигари дахлдор ба роҳ монда шуда, ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ фаро гирифтани занони ҳунарманду хонашин эътибори махсус дода мешавад.
10. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи ҳунармандон тавассути 140 мағозаи фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ, ки дар ҷумҳурӣ ташкил шуда, ба харидорон пешниҳод карда мешавад. Рушди ҳунарҳои мардумӣ бевосита ба ташаккулёбии бозори меҳнат ва таъмини шуғли аҳолӣ таъсири самарабахш мерасонад. Теъдоди муайяни аҳолии қобили меҳнати ҷумҳурӣ дар аксари маврид бо аъзои оилаашон бо шуғл таъмин мегарданд. Бо ин роҳ занон, нафақахӯрон, наврасон ва ҳатто маъюбон ба шуғли пурмаҳсул фаро гирифта мешаванд.
11. Вобаста ба тарғибу ташвиқи ҳунарҳои бадеии халқӣ, дастгирии ҳунармандон ва муаррифии маҳсули эҷоди онҳо, бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 тасдиқ шудааст. Тибқи ҷадвали мазкур як қатор фестивалу озмунҳо, аз ҷумла фестивали заргарӣ таҳти унвони "Ҳунар омӯз...", фестивали ҷумҳуриявии "Чакомаи гесӯ", фестивали ҷумҳуриявии "Ҳунар беҳтар аз зар бувад", "Атласу адрас", фестивали "Сад ранги чакан", озмунҳои "Ҳунарҳои ороишӣ аз санг", "Дастархонороӣ", "Кадбонуи беҳтарин", "Кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ", "Кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ" ва ғайраҳо доир мегардиданд.
12. Дар сохтори истеҳсолӣ муайян намудани соҳаи ҳунармандӣ ба инобат гирифтани нишондиҳандаҳои зерин муҳим ҳисобида мешаванд:
- ҳаҷми маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ дар маҷмӯи истеҳсоли маҳсулот муайян карда мешавад;
- рушди омори соҳавӣ бо дар назар доштани намуд ва шакли фаъолият, синну сол, нишондиҳандаҳои гендерӣ, дараҷаи таҳсилоти касбӣ, таҳлили мунтазами мушкилоти соҳавӣ ба роҳ монда мешавад;
- шароити зарурӣ барои иштироки бевоситаи ҳунармандон дар таъмини истеҳсол ва фурӯши маҳсулот таъмин карда мешавад.
3. МУШКИЛОТ ВА САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ РУШДИ СОҲАИ ҲУНАРМАНДӢ
13. Бо вуҷуди то ҳадди муайян ба танзим даромадани муносибатҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии ҳунармандӣ, айни замон барои пешбурди фаъолияти ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ андешидани тадбирҳои зерин саривақтӣ шуморида мешаванд:
- такмил ва тақвияти заминаи ҳуқуқии соҳаи ҳунармандӣ ва таҳияи механизми амалисозии он, рушди инфрасохтори соҳа аз сатҳи ҷумҳуриявӣ то сатҳи маҳаллӣ;
- ба роҳ мондани омори бақайдгирии ҳунармандон ва истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ;
- амалисозии пурраи имтиёзҳои андозӣ ва гумрукии соҳаи ҳунармандӣ ва васеъ намудани дастрасӣ ба маблағҳои молиявии камарзиш (қарзҳои имтиёзнок) барои ҳунармандон;
- устувор намудани талабот нисбати сифати маҳсулот ва хизматрасонии ҳунармандон ва дастгирии воридшавии онҳо ба бозори байналмилалии ҳунармандӣ;
- васеъ намудани дастрасӣ ба омӯзиши асосҳои соҳибкорӣ, донишҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои ҳунармандон ҷиҳати иштирок дар муносибатҳои бозоргонӣ заруранд;
- ташкил ва роҳандозӣ намудани омӯзиш дар марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир бо ҷалби аъзои Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон;
- таъмини дастрасӣ ба ашёи хом ва мавод барои истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ.
14. Ташаккули заминаи ҳуқуқӣ ва институтсионалии соҳаи ҳунармандӣ амалисозии чораҳои зеринро дар назар дорад:
- таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ дар соҳаи ҳунармандӣ, ки санадҳои қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст;
- таҳияи номгӯйи касбҳои ҳунармандӣ ва таснифоти он;
- идомаи такмили сохтори идоракунии соҳаи ҳунармандӣ;
- таҳия ва тасдиқи низомномаи марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир ва низомномаи намунавии мактаби "Устод-шогирд" аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии соҳа.
15. Рушди инфрасохтори соҳаи ҳунармандӣ амалисозии чораҳои зеринро дар назар дорад:
- таъсиси марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, такмили ихтисоси кормандони ин марказҳо;
- созмон додани низоми ҷамъоварии маълумоти омори расмии соҳаи ҳунармандӣ;
- гузаронидани тадқиқот ҷиҳати муайянсозии тамоюли рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзёбии раванди ташаккули бозори фурӯши маҳсулоти аз ҷониби ҳунармандон истеҳсолшуда ва эҳёи ҳунарҳо;
- таъсис ва нигоҳдории сомонаи махсус оид ба ҳунармандӣ бо таъмини дастрасии он ба ҳунармандон ва сайёҳони хориҷӣ;
- мусоидат ба ҳунармандон ҷиҳати ҷудо намудани қитъаи замин ва ё иншоот, пайвастшавӣ ба шабакаи коммуникатсияи муҳандисӣ, таъмини таҷҳизот, ашё ва маҳсулоти зарурӣ;
- ташкили растаҳо, мағозаҳо ва нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ дар маркази шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳот;
- дар заминаи осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳо ташкил намудани гӯшаи алоҳидаи ҳунарҳои миллӣ ва муосир бо дар назар доштани муҳиммияти пешниҳоди маълумот оид ба таърихи пайдоиш ва рушди маҳсулоти ҳунармандӣ.
16. Васеъ намудани дастрасии ҳунармандон ба таҳсил, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва валидатсияи малакаҳои касбӣ амалисозии чораҳои зеринро дар назар дорад:
- таҳияи стандарти таълимии касбу ҳунар ва дар асоси он таҳия намудани нақша ва барномаи таълимӣ;
- васеъ намудани доираи фарогирии ҳунармандон ба касбомӯзӣ ва валидатсияи малакаву маҳорат;
- гузаронидани дарсҳои амалӣ аз ҷониби устодон барои ҳунармандони навомӯз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ тибқи талаботи байналмилалӣ.
17. Мусоидат ба тарғиботи ҳунармандӣ ва кумак ба дарёфти бозори байналмилалии фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ амалисозии чораҳои зеринро дар назар дорад:
- таҳияи барномаҳои рушди ҳунармандӣ дар сатҳи минтақаҳо бо роҳандозӣ намудани тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ барои рушди ҳунармандӣ;
- ташкили намоишгоҳи доимоамалкунандаи фурӯши молу маҳсулоти истеҳсолкардаи ҳунармандон;
- гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо оид ба бақайдгирии ҳунармандон дар мақомоти андоз ва истифодаи имтиёзҳои андозию гумрукӣ, инчунин истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва омода намудани ҳисоботи оморӣ;
- таҳия ва нашри маводи иттилоотӣ оид ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандон;
- ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои миллию байналмилалии соҳаи ҳунармандӣ (намоишгоҳ, озмун, чорабиниҳои иттилоотӣ ва ғайра);
- дастгирии иштироки бевоситаи ҳунармандон ва иттиҳодияи онҳо дар чорабиниҳои байналмилалӣ;
- омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳунармандӣ ва омода намудани пешниҳод оид ба истифодаи таҷрибаи муосир;
- ташкил ва баргузории конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба рушди ҳунарҳои миллӣ ва муосир;
- иштирок ва муаррифии маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ ва муосир дар намоишгоҳи байналмилалӣ.
18. Мавҷуд набудани феҳристи касбҳои ҳунармандӣ ва номгӯйи намудҳои ҳунармандӣ ҷиҳати дуруст пеш бурдани омор дар минтақаҳо, таҳлили вазъ ва ташкили касбомӯзӣ, эътирофи расмии ба малакаву маҳорати ҳунармандон ва ҷанбаҳои дигари муҳимми он ба рушди ҳунармандӣ таъсири манфӣ мерасонад.
19. Дар шароити иқтисоди бозоргонӣ имкони ба рақобат рӯ ба рӯ гардидани истеҳсолкунандагони маҳсулоти ҳунармандии ватанӣ вуҷуд дорад ва ин омил амалӣ намудани тадбирҳои иловагии дастгирии онҳоро тақозо менамояд. Фаъолият дар самти дастгирии давлатии ҳунармандӣ бояд тавре сурат гирад, ки маҳсулоти ҳунармандон дар тамоми бозору ярмарка ва намоишгоҳ пешниҳод шуда бошад. Дар баробари ин, фаъолияти ҳадафмандона баҳри ҳифз ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, пешбурди феҳристи ҳунармандӣ, инъикоси ҳунарҳои миллӣ ва мубориза бо истеҳсоли маҳсулоти қалбакӣ, аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим дар ҷодаи рушди ҳунарҳои мардумӣ мебошанд.
4. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ РАВАНДИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
20. Мониторинг ва арзёбии амалисозии Барнома аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
21. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ҳангоми гузаронидани мониторинг ва арзёбии амалишавии Барнома намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва коршиносонро ҷалб намояд.
5. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА
22. Барои таъмини амалишавии Барнома андешидани чораҳои молиявӣ зарур аст.
23. Маблағгузории Барнома ва нақшаи чорабиниҳои амалигардонии он аз рӯи сарчашмаҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- маблағҳои буҷети ҷумҳуриявии барои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор пешбинигардида;
- маблағҳои махсуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор;
- маблағҳои бахши хусусӣ ва созмонҳои байналмилалӣ;
- манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
24. Иҷрокунандагони масъули чорабиниҳои Барнома барои ҷалби маблағгузории иловагӣ бо шарикони рушд, бахши хусусӣ ва корфармоёни алоҳида ҳамкориро ба роҳ монанд.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 октябри соли 2020, №570
Нақшаи чорабиниҳооид ба амалисозии Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025