Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 октябри соли 2020, № 566
Консепсияи ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040
1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1.Консепсияи ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 (минбаъдКонсепсия) мақсади ташкили кластерҳои агросаноатӣ, асосҳои институтсионалӣ, ташкилӣ, методологӣ ва маъмуриро барои ташкил ва рушди онҳо муайян менамояд.
2. Консепсия ба Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2016, №503 тасдиқ шудааст, Консепсияи рушди инноватсионнии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 144 тасдиқ шудааст, инчунин Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012, №383 тасдиқ шудааст ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии марҳалаи сеюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2018, №227 тасдиқ шудааст, асос ёфтааст.
3. Консепсия барои таҳия ва амалигардонидани лоиҳаҳои ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ асос мебошад, ки ҳамчун чораҳо оид ба диверсификатсияи истеҳсолот ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири агросаноатӣ баррасӣ карда мешаванд.
2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ КОНСЕПСИЯ
4.Мақсади Консепсияи мазкур ташаккули фаҳмиши ягонаи методологияи ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ташкил ва рушди ояндаи кластерҳои агросаноатӣ мебошад.
5.Мувофиқи мақсадҳои мазкур вазифаҳои зерини Консепсия муайян карда мешаванд:
- таъсиси заминаи методологию қонунгузорӣ барои ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ;
- муайян намудани самтҳои афзалиятноки кластерҳои агросаноатӣ;
- фароҳам овардани шароит барои таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои кластерӣ, мусоидати ташкилию методӣ ба таҳия ва амалигардонии онҳо;
- мусоидат намудан ба корҳои ташкилӣ ва амалӣ оид ба ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ;
- мусоидат намудан ба робитаҳои кооператсионӣ байни хоҷагиҳои деҳқонӣ, корхонаҳои коркард, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва ташкилотҳои дигари соҳаҳои фаъолияташ гуногун дар чаҳорчубаи барномаҳои ягонаи истеҳсолӣ, ки шакли ниҳоии ташкили истеҳсолоти маҳсулоти аграрӣ (истеҳсоли ашёи хом, тайёр кардан, коркард ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр, нигоҳдорӣ ва фурӯш), равандҳои инноватсионӣ, барномаҳои назорати сифат ва ғайра;
- баланд бардоштани фаъолияти инноватсионии соҳибкорон барои азнавкунии технологияҳои истеҳсолот ва коркарди маҳсулоти аграрӣ;
- мусоидат намудан ба беҳтаркунии ҳамкории мутақобилаи илм, маориф ва истеҳсолот, ташкили системаи таълими касбӣ, ки ба талаботи истеҳсолкунандагони маҳсулоти аграрӣ ҷавобгӯ мебошад;
- ташкил ва таъмини амал кардани системаи дастгирии давлатии ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ;
- ба роҳ мондани ҳамоҳангсозии байни мақомоти марказӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва бахши хусусӣ (истеҳсолкунандагон ва таҳвилгарони маҳсулоти кишоварзӣ ва коркард).
3. ВАЗЪИ КУНУНИИ СОҲА ВА ЗАРУРАТИ ТАШКИЛИ КЛАСТЕРҲОИ АГРОСАНОАТӢ
6. Кластерҳои агросаноатӣ ҳамчун системаи иқтисодию иҷтимоӣ метавонад дар занҷири истеҳсоли маҳсулот бо арзиши баланди иловашуда на танҳо истеҳсолкунандагони калон, балки корхонаҳои хурду миёнаро оид ба истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ҳамоҳанг созад, инчунин шароит барои рушди онҳо муҳайё намояд, ки ин масъала барои Тоҷикистон муҳим буда, дар он соҳибкории хурду миёна, хоҷагиҳои фермерӣ мавқеи муайянро дар истеҳсолоти аграрӣ ишғол менамоянд ва иқтидори худро пурра истифода бурда наметавонанд.
7. Бояд зикр намуд, ки дар ҷаҳон талабот ба озуқаворӣ афзоиш меёбад ва бахши кишоварзӣ ҳарчи бештар дастовардҳои илмию технологиро барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва рақобатпазирии соҳаи кишоварзӣ ва таъмини бехатарии маҳсулоти истеҳсолшаванда истифода мебарад. Дар раванди ин тамоюлҳои ҷаҳонӣ соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба нишондиҳандаҳои афзоиш, ба талаботи бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҷавобгӯ нест. Аксарияти корхонаҳои хурду миёнаи бахши аграрии ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсолоти ноустувор, хароҷоти баланд барои хариди мавод, таҷрибаи паст дар маркетинг ва фурӯши маҳсулотро доранд.
8. Ҳамкории истеҳсолкунандагони кишоварзӣ дар доираи занҷираи истеҳсолӣ (кооператсия), махсусан дар соҳаи пешниҳод намудани хизматрасонии агротехникии хушсифат ва бехатар суст инкишоф ёфтааст. Дар низоми мураттабкунӣ, анборкунӣ ва нигаҳдории маҳсулоти тару тоза мушкилоти ҷорӣ намудани роҳҳои нави технологӣ мавҷуд аст.
9. Коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, новобаста ба чораҳои дастгирии давлатӣ, ба таври зарурӣ рушд наёфтааст. Корхонаҳои коркард дар таъминоти ашёи хом ҳам аз ҷиҳати ҳаҷм ва ҳам аз ҷиҳати сифат ноустувор мебошанд, ки ба рақобатпазирии онҳо дар бозори озуқаворӣ таъсир мерасонад. Фермерон механизмҳои бозоргонии ҳамкориҳои мутақобилаи истеҳсолкунандагонтайёркунандагони маҳсулоти кишоварзиро бопуррагӣ истифода намебаранд. Паст будани сатҳи донишҳои ҳуқуқӣ ба хоҷагиҳои фермерӣ дар қисми сари вақт, хушсифат ва бопуррагӣ иҷро намудани уҳдадориҳои шартномавӣ оид ба таъмини ашёи хом барои корхонаҳои коркард имконият намедиҳад.
10. Аксарияти корхонаҳои коркард аз сабаби набудани маблағҳои гардишӣ наметавонанд ба таври зарурӣ истеҳсоли маҳсулоти рақобатнокро ба роҳ монанд.
11.Корхонаҳои коркард аз сабаби сатҳи пасти ҳамкории байни пажӯҳишгоҳҳои илмӣ ва истеҳсолкунандагон дар истифодабарии технологияҳои инноватсионӣ барои азнавтаҷҳизонӣ ва рушди истеҳсолот мушкилӣ мекашанд. Пажӯҳишгоҳҳои илмӣ бо илми бунёдӣ машғул шуда, аз эҳтиёҷоти соҳаи кишоварзӣ дур мебошанд ва тадқиқотҳои бо истеҳсолот вобастабуда қариб ки гузаронида намешавад.
12. Дар як вақт хароҷоти баланди нақлиёт ба сатҳи рақобатпазирии маҳсулоти аграрии аз Тоҷикистон содиротшаванда таъсири манфӣ мерасонанд. Тибқи арзёбии коршиносон тақрибан 30-35 фоизи арзиши маҳсулоти содиротӣ ба хароҷоти нақлиётӣ рост меояд.
13. Дар шароити рақобати шадид дар бозори ҷаҳонии озуқаворӣ ба бахши аграрии Тоҷикистон диверсификатсияи баландсуръат бо дар назар- дошти он ҷорӣ намудани пешравиҳои илмӣ ва технологӣ (ноухау) ҳам дар истеҳсолот ва ҳам дар низоми идоракунии истеҳсолот зарур аст.
14. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки яке аз равишҳои самараноки баланд бардоштани рақобатпазирии агросаноатӣ ташкили кластерҳои агросаноатӣ мебошад.
15. Ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ имконияти босамар барои истеҳсолкунандагон, махсусан барои корхонаҳои хурду миёна барои паст кардани хароҷоти транзактсионӣ ва нақлиётӣ, инчунин хароҷот барои сохтмони иншооти инфрасохторӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои илмию технологӣ аз ҳисоби истифодабарии якҷояи захираҳои истеҳсолӣ ва иншооти инфрасохторӣ, ҳамчунин ташкили дастрасии муштарак ба маълумоти бозоргонӣ ва технологияҳои нав, баргузор намудани чорабиниҳои муштарак ва якҷоя баромадан ба бозорҳои байналмилалии рақобати баланддоштаро фароҳам меорад.
16.Ташкил ва рушди кластери агросаноатӣ имконият медиҳад, ки истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок, ба навъҳо ҷудокунӣ, нигаҳдорӣ, боркашонӣ ва фурӯши он ба занҷираи ягонаи истеҳсолот табдил гардад.
17. Кооператсияи корхонаҳо дар кластер механизми самаранок ҷалб намудани захираҳои молиявӣ барои азнавкунии истеҳсолот мебошад. Таъсис ва рушди кластери агросаноатӣ хавфҳои сармоягузоронро паст мегардонад.
18.Ташкили кластери агросаноатӣ иқтидори татбиқи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва ҷоннок намудани фаъолиятро дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар дорад.
19.Ташкили кластерҳои агросаноатӣ ба афзоиши заминаи андозбандии маҳаллӣ мусоидат менамояд, зеро қисми зиёди арзиши иловашуда дар дохили минтақа мемонад, ки дар он ҷо кластер ташаккул ёфтааст. Раванди кластеризатсия дар сатҳи минтақавӣ ба стратегияи рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа, баланд бардоштани афзалияти рақобатпазирии он мусоидат мекунад. Дар шароити Тоҷикистон кластер шарти муҳимми интегратсияи иқтисодии байниминтақавии дохили кишвар ва ворид намудани технологияҳои инноватсионӣ мебошад.
20.Рушди кластерҳои агросаноатӣ ба пастшавии ҳиссаи маҳсулоти воридшаванда ва мутобиқшавии истеҳсолоти маҳаллӣ, дигаргуншавии тамоюли талаботи бозор ва муҳити рақобатпазирӣ мусоидат менамояд.
21.Дар раванди муайянкунии муносибати кластерӣ ва ташкили кластерҳои агросаноатӣ масъалаҳои ҳалталаби зерин мушоҳида карда мешаванд:
- байни тарафҳои манфиатдор (вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои тиҷоратӣ) фаҳмиши ягонаи методологияи ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ вуҷуд надорад;
- заминаи қонунгузорӣ оид ба амалигардонии усули кластерӣ ба қадри кофӣ тараққӣ наёфтааст;
- барои ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ монеаҳои танзимӣ ва маъмурӣ мавҷуд мебошанд;
- ҳамоҳангсозии мушаххас дар байни мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ ҷой надорад;
- барнома ва лоиҳаҳои мураккаби кластерӣ вуҷуд надоранд.
22. Бинобар ин, бо дар назар доштани масъалаҳои ҳалталаб зарурати қабул намудани Консепсияи мазкур ба миён меояд.
23. Мақсади ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиши рақобатнокии маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои дохила ва беруна бо дар назар доштани ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ ва илмию техникӣ дар идоракунӣ ва бурдани хоҷагидорӣ, технологияҳои муосир, хизматрасониҳои махсус, ҳамчунин мустаҳкамкунии ҳамкориҳои байниидоравию байнисоҳавӣ мебошад.
24.Ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои коркарди маҳсулот дар занҷираи ягонаи истеҳсолот муносиб гардонида, истифодабарии мақсадноки заҳираҳо барои рушди истеҳсолоти инноватсионӣ таъмин менамояд ва дараҷаи коркарди маҳсулоти кишоварзиро баланд бардошта, масъалаҳои воридотивазкунандаро таъмин менамояд.
25.Зери мафҳуми кластери агросаноатӣ дар Консепсияи мазкур гурӯҳи хоҷагиҳои фермерии ба ҳам алоқаманд, ки ҳамдигарро пурра менамоянд ва ё иттиҳодияи онҳо (кооперативҳо, иттиҳодияҳо ва шаклҳои дигар) ва корхонаҳои коркард, ки дар бахши муайян фаъолият мебаранд, корхонаҳо дигар (минбаъд - корхонаҳо), ки бо хизматрасонии истеҳсолию техникӣ ва технологӣ (таъмини воситаҳои истеҳсолӣ, ашёи хом, мавод, иҷрои корҳои кишоварзӣ ё амалиёти алоҳидаи технологӣ: кишт, обёрӣ, дорудиҳӣ, назорати ҳолати растаниҳо, таъмини маводи тухмӣ ва зотӣ, хизматрасонии байторӣ ва намуди дигар хизматрасониҳое, ки барои ташкили истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ заруранд), хизматрасонии анборҳои нигаҳдорӣ, ҳамчунин муассисаҳои илмию таҳсилотӣ, тадқиқотӣ, ташкилотҳои инфрасохторӣ инноватсионӣ (бизнес-инкубаторҳо) фаҳмида мешавад. Кластерҳои агросаноатӣ аз рӯи ҷуғрофӣ дар як ё якчанд минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷойгиранд ва тавассути технологияи умумӣ дар асоси илмӣ ё анъанаҳои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир муттаҳид шудаанд.
26.Кластерҳои агросаноатӣ шакли қонунии тасдиқшудаи шахси ҳуқуқиро надоранд, дар шакли ширкат ё шаклҳои дигари ҳамкории корхонаҳо ба тарзи уфуқӣ ва ё амудӣ барои ҳалли як ва ё якчанд вазифаҳо муттаҳид шудаанд, ки бо қонунгузории гражданӣ пешбинӣ гардида, фаъолият мебаранд. Ҳамзамон, ҳама корхонаҳо (иштирокчиёни кластер) ҳангоми бурдани бизнес ё амалигардонии вазифаҳои худ (муассисаҳои таҳсилотӣ ва ташкилотҳои илмӣ) мустақилияташонро нигоҳ медоранд.
4. ШАКЛҲОИ ТАШКИЛИ КЛАСТЕРҲОИ АГРОСАНОАТӢ
27. Консепсияи мазкур амалигардонии якчанд усулҳои қабулшударо дар ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ вобаста аз ҳаҷми фаъолият, сатҳи якҷояшавии корхонаҳо дар кластер, вазъи истеҳсолию иқтисодӣ дар минтақаи ташкили кластер, вазъияти бозори озуқаворӣ, бозори фурӯши маҳсулот, инфрасохтори логистикӣ ва омилҳои дигар пешбинӣ менамояд:
- гурӯҳбандии иштирокчиёне (хоҷагиҳои фермерӣ ё иттиҳодияҳои онҳо ва корхонаҳои коркард), ки стратегияи ягонаи маркетингӣ доранд;
- гурӯҳбандии иштирокчиёне (хоҷагиҳои деҳқонӣ ё иттиҳодияҳои онҳо ва корхонаҳои коркард), ки байни худ бо муносибатҳои иқтисодӣ аз рӯи принсипҳои тахассуси минтақавӣ алоқаманд мебошанд (ҷойгиршавии минтақавии аксарияти иштирокчиёни кластер);
- гурӯҳбандии иштирокчиён (хоҷагиҳои деҳқонӣ ё иттиҳодияҳои онҳо ва корхонаҳои коркард) дар атрофи корхонаҳои коркард ё гурӯҳи корхонаҳо, ташкилотҳое, ки хизматрасонии нақлиётиву логистикӣ, анбордорӣ, савдову захиракуниро пешниҳод менамоянд ва байни худ аз рӯи сифат ва нарх рақобат доранд;
- гурӯҳбандии иштирокчиён, ки бо истеҳсоли маҳсулоти муҳимми миллӣ машғул мебошанд;
- гурӯҳбандии иштирокчиён аз рӯи шароити иқлими аграрӣ, ки имконияти истифодабарии афзалияти ҷуғрофии истеҳсоли маҳсулотро доранд.
28. Дар марҳилаи барпошавии кластери агросаноатӣ ё ҳангоми шумораи иштирокчиён на зиёда аз 10 корхона кластер тибқи шартнома оид ба фаъолияти якҷоя ташкил мешавад, ки бо меъёри ҳуқуқи гражданӣ танзим мешавад (минбаъд - шакли одии ташкилот).
29. Ҳамкорӣ ва муносибати иштирокчиёни кластер дар шакли мазкур дар асоси нақшаи мувофиқашудаи баргузории чорабиниҳои муштарак ба манфиати ҳамаи иштирокчиёни кластер, ки метавонад гузаронидани тадқиқоти маркетингӣ, чорабиниҳои иттилоотӣ, омӯзишӣ ва рекламавӣ, аз ҷумла ташкил ва гузаронидани тренингҳои муштарак, намоишгоҳ ё ярмаркаҳо, омода кардани каталоги умумии маҳсулот, ташкили сохтмон ва (ё) истифодаи иншооти инфрасохтор барои истифодаи коллективӣ, хариди якҷояи ашёи хом ва ғайраро дар бар гирад.
30.Шакли одии ташкили кластери агросаноатӣ аз ҳисоби роҳбарони корхонаҳои ба кластер воридшуда таъсис додани шӯрои кластери агросаноатиро ба сифати мақоми идоракунии дастаҷамъӣ пешбинӣ менамояд. Сохторҳои дигар ҳангоми ташкили шакли одии кластери агросаноатӣ таъсис дода намешаванд.
31.Шӯрои кластери агросаноатӣ ҳамкории мутақобилаи байни иштирокчиёни кластер аз рӯи самтҳои мувофиқашудаи фаъолияташон идора ва ҳамоҳангсозӣ намуда, стратегияи рушдро муайян мекунад.
32.Дар сатҳи муттаҳидшавӣ, ки иштирокчиёни эҳтимолӣ дар қатори хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои коркард муассисаҳои системаи илму маориф баромад мекунанд, инчунин дар он кластерҳои агросаноатӣ, ки дар марҳалаи рушди онҳо иҷрои лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва инноватсионӣ ба нақша гирифта шудааст, сохтори махсус - маркази рушди кластерӣ таъсис дода мешавад.
33.Маркази рушди кластерӣ метавонад дар шаклҳои гуногуни ташкилию ҳуқуқӣ аз рӯи интихоби мувофиқашудаи иштирокчиёни кластер, имкониятҳои молиявии институтсионалӣ ва омилҳои дигар таъсис дода шавад.
34.Вазифаҳои маркази рушди кластериро метавонад яке аз корхонаҳо дар мувофиқа бо иштирокчиёни дигари кластери агросаноатӣ ё ташкилоти дигар, ки дар атрофаш метавонад корхона ва ташкилотҳои дигаре, ки якдигарро пурра ва дар маҷмӯъ занҷири ягонаи истеҳсолиро ташкил медиҳанд, иҷро намояд.
35.Ҳамчун маркази рушди кластерӣ муассисаҳои давлатӣ, аз ҷумла бизнес-инкубаторҳо, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии соҳибкорӣ" дар минтақаҳои ҷумҳурӣ барои дастгирии суроғавӣ-методӣ, иттилоотӣ, машваратӣ, омӯзишӣ ва ҳуқуқӣ барои субъектҳои соҳибкории хурду миёна, ҳамчунин рушди ҳамкорӣ байни онҳо таъсис дода мешаванд, метавонанд баромад кунанд.
36.Ҳамчун маркази рушди кластерӣ ассотсиатсияи соҳавӣ ва иттиҳодияҳои дигари ҷамъиятие, ки ба таъмину мубодилаи иттилоот, ворид намудани технологияҳои муосир мусоидат мекунад, ҳамкориро дар бозор ҳавасманд менамояд, чорабиниҳои муштарак ташкил мекунад, метавонад баромад кунад.
37. Маркази рушди кластерӣ вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
- таъмини иҷрои қарорҳои шӯрои кластери агросаноатӣ;
-иҷрои вазифаҳои ташкилкунии рушди кластер дар марҳилаи ташкили он;
- мусоидат ба таҳия ва амалигардонии лоиҳаҳои кластерӣ;
-мусоидати методӣ, машваратӣ ва коммуникатсионии фаъолияти кластер;
-ташкил ва гузаронидани тадқиқотҳои маркетингӣ барои таҳияи лоиҳаҳои кластерӣ;
-дастгирии лоиҳаҳои кластерӣ;
-таҳияи бизнес-нақшаҳо ва ҷустуҷӯи маблағгузории иловагӣ барои амалигардонии лоиҳаҳои муштараки иштирокчиёни кластер;
-ташкили ҳамкориҳо байни иштирокчиёни кластер, ҳамчунин мусоидат намудан ба таъсиси равобит бо корхонаҳо, пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ва ташкилотҳои дигар;
-таъмини ҳуқуқҳо ва манфиатҳои умумии иштирокчиёни кластер дар муносибат бо мақомоти давлатӣ;
-ташкил кардани идоракунӣ ва истифодабарии иншооти инфрасохторҳои тахассусии кластер ба манфиати ҳамаи иштирокчиёни кластер;
- гузаронидани тренинг ва семинарҳо барои иштирокчиёни кластер;
-иҷрои вазифаҳои дигар, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақсадҳои кластери агросаноатӣ мухолифат намекунанд.
38.Фаъолияти маркази рушди кластерӣ аз ҷониби шӯрои илмию соҳибкории кластери агросаноатӣ ҳамоҳанг карда мешавад.
39.Шӯрои илмию соҳибкории кластери агросаноатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.
5. АСОСҲОИ ТАЪСИС ВА РУШДИ КЛАСТЕРҲОИ АГРОСАНОАТӢ
40. Ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ бо асосҳои зерин амалӣ мегардад:
- иштироки ихтиёрӣ ва ҳавасмандӣ дар ташкил ва фаъолияти кластери агросаноатӣ;
- мавҷудияти ҳамгироии амудӣ ва уфуқӣ, ки истеҳсолоти кишоварзиро бо коркард ва фурӯши маҳсулот, таъминоти моддию техникӣ ва хизматрасонии аграрӣ бо дар назар доштани он нақши фаъоли илм дар беҳтаргардонии ҷараёни истеҳсолӣ муттаҳид менамояд;
- интихоби мустақили шакли ташкили кластер, ҳамкорӣ ва стратегияи рушд;
- озод будан барои муттаҳидшавӣ (даромадан ва баромадани озод аз кластер);
- мавҷуд будани ташкилоти пешсафе, ки иқтидори муттаҳидкунӣ ва муайянкунии стратегияро, ки ба истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ равона шударо дорад;
- мукаммалгардонии дохилӣ ва мувофиқати соҳаҳо;
- иҷрокунии фаъолияти муштарак;
-кооператсияи соҳибкории хурду миёна бо корхонаҳои калон, алоқаи устувор байни иштирокчиёни кластер;
-баробарҳуқуқии муносибатҳои иқтисодӣ байни корхонаҳои ба кластер воридшаванда;
-манфиати мутақобила ва самаранокии иқтисодӣ барои ҳар як иштирокчии кластери агросаноатӣ;
- боварӣ байни иштирокчиёни кластер;
-сарфаи хароҷот ва ташкили арзиши оптималии истеҳсоли маҳсулоти ниҳоие, ки фурӯши устувори маҳсулотро таъмин менамояд;
- ҳадафи ба даст овардани арзиши иловашуда;
- мавҷудияти нишонаҳои беназир ва самтҳои афзоиши инноватсионӣ;
-омодагӣ барои истеҳсол ва коркарди маҳсулоти аграрии махсус ва ба ҳам наздик, ки ба шароити маҳаллӣ ва талаботи бозорҳои муайян мутобиқанд;
- маҳсулоти ҳамаи корхонаҳои дар кластер иштирокдошта зери бренди ягона муттаҳид;
- мавҷудияти дастгирии мақсаднок ва сифатноки давлатӣ;
- мавҷудияти саҳми иштирокчиёни кластер дар рушди инноватсионӣ.
6.ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ КЛАСТЕРҲОИ АГРОСАНОАТӢ
41.Нақши муҳимро дар ташкил ва рушди кластери агросаноатӣ дастгирии давлатӣ, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид барои марҳила ба марҳила интегратсияи сохти кластерӣ ба механизми мавҷудбудаи идоракунии хоҷагӣ равона карда шудааст, ишғол менамояд.
42. Дастгирии давлатӣ дар шаклҳои зерин амалӣ мегардад:
- қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба муҳайё намудани шароити мусоид барои ҷорӣ намудани сохти кластерӣ дар бахши агросаноатӣ равона шудаанд;
- дастгирии иттилоотию таҳлилӣ, ташкилӣ, методӣ, омӯзишӣ ва ғайраи иштирокчиёни кластер дар таҳия ва амалигардонии лоиҳаҳои рушди кластерӣ, ки ба баланд шудани рақобатнокии маҳсулот равона шудаанд;
-ба марказҳои рушди кластерӣ пешниҳоди истифодабарии моликияти давлатӣ бо шартҳои имтиёзнок;
-барои иштирокчиёни кластер ва марказҳои рушди кластерӣ ҷудо намудани қитъаҳои замин;
-дар заминаи ташкилотҳои давлатӣ ташкил намудани марказҳои рушди кластерӣ;
-дастгирии хоҷагиҳои таҷрибавии истеҳсолӣ, муассисаҳои илмӣ ва маблағгузории корҳои мақсадноки селексионӣ дар доираи маблағҳои пешбинигардидаи буҷетӣ;
-пешниҳод намудани сармоягузориҳои мақсаднок барои рушди инфрасохтори муҳандисӣ ва нақлиётӣ, ки барои амалигардонии мақсадҳои кластерҳои агросаноатӣ заруранд;
-пешниҳоди грантҳои мақсаднок ба ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ аз сарчашмаҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст;
-пешбинӣ кардани ҳавасмандгардониҳо барои кластерҳои таъсисёфтаи агросаноатӣ;
-мусоидат намудан ба рушди ҳамкорӣ байни корхонаҳо ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва омӯзишӣ;
- баланд бардоштани самаранокии низоми таҳсилоти касбӣ;
-ташкили ҳамкорӣ байни мақомоти давлатии сатҳҳои гуногун ва худидоракунии маҳаллӣ дар татбиқи лоиҳаҳои кластерӣ;
- таъсиси махзани маълумот оид ба интихоби иштирокчиёни кластер (шарикон), ки ба он метавонанд корхонаҳое, ки шариконро аз рӯи соҳаи фаъолияти худ ҷустуҷӯй менамоянд, муроҷиат намоянд;
-ташаккули инфрасохтори муосир оид ба инкубатсиякунонӣ ва рушди соҳибкории инноватсионӣ;
-мусоидат намудан ба воридоти маҳсулоти кластерҳо ба бозорҳои байналмилалӣ;
-мусоидат намудан ба гузаронидани озмоиш ва сертификатсияи маҳсулоти иштирокчиёни кластер мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
43.Меъёрҳои дастгирии давлатӣ ба ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ:
- мавҷудияти мавқеи устувори рақобатпазир дар бозорҳои маҳаллӣ ва ё байналмилалӣ;
- иқтидори баланди содиротии иштирокчиёни кластер;
- мавҷудияти бартариятҳои рақобатпазирии ҷойгиршавии кластерҳои агросаноатӣ (мавқеи муфиди ҷуғрофӣ, дастрасии ашёи хом, наздикии макони ҷойгиршавии корхонаҳои кластер, ки имкониятҳои ҳамкории мутақобиларо фароҳам меорад, мавҷудияти таъминкунандагони ҷузъҳо ва хизматрасониҳои ба он алоқаманд, мавҷудияти муассисаҳои таълимии махсус ва ташкилотҳои илмӣ, захираҳои кадрӣ, мавҷудияти инфрасохтори зарурӣ ва ғайра);
-мавҷудияти иқтидор доир ба таъмини сатҳи баланди шуғл дар корхонаҳо ва ташкилотҳои кластерҳои агросаноатӣ;
-мавҷудияти ҳамкориҳои муфид байни иштирокчиёни кластер, ҳамчунин шарикии корхонаҳо бо ташкилотҳои омӯзишию тадқиқотӣ;
-таҷрибаи ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба пешниҳоди маҳсулот ва хизматрасонӣ дар бозорҳои дохила ва беруна.
7.МАРҲИЛАҲОИ ТАШКИЛ ВА РУШДИ КЛАСТЕРҲОИ АГРОСАНОАТӢ
44. Ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ якчанд марҳилаҳоро пешбинӣ менамояд:
1) Марҳилаи якум - даври заминавӣ (марҳалаи ба роҳ мондани якдигарфаҳмӣ), мувофиқа кардани масъалаҳои ташкили кластерҳои агросаноатӣ ва сохти он, ки чорабиниҳои зеринро дар бар мегирад:
-ташкили гурӯҳҳои хоҷагиҳои деҳқонии фаъол, корхонаҳое, ки тарафдори ташкили кластери агросаноатӣ дар атрофи маҳсулоти интихобшуда баромад мекунанд;
-гузаронидани таҳлили шароит ва имкониятҳои ташкили кластери агросаноатӣ дар заминаи маҳсулоти инхобшуда;
-муаяйнкунии гурӯҳи хоҷагии деҳқонӣ (ё иттиҳодияҳои онҳо), корхонаҳои коркарди маҳсулот, ки дучори мушкилоти монанд дар истеҳсоли маҳсулот ҳастанд, ҳавасманд ва қобилияти муттаҳидшавӣ барои ҳалли онҳо дар чаҳорчӯбаи маҳсулоти интихобшуда мебошанд;
-муайян кардани ташкилотҳое, ки қобилияти пешниҳод кардани хизматрасониҳои омӯзишӣ, илмӣ\селексионӣ, агротехникӣ, сертификатсиякунонӣ, ки барои баланд бардоштани сифати ин маҳсулот заруранд, инчунин таъминкунандагони захираҳо барои истеҳсол ва коркарди онҳо;
-муттаҳидшавии гурӯҳи хоҷагиҳои деҳқонӣ, корхонаҳо ба иттиҳодияҳо ё ассотсиатсияҳо.
2) Дар марҳалаи дуюми ташкили кластери агросаноатӣ (марҳалаи ба роҳ мондани технологияҳои ҳамкорӣ) механизми иқтисодии фаъолияти кластер муайян карда мешавад, ки чорабиниҳои зеринро пешбинӣ менамояд:
- таҳияи стратегияи кластер, ки дарёфт ва таҳлили мушкилоти умумӣ ва имкониятҳои иштирокчиёни кластер, муайян намудани нуқтаҳои имконпазири афзоиш, тарафҳои пурқувват ва заифи онҳо, ҳудуди кластерҳо;
- таҳия намудани нақшаи ягонаи корӣ ва сохтори алоқаҳои хоҷагиҳои деҳқонии ба кластер дохилшуда, корхонаҳо, ҳамчунин принсипҳои дохилии ташкилӣ;
-таҳияи заминаи мукаммали меъёрию методӣ, ки ташкил ва фаъолияти кластерро таъмин менамояд.
3) Марҳалаи сеюми ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ бо ташкили сохти ягонаи кластер ба муайянкунии вазифаҳои ҳар иштирокчии кластер тавсиф дода шуда, чорабиниҳои зеринро пешбинӣ менамояд:
-таҳияи нақшаи муфассали самтҳои ояндадори ҳамкорӣ (ташкили тренинг, намоишгоҳ ва ярмаркаҳои муштарак, харидории якҷояи ашёи хом, омода кардани каталоги умумӣ ва ғайра);
-муайян намудани шаклҳои дастгирии давлатии кластери агросаноатӣ;
-амалигардонии нақшаи муосиркунии таҳсилоти олӣ ва муҳити илмию тадқиқотӣ барои дастгирии кластер;
-амалигардонии нақшаи мусоидат ба дохилшавии кластери агросаноатӣ ба бозори байналмилалӣ, ҳамкорӣ бо шабакаҳои савдою захиравӣ.
4).Марҳалаи чорум ин марҳалаи мукаммалкунии босифати механизмҳои ҳамкорӣ дар кластери агросаноатӣ ба ҳисоб рафта, дар ин марҳала масъалаҳои стратегӣ, аз ҷумла муттаҳид кардани захираҳо, ташкил ва мукаммал намудани институтҳои идоракунии кластер, ташкили корхонаҳои нав, сармоягузорӣ ба коркарди намуди нави маҳсулот ва қарорҳои технологӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ амалӣ карда мешавад.
8. НИШОНДИҲАНДАҲОИ САМАРАНОКИИ КЛАСТЕРҲОИ АГРОСАНОАТӢ
45.Нишондиҳандаҳои самаранокии кластерҳои агросаноатӣ чунинанд:
- ҳаҷми пардохтҳои андозӣ ба буҷети давлатӣ;
- ҳиссаи маҳсулоти истеҳсолшудаи кластер дар ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшудаи минтақа;
- самаранокии меҳнати кластер;
- ҳиссаи содироти маҳсулот ва хизматрасонии кластер дар ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ;
- ҳиссаи мол ва хизматрасониҳои фурӯхташудаи кластер дар ҳаҷми умумии маҳсулоти фурӯхташуда;
- ҳиссаи сармояи ҷалбшуда ба рушди корхонаҳои кластер дар ҳаҷми умумии сармоягузорӣ;
- баланд шудани обрӯи кишвар дар рейтингҳои байналмилалӣ.
9. МЕХАНИЗМИ АМАЛИГАРДОНИИ КОНСЕПСИЯ
46. Механизми амалигардонии Консепсия омодаи чорабиниҳои зеринро дар бар мегирад:
- таҳияи чораҳои барои муҳайё намудани шароити мусоид барои рушди кластерҳои агросаноатӣ дар заминаи ташхиси монеаҳо ва амалигардонии пайдарпайи онҳо;
- таъмини ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо пешниҳод намудани дастгирии методӣ, иттилоотию машваратӣ, омӯзишӣ ва молиявӣ, ки барои ташкил ва рушди кластери агросаноатӣ заруранд;
- муносибати маҷмӯӣ ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои мақсаднок оид ба ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ ва ҳамоҳангсозии муштараки онҳо, инчунин ҳамоҳангсозӣ бо барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва барномаҳои рушди минтақавӣ;
-пайдарҳамии марҳалавии иҷрои чорабиниҳо (ё масъалаҳои гузошташуда);
-гузаронидани корҳои тавзеҳӣ оид ба афзалиятҳои рушди кластерӣ байни тарафҳои ҳавасманд;
-ташкили тренинг ва семинарҳо оид ба методологияи ташкили кластерҳои агросаноатӣ барои иштирокчиёни эҳтимолии кластери агросаноатӣ (мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, корхонаҳо ва ғайра) бо ҷалб намудани лоиҳаҳо ва коршиносони байналмилалӣ;
-таъсис додани гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи пешниҳодҳо дар бораи муттаҳидшавии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва бо дарназардошти он пешниҳод намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъсиси шӯрои илмию соҳибкории кластери агросаноатӣ;
-таҳияи механизми ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ байни корхонаҳо ва муассисаҳои илмию таълимӣ;
-гузаронидани таҳлил ва таҳия намудани дурнамо аз рӯи талаботи бахши агросаноатӣ ба мутахассисоне, ки ба талаботи бозор муносиб ҳастанд;
-дар асоси омӯзиши талаботи бозори меҳнат таҳия намудани дархости давлатӣ оид ба тайёр кардани мутахассисони зарурӣ барои соҳаи агросаноатӣ ва пешниҳод намудани тағйироти дахлдор ба буҷети давлатӣ;
- таҳия ва пешниҳод намудани таклифҳо оид ба механизми ташкили таҷрибаомӯзии ҳатмӣ дар корхонаҳои кластери агросаноатӣ;
- пешниҳод намудани таклифҳо ҷиҳати амалигардонии сармояҳои мақсаднок ба рушди инфрасохторҳои муҳандисию нақлиётӣ, ки дар кластерҳои агросаноатӣ таъсис дода мешаванд;
- таҳия намудани барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояту шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ҳамчунин барномаҳои миллӣ ва соҳавӣ бо дарназардошти талаботи кластерҳои агросаноатии таъсисёфта;
- мусоидат намудан ба иштирокчиёни кластерҳои агросаноатӣ дар таҳияи лоиҳаҳои кластерӣ;
- таҳияи пешниҳодҳо оид ба ҷорӣ намудани механизми дар навбати аввал гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда, ки барои фаъолияти кластерҳои агросаноатӣ заруранд;
-таҳияи пешниҳодҳо оид ба механизми ҳамоҳансозии фаъолияти байниидоравӣ оид ба ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ.
47. Чораҳое, ки ба муҳайё намудани шароити мусоид барои рушди кластерҳои агросаноатӣ равона шудаанд, амалигардонии масъалаҳои зеринро аз тарафи вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бар мегиранд:
-таҳияи механизми ҳамкорӣ байни корхонаҳо ва муассисаҳои таълимӣ;
- дурнамои талаботи кластерҳои агросаноатӣ ба мутахассисон ва таҳияи низоми фармоиши мақсадноки давлатӣ барои омода намудани онҳо;
-аз нав дида баромадани барномаҳо дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои тахассусӣ бо истифода аз системаи таълими дуалӣ ба манфиати рушди кластерҳои агросаноатӣ;
-таҳия намудани механизми ташкили таҷрибаомӯзии ҳатмӣ ва таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ дар корхонаҳои кластери агросаноатӣ;
-таҳия кардан ва амалигардонии сармоягузории мақсаднок ба рушди инфрасохтори муҳандисию нақлиётӣ бо дарназардошти масъалаҳои рушди кластерҳои агросаноатӣ;
-баҳисобгирии талабот ва афзалиятҳои кластерҳои агросаноатӣ ҳангоми таҳия намудани барномаҳои иҷтимоию иқтисодии рушди вилояту шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ;
-таҳия ва пешниҳод намудани механизмҳои гуногуни ҳавасмандгардонӣ барои рушди кластерҳои агросаноатӣ;
-таҳия намудани механизми аввалиндараҷаи гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаи барои кори кластери агросаноатӣ зарур ҳамчун чораи пасткунии монеаҳои маъмурӣ;
-мусоидат намудан ба таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои корхонаҳои кластери агросаноатӣ;
48. Самтҳои ҳамкории алоҳидаи рушди кластер бо назардошти он хусусияти ҳудудгузории ваколат ҳам дар сатҳи марказӣ ва ҳам дар сатҳи маҳаллӣ амалӣ карда мешавад.
49.Ваколатҳои вазорату идораҳо, ки барои самаранок амалигардонии Консепсияи мазкур масъул мебошанд, ба тариқи зерин тақсим мешаванд:
1) мақомоти ваколатдор дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав якҷо бо мақомоти ваколатдори кишоварзӣ ҳамоҳангсозии амалигардонии иҷрои консепсияи мазкурро таъмин менамояд. Бо мақсади ҳамоҳангсозии масъалаҳои ҳамкорӣ байни илм, тиҷорат ва истеҳсолот шӯрои илмию соҳибкорӣ таъсис дода мешавад;
2) мақомоти ваколатдор дар соҳаи маориф ва илм ҳамоҳангсозии дастгирии илмии амалигардонии лоиҳаҳои кластериро таъмин менамояд;
3) мақомоти ваколатдор дар соҳаи иқтисод самтҳои зеринро таъмин менамояд:
- дастгирии методологии умумӣ, инчунин гузаронидани тадқиқоти конъюктурии бозор, таҳвили содиротию воридотӣ, таъмини дурнамои рушд ва фаъолияти кластерҳои агросаноатӣ, ҳамчунин якҷоя бо Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва мукаммалгардонии барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро бо назардошти он муқаррароти нақшаҳои рушди кластерҳои агросаноатӣ;
- интегратсияи масъалаҳои кластерҳои агросаноатӣ бо татбиқи стратегияи миллӣ ва минтақавӣ, инчунин барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ қабулшуда, ҳамчунин аз нав дида баромадани барномаҳои таълимӣ якҷо бо мақомоти ваколатдори соҳаи маориф ва илм;
4) мақомоти ваколатдоре, ки соҳаи сиёсати монетарӣ ва фискалиро муайян мекунад, таҳия ва пешниҳоди механизми додани афзалиятҳо ва имтиёзҳо, маблағгузории буҷетӣ, инчунин дастгирӣ ба воситаи фондҳои гуногун, аз ҷумла ба воситаи корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон "Саноатсодиротбонк" барои рушди корхонаҳое, ки дар кластерҳои агросаноатӣ иштирок менамоянд, даври муайяни барпошавиро таъмин менамояд;
5) мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ва идоракунии моликияти давлатӣ лоиҳаҳои сармоягузориро дастгирӣ менамояд, сармоягузории мустақимро ба рушди корхонаҳои иштирокчии кластери агросаноатӣ ҷалб менамояд, дар ҳолатҳои зарурӣ молу мулки давлатиро барои истифода бо шартҳои имтиёзнок медиҳад.
50. Иҷрои Консепсия дар марҳалаи ибтидоӣ фаъолияти фаъолонаи муштараки вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ассотсиатсияҳои соҳавӣ, ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият, оид ба гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни хоҷагиҳои деҳқонӣ, корхонаҳо оид ба дурнамои ташкил ва фаъолияти кластерҳои агросаноатӣ ва дар оянда дастгирии маҷмӯии ҷараёни барпошавӣ, ҳамроҳӣ ва рушди кластерҳои агросанотиро талаб мекунад.
10. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
51. Маблағгузории иҷрои Консепсияи мазкур аз ҳисоби фондҳои махсус, манбаъҳои ғайрибуҷетӣ ва кумаки молиявии беруна амалӣ карда мешавад.
52. Мақомоти давлатии ваколатдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатӣ, ассотсиатсияи соҳавӣ ва иштирокчиёни кластери агросаноатӣ барои иҷрои Консепсияи мазкур масъул мебошанд.