Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28октябри соли 2020, № 567
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28октябри соли 2020, № 567
Барномаи фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷорӣ намудани таҷрибаи муносиби кишоварзӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ (Стандарти байналмилалии Global G.A.P.)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷорӣ намудани таҷрибаи муносиби кишоварзӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ (Стандарти байналмилалии Global G.A.P.) (минбаъдБарнома) тадбирҳои кӯтоҳмуддате, ки тибқи банди 2.8. Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, №95 қабул карда шудааст, таҳия гардидааст.
2.Барнома ҷиҳати иҷрои муқаррароти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ", Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2016, №503 тасдиқ шудааст, ҳамчунин стратегия ва барномаҳои дигари қабулшудае, ки зарурати қабули стандартҳои байналмилалии бехатарии озуқавориро дар шароити ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодӣ тақозо менамояд, таҳия гардидааст.
3.Барнома ба фароҳам овардани заминаи қонунгузорӣ, молиявӣ ва техникӣ барои ҷорӣ намудани таҷрибаи муносиби кишоварзӣ дар идоракунӣ ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҷиҳати мутобиқ намудани он ба талаботи байналмилалии бехатарии маҳсулоти хӯроквории дар Стандарти байналмилалии Global G.A.P. пешбинигардида равона карда шудааст.
4.Имрӯз Стандарти байналмилалии Global G.A.P. усули муттаҳидгардонии идоракунии фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад, ки бехатарии шароити истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзиро кафолат медиҳад.
2. МУҲТАВОИ МУШКИЛОТ ВА ЗАРУРАТИ ҲАЛЛИ ОН
5.Заминаҳои пешбурди Стандарти байналмилалии Global G.A.P. дар афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон бо имконияти дастрасӣ ба бозорҳои алтернативие, ки қобилияти харидории баланд доранд, ба миён омад. Аксарияти марказҳои тиҷоратии (супермаркет) Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Аврупо ва Осиё талаботро ба сифат ва бехатарии маҳсулоти кишоварзӣ тақвият дода, пайгирии технологияи истеҳсоли онҳоро талаб мекунанд.
6. Бозорҳои анъанавии маҳсулоти Тоҷикистон (Россия ва Қазоқистон) низ чораҳои тақвияти назорати бехатарии маҳсулоти кишоварзии воридшударо қабул менамоянд. Тамоюли ҳиссаи фурӯши маҳсулоти кишоварзии дар бозорҳои кушодаи Россия ва Қазоқистон, ки дар онҳо маҳсулоти Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, камтар аз 10 фоиз буда, солҳои охир ин ҳисса ба манфиати шабакаҳои хариду фурӯш, ки таҳвилгарони кафолати назорати маҳсулотро тақозо мекунад, коҳиш меёбад.
7.Татбиқи Стандарти байналмилалии Global G.A.P. дар кишварҳои минтақа (ӯзбекистон ва Қазоқистон) бо суръат пеш рафта истодааст, ки ба рақобатпазирии маҳсулоти содиротии Тоҷикистон таъсир мерасонад.
...