Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
15 майи соли 2020 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 566(1)
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
15 майи соли 2020 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 566(1)
ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОИШ
Оид ба тасдиқи Дастурамал дар бораи тартиби баровардан, пур намудан, истифода ва коркарди борхатҳо
160.050.010
(фармоиш аз 25.09.2025
№ 123)
Мутобиқи сархати сеюми банди 27 Оинномаи нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2009, № 696 тасдиқ гардидааст, Кодекси нақлиёти автомобилӣ ва бандҳои 6 ва 8 Низомномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2011, №250 тасдиқ гардидааст,
ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:
1. Дастурамал дар бораи тартиби баровардан, пур намудан, истифода ва коркарди борхатҳо тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ" мақоми ваколатдор оид ба иҷрои талаботи Дастурамали мазкур муайян карда шавад.
...

3. Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар рафти пешбурди корҳои назоратӣ риояи талаботи Дастурамали мазкурро таъмин намояд.
4. Раёсати нақлиёти рӯйизаминӣ ва Бахши ҳуқуқи вазорат фармоиши мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
5. Фармоиши мазкур баъд аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
6. Фармоиши Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2010, № 25, "Оид ба истифодабарии Борхат дар нақлиёти автомобилӣ", ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2010, №566 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.
7. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини вазир - сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.
аз 8 апрели соли 2020, №75
ш. Душанбе
Замима