Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
31 марти соли 2020 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 683(1)
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД, ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАЪВАТИ ПАНҶУМ
Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ дар ҳудуди ноҳияи Файзобод
070.030.030
Мутобиқи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", моддаи 26, 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама", моддаҳои 79 - 82 "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" ва моддаҳои 6, 262, 309 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин бо назардошти таклифи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои буҷет, савдо, нарх, хизматрасонӣ, ва меҳнат Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод
ҚАРОР МЕКУНАД:
1. Меъёрҳои андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт мутобиқи боби 40 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда шавад.
2. Меъёрӣ андоз аз молу мулки ғайриманқул, аз ҷумла андози замин ва андоз аз объектҳои ғайриманқул, мутобиқи боби 41 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарар карда шавад.
3. Дар ҳудуди ноҳия меъёрӣ андоз аз бизнеси бозӣ барои як воҳиди объекти андозбандии бақайдгирифташуда дар як моҳ тибқи ҷадвали замимагардида муайян карда шавад. 4. Меъёрӣ пардохтҳои ҳатмӣ барои ҷойгиркунии рекламаҳои берунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқи дар гардишгоҳҳои роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ва маҳаллаҳои аҳолинишини ҳудуди ноҳияи дар як моҳ ба андозаи зайл муқаррар карда шавад:
- ҷойгиркунии объектҳои рекламавии оддӣ (бе истифодаи технологияи муосир) барои 1 метри мураббаъ то 18 метри мурабаъ ба андозаи 55 сомонӣ;
- ҷойгиркунии объектҳои рекламавӣ (бе истифодаи технологияи муосир) барои 1 метри мураббаъ зиёда аз масоҳати 18 метри мурабаъ ба андозаи 80 сомонӣ;
Вобаста ба мавқеи ҷойгиркунии рекламаҳо коэффисентҳои зерини танзимкунанда муайян карда шавад:
- дар ҳудуди марказии ноҳия коэффисенти 1,0;
- дар мавзеъҳои берун аз маркази ноҳия коэффисенти 0.8; Барои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бе шаҳрвандӣ ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ҳангоми истифодабарии объектҳои рекламавӣ меъёрӣ пардохтҳои ҳатмӣ барои ҷойгиркунии рекламаҳо мисли шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанӣ муайян карда шуда, коэффисентҳои танзимкунандаи зерин муайян карда шавад
- дар ҳудуди кӯчаҳои марказии нохия коэффисенти 3,0;
- дар дигар мавзеҳои ноҳия коэффисенти 2,0.
5. Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва нозироти андоз супорида шавад, ки:
- аз нав баҳисобгирии рекламаҳои мавҷударо анҷом дода, ҳамзамон ҷойгиркунии минбаъдаи рекламаҳои беруниро тибқи қонун ва қарорҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд:
- ситонидани пардохтҳои муқарраргардидаро нисбати ҷойгиркунии рекламаҳои берунӣ вобаста ба коэффисентҳои танзимкунанда ба роҳ монанд;
- фаъолияти субъектҳои бо паҳкунии реклама машғулбударо мавриди таҳлил қарор дода, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ оид ба паҳнкунии реклама дар ҳудуди нохия ва мавзеи берун аз нохияро санҷида, раванди иҷозатномадиҳиро тибқи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд.
6. Қарори мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
7. Қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод аз 24 декабри соли 2019 № 197 "Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ҳудуди ноҳия" аз эътибор соқит дониста шавад.
8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Комиссияи доимӣ оид ба ояндабинии иқтисод, саноат ва буҷет ва нозироти андоз гузошта шавад.
Раиси
маҷлис М. Раҷабзода
аз 23 декабри соли 2019, №248
ш.Файзобод
Замима
Зарегистрировано
Министерством юстиции Республики Таджикистан,
от 31 марта 2020 года, регистрационный номер 683-1
ПОСТАНОВЛЕНИЕ РЕСПУБЛИКА ТАДЖИКИСТАН МАДЖЛИС НАРОДНЫХ ДЕПУТАТОВ ФАЙЗАБАДСКОГО РАЙОНА, 5-Й СОЗЫВ
Об установлении норм местных налогов и обязательных платежей на территории Файзабадского района 070.030.030.
Согласно статьям 8 и 9 конституционного Закона Республики Таджикистан "О местных органах государственной власти" статье 26 - 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах". Статье 14 Закона "О рекламе", статьям 79-82 другие обязательные платежи в бюджет и статей 6, 262, 309 Налогового кодекса Республики Таджикистан в том числе предложения постоянной комиссии местного областного собрания народных депутатов по бюджету, торговле, ценам, услугам и труду.
Постановляет:
1. Применять налоговые ставки владельцев транспортных средств в соответствии с главой 40 налогового Кодекса Республики Таджикистан.
2. Установить ставку налога на недвижимость, в том числе земельный налог и налог на недвижимость, в соответствии с главой 41 налогового кодекса Республики Таджикистан.
3. Определить в пределах района стандартного налога на игорный бизнес за один месяц зарегистрированного объекта налогообложения в соответствии с приложенным графиком.
4. Установить размер обязательств платежей за размещение наружной рекламы физических и юридических лиц на автомобильных дорогах общего пользования и населенных пунктов в течение месяца.
- размещение обычных рекламных объектов (без использования современных технологий) на 1 кв м до 18 кв м 55 сомони - размещение рекламных объектов ( без использования современных технологий) на 1 кв м свыше 18 кв м на сумму 80 сомони. В зависимости от места положения рекламы используются следующие рекламные коэффициенты в центральном округе коэффициент 1,0 - вне районного центра коэффициент 0,8. Для иностранных граждан, лиц без гражданства и иностранных юридических лиц при использовании объектов рекламы определяются размер платы за размещении реклам, так и для юридических лиц и определяют следующие коэффициенты.
- в центральном округе коэффициент 3,0 - вне районного центра коэффициент 2,0
5. Государственным органам исполнительной власти район и налоговой инспекции, провести :
- перерасчёт существующей рекламы и одновременно разместить последующее размещение наружной рекламы в соответствии с действующим законодательством и постанавлияем Республики Таджикистан - установить сбор установленных налогов за внешнюю рекламу по нормативным коэффициентам - проанализировать деятельность субъектов, занимающихся распространением рекламы, проверять лицензионные помещения для распространения рекламы в пределах района и за его пределом, а также обеспечить процесс лицензирования в соответствии с действующим законодательством Республики Таджикистан.
6. Настоящее постановление представить в Министерство юститции Республики Таджикистан для государственной регистратции и ввести в действии после государственной регистрации и официальноги опубликования
7. Признать утратившим силу постановление Меджлиса народных депутатов Файзабадского района от 24 декабря 2010 года № 179 "Об установлении норм отдельных налогов и обязательных платежей на территории района"
8. Контроль за выполнением настоящего постанавления возложить на Постоянную комиссию по прогнозированию экономики, промышленности и бюджета.
Председатель района М. Раджабзода
п.г.т Файзабад,
от 23 декабря 2019 года, № 248
*Приложение