Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
29 январи соли 2019 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 558 "е"
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
29 январи соли 2019 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 558 "е"
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйирот ба Дастурамали №215 "Дар бораи тартиби ташкил ва истифодаи захира ва фонди пӯшонидани талафоти имконпазир аз рӯйи дороиҳо"
"070.170.010"
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тағйирот ба Дастурамали №215 "Дар бораи тартиби ташкил ва истифодаи захира ва фонди пӯшонидани талафоти имконпазир аз рӯйи дороиҳо", ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 2016, №50 тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 июни соли 2016, №558"г" ба қайд гирифта шудааст, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Департаменти назорати бонкӣ ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии қарори мазкур дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи он тағйиру иловаҳои хусусияти таҳрирӣ доштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
4. Иҷрои банди 2 қарори мазкур ба зиммаи Котиби Раёсат, Департаменти назорати бонкӣ, Шуъбаи ҳуқуқ ва Шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Машрабзода Ҳ.М. гузошта шавад.
Раиси
Раёсат Ҷ. Нурмаҳмадзода
Раиси
...