Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
21 январи соли 2020 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 740 (1)
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
21 январи соли 2020 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 740 (1)
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №205 "Дар бораи пур намудани шакли ҳисоботи омории № 1-АМ "Амалиётҳои молиявии берунаи субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ"
070.170.010
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №205 "Дар бораи пур намудани шакли ҳисоботи омории № 1-АМ "Амалиётҳои молиявии берунаи субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ", ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2014, №69 тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2014, таҳти №740 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Идораи омор ва тавозуни пардохт ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи он тағйиру иловаҳои хусусияти таҳрирӣ доштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
4. Иҷрои банди 2 ҳамин қарор ба зиммаи Котиби Раёсат, Идораи омор ва тавозуни пардохт, Шуъбаи ҳуқуқ ва Шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.
5. Назорати иҷрои ҳамин қарор ба зиммаи Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Л.Ҷ. гузошта шавад.
Раиси
Раёсат Ҷ. Нурмаҳмадзода
Раиси
...