Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2020, № 527 "Дар бораи Барномаи рушди саноати мошинсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи рушди саноати мошинсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи рушди саноати мошинсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 ва нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати амалисозии Барномаи рушди саноати мошинсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Иҷрои Барномаи рушди саноати мошинсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ, инчунин бо ҷалби маблағҳои сармоягузории (грантии) ташкилотҳои дохилию хориҷӣ ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда шавад.

3. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо амалисозии самараноки барномаи мазкурро таъмин намуда, оид ба иҷрои он ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ Раҳмон

аз 29 сентябри соли 2020, № 527

ш. Душанбе