Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
3 декабри соли 2019 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 550(3)
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
3 декабри соли 2019 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 550(3)
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №176 Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ"
070.170.010.
Мутобиқи моддаҳои 56 ва 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №176 "Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ", ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2009, №304 тасдиқ шуда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 ноябри соли 2009, №550 ба қайд гирифта шудааст, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Ҳамин қарор бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Қарорҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2012, №168 "Оид ба тасдиқи Дастурамали №196 "Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои амонатии қарзии хурд"" ва аз 28 майи соли 2015, №103 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Дастурамали №196 "Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои амонатии қарзии хурд", ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2013, №600 "а" ва аз 26 июни соли 2015, №600 "б" ба қайд гирифта шудаанд, аз эътибор соқит дониста шаванд.
4. Департаменти назорати бонкӣ ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи ҳамин қарор тағйиру иловаҳои хусусияти таҳриридоштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
5. Иҷрои банди 2 ҳамин қарор ба зиммаи Котиби Раёсат, Департаменти назорати бонкӣ, Шуъбаи ҳуқуқ ва Шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.
6. Назорати иҷрои ҳамин қарор ба зиммаи муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Машрабзода Ҳ.М. гузошта шавад.
Раиси
Раёсат Ҷ. Нурмаҳмадзода
...