Қарори Раёсати Бонки Миллии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2019, № 121 "Оид ба Дастурамали № 239 "Дар бораи талаботи сармоягузории ташкилотҳои қарзӣ ба сармояи дигар шахсони ҳуқуқӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

6 декабри соли 2019 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 995

ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Дастурамали № 239 "Дар бораи талаботи сармоягузории ташкилотҳои қарзӣ ба сармояи дигар шахсони ҳуқуқӣ"

"070.170.010"

Мутобиқи қисми 1 моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон", қисмҳои 1 ва 2 моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" ва қисми 2 моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дастурамали № 239 "Дар бораи талаботи сармоягузории ташкилотҳои қарзӣ ба сармояи дигар шахсони ҳуқуқӣ" тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Ҳамин қарор бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

3. Департаменти назорати бонкӣ ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи он тағйиру иловаҳои хусусияти таҳриридоштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.

4. Иҷрои банди 2 ҳамин қарор ба зиммаи Котиби Раёсат, Департаменти назорати бонкӣ, Шуъбаи ҳуқуқ ва Шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.

5. Назорати иҷрои ҳамин қарор ба зиммаи Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Машрабзода Ҳ.М. гузошта шавад.

 

 

Раиси

Раёсат         Ҷ. Нурмаҳмадзода

 

 

аз 27 сентябри соли 2019 № 121

 ш. Душанбе

 

Замима