Оинномаи муассисаи давлатии телевизиони "Илм ва табиат" аз 25 августи соли 2020, № 452

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 августи соли 2020, №452

Оинномаи муассисаи давлатии телевизиони "Илм ва табиат"

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Оинномаи муассисаи давлатии телевизиони "Илм ва табиат" (минбаъдОинномаи мазкур) асосҳои фаъолияти ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фаъолияти дигари муассисаи давлатии телевизиони "Илм ва табиат" (минбаъдтелевизиони "Илм ва табиат")-ро муайян менамояд.

2. Муассиси телевизиони "Илм ва табиат" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

3. Телевизиони "Илм ва табиат" фаъолияти худро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур ба роҳ мемонад.

4. Телевизиони "Илм ва табиат" барномаҳои худро чун шабакаи давлатӣ бо забони тоҷикӣ, инчунин бо дигар забонҳои хориҷӣ дар давоми 24 соат дар як шабонарӯз пахш менамояд.

5. Телевизиони "Илм ва табиат" аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ шахси ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад.

6. Телевизиони "Илм ва табиат" дорои моликияти давлатӣ бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ мебошад. Муассисаи мазкур дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобҳои буҷетӣ ва махсус дошта, инчунин дорои харҷнома, тавозуни мустақил, муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи муассиса ба забонҳои давлатӣ ва русӣ, бланки фирмавӣ, нишона, аломатҳои нашрӣ ва молӣ мебошад.

7. Телевизиони "Илм ва табиат" ҳуқуқ дорад, ки аз номи худ шартномаҳо бандад, ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиро ба даст оварад ва татбиқ намояд, ба худ уҳдадорӣ гирад, дар суд ба сифати даъвогар ва ҷавобгар баромад намояд.

8. Телевизиони "Илм ва табиат" аз нигоҳи эҷодӣ мустақил аст. Назорати фаъолияти телевизиони "Илм ва табиат"-ро Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозад.

9. Суроғаи ҳуқуқии телевизиони "Илм ва табиат": Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи

2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ

10. Мақсадҳои асосии телевизиони "Илм ва табиат" аз инҳо иборат мебошанд:

- таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хабару гузоришҳои фаврӣ, барномаҳои илмӣ, барномаҳо оид ба дастовардҳои илмии олимони дохил ва хориҷи кишвар, ҳамчунин, олами табиат ва дигар чорабиниҳои телевизионие, ки дар ҷумҳурӣ ва берун аз он доир мегарданд;

- ташкил намудани чорабиниҳои телевизионӣ ҷиҳати рушди шохаҳои илм ва паҳлуҳои кашфнашудаи табиат, бедор кардани завқи омма, фароҳам овардани шароити зарурии моддию техникӣ, ки барои баланд бардоштани рушди шохаҳои илм ва табиат равона шудаанд;

- тарғиби дастовардҳо ва бозёфтҳои илмӣ дар конфронсҳо, ҷамъомадҳо, симпозиумҳои байналмилалӣ;

- ҷалби васеи табақаҳои гуногуни ҷомеа барои рушди илм ва табиатшиносӣ;

- тартиби шохаҳои илм ва табиатшиносӣ дар ҷомеаи муосир;

- мусоидат ба рушди илм ва табиатшиносӣ, дастгирии ташаббусҳое, ки ба рушди шохаҳои илм, дӯстиву ҳамкории ҳамаи миллату халқиятҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагидошта равона шудаанд.

11. Барои амалисозии мақсадҳои зикршуда телевизиони "Илм ва табиат" вазифаҳои зеринро анҷом медиҳад:

- баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ тавассути намоиши барномаҳои илмиву табиӣ, инчунин татбиқи амалии сиёсати илмиву иттилоотии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти анъанаҳои миллӣ; - таҳияи барномаҳои телевизионӣ оид ба илмҳои дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологӣ, инчунин дастовардҳои илмӣ ва ихтирооти инноватсионӣ;

- бо ҷалби мутахассисони мақомоти ваколатдори давлатӣ, вазоратҳои маориф ва илм, кишоварзии ҷумҳурӣ ва мутахассисони дигар вазорату идораҳо таҳия намудани барномаҳои телевизионӣ дар бораи илм ва табиат;

- истеҳсол, фурӯш ва паҳн намудани маҳсулоти аудиовизуалӣ, филмҳои фармоишӣ ва рекламавӣ вобаста ба рушди илм ва табиат тибқи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- пешниҳоди хизматрасонии дизайнерии телевизионӣ;

- ташкили бойгонии аудио ва видео (филмотека, видеотека, фонотека);

- тайёр намудани кадрҳои сохибтахассус дар соҳаи илмҳои табиию риёзӣ, ҳамчунин рӯзноманигорӣ;

- дар асоси шартнома амалӣ намудани ҳамкории мутақобилаи бисёрҷонибаи эҷодӣ, истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ бо ташкилотҳои телевизион ва радиои ватанӣ ва хориҷӣ;

- амалӣ намудани дигар намудҳои фаъолияти истеҳсолӣ, тиҷоратӣ ва молиявие, ки ба мақсаду вазифаҳои телевизиони "Илм ва табиат" мувофиқанд ва бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нагардидаанд.

3. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲО

12. Телевизиони "Илм ва табиат" ҳуқуқ дорад:

- дар дохил ва хориҷи кишвар дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаҳои мухбирии худро таъсис диҳад;

- фаъолияти намояндагӣ ва миёнаравиро дар соҳаи ҳуқуқи муаллифӣ амалӣ намояд;

- дар асоси барномаҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ фаъолияти рекламавиро ба амал бароварда, даромадҳоро аз ин намуди фаъолият барои рушди телевизиони "Илм ва табиат" равона созад;

-барнома ва маҳсулоти аудиовизуалии худро дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар паҳн намояд, эълону рекламаҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои ватаншо хориҷиро пахш кунад ва муомилоти дигарро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур мухолиф нестанд, амалӣ гардонад;

-иттиҳодияҳои нави эҷодиро дар телевизиони "Илм ва табиат" таъсис диҳад.

13. Телевизиони "Илм ва табиат" уҳдадор аст:

- талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Торикистонро дар соҳаи воситаҳои ахбори омма риоя намояд;

-супоришу дастурҳои муассисро бо тартиби муқарраршуда иҷро намояд;

-аз рӯи ухдадориҳои худ ба маблағе, ки дар тавозуни мустақили худ дорад, ҷавобгар бошад;

-ҳангоми истифодаи восита ва маводи аудиовизуалӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи моликияти зеҳниро, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, риоя намояд.

4. ИДОРАКУНӢ

14. Идоракунии телевизиони "Илм ва табиат" мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур амалӣ карда мешавад.

15. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-сохтор ва Оинномаи телевизиони "Илм ва табиат"-ро тасдиқ менамояд ва дар ҳолати зарурӣ ба он тағйирот ворид мекунад;

-масъалаҳои азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии телевизиони "Илм ва табиат"-ро ҳал менамояд;

- директорро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- таъминоти моддию техникӣ, инчунин маблағгузории телевизиони "Илм ва табиат"-ро ба роҳ мемонад.

16. Мақоми олии идоракунии телевизиони "Илм ва табиат" Шӯрои маъмурӣ мебошад, ки ба ҳайати он директор, муовини якум ва муовини ӯ (аз рӯи вазифа), инчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории он дохил мешаванд. Шумора ва аъзои Шӯрои маъмурӣ бо пешниҳоди директор аз ҷониби раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва тасдиқ карда мешавад.

17. Роҳбари телевизиони "Илм ва табиат" директор аст, ки ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

18. Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон:

- ба фаъолияти касбии телевизиони "Илм ва табиат" мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ ва назорат мекунад;

- бо пешниҳоди директор муовинони ӯро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;

- бо пешниҳоди директор шумора ва аъзои Шӯрои маъмурии телевизиони "Илм ва табиат"-ро муайян ва тасдиқ менамояд.

19. Шӯрои маъмурӣ -тибқи ваколатҳои ба зиммааш гузошташуда вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

- таклифҳоро оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи мазкур пешниҳод менамояд;

- масъалаҳои музди меҳнат, мукофотпулӣ ва иловапулиҳои кормандонро тибқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд;

- вазифаҳои дигареро амалӣ менамояд, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур манъ нагардидаанд.

20. Қарорҳои Шӯрои маъмурӣ бо фармоиши раиси шӯро - директори телевизиони "Илм ва табиат" ба расмият дароварда мешаванд.

21. Директор:

- дар муносибат бо муассис ва мақомоти давлатӣ, паҳнкунанда, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, инчунин, дар суд. ва дигар ҳолатҳо аз номи телевизиони "Илм ва табиат" намояндагӣ мекунад;

- қарордод ва шартномаҳои меҳнатӣ мебандад, ваколатномаҳо медиҳад, молу мулки дар ихтиёрдоштаро идора мекунад, ҷадвали воҳидҳои кориро тасдиқ мекунад, фармоишҳо мебарорад;

- ба кори Шӯрои маъмурӣ ва фаъолияти ҳамарӯзаи кормандон роҳбарӣ мекунад;

- иҷрои нақшаҳои ҷориву дурнамо ва фармоишҳои худро таъмин менамояд;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;

- дар назди муассис оид ба натиҷаҳои фаъолияти телевизиони "Илм ва табиат" масъулияти шахсӣ дорад.

5. МОЛУМУЛК

22. Молу мулки телевизиони "Илм ва табиат"-ро фондҳои асосӣ ва дигар моликияти давлатӣ ташкил медиҳанд. Арзиши молу мулки телевизиони "Илм ва табиат" дар тавозуни алоҳидаи мустақили он нишон дода мешавад.

6. АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲӢ

23. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии телевизиони "Илм ва табиат" бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 августи соли 2020, №452

Сохтори муассисаи давлатии телевизиони "Илм ва табиат"

1. Дастгоҳи марказӣ

Директор

Муовини якуми директор

Муовини директор оид ба масъалаҳои техникӣ

Бахши иқтисод ва баҳисобгирии муҳосибавӣ

Бахши кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ

Бахши тиҷорат ва реклама

2. Ҳайати эҷодӣ

Раёсати барномаҳои иттилоотӣ-таҳлилӣ

Раёсати барномаҳои илм ва табиат

Раёсати истеҳсоли филмҳои телевизионӣ

Шуъбаи тарҷума ва дубляж

Шуъбаи мухбирони минтақавӣ

Шуъбаи наворбардорони синамо ва телевизион

Шуъбаи танзими пахши барномаҳо

Бахши коргардонҳои овоз

3. Ҳайати техникӣ

Маҷмааи таҷҳизоти студиявӣ ва сайёри телевизионӣ

Шуъбаи танзимгарӣ ва дизайн

Шуъбаи таъмини барқ ва рӯшноидиҳӣ

Шуъбаи хоҷагидорӣ, хизматрасонӣ ва нақлиёт

Бахши грим ва ороиши саҳна