Низомномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020 № 428

Санаи амалкуни: 30.06.2021

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 июли соли 2020, №428

Низомномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.08.2020 № 452, аз 30.06.2021 № 271, № 272)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кумита) мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи телевизион ва радио амалӣ менамояд.

2. Кумита фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо, аз ҷумла новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият амалӣ мегардонад.

3. Кумита дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии ’Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

4. Кумита ва ташкилотҳои зерсохтори он, телевизион ва радиои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, телевизион ва радиоҳои дар сохтори вазорату идораҳои дигар шомилбуда, инчунин телевизион ва радиоҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият, сохтори ягонаи соҳаи телевизион ва радиоро ташкил медиҳанд.

2. ВАКОЛАТ ВА ҲУҚУҚҲОИ КУМИТА

5. Ваколатҳои асосии Кумита аз инҳо иборат мебошанд:

- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи телевизион ва радио;

- таъмини риояи ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон дар соҳаи телевизион ва радио;

- таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолият дар соҳаи телевизион ва радио;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ гузаронидани аттестатсияи кормандон ва ташкилотҳои телевизион ва радиои давлатӣ;

- таҳия ва тасдиқ намудани индикаторҳои аттестатсияи кормандон ва ташкилотҳои соҳаи телевизион ва радио;

- ба роҳ мондани бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи телевизион ва радио дар дохил ва хориҷи кишвар;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои соҳаи телевизион ва радио;

- иҷозатномадиҳӣ барои фаъолият дар соҳаи телевизион ва радио, истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ ва назорати риояи талабот ва шартҳои иҷозатнома;

- муайян намудани тартиби истифодаи шабакаҳои пахш бо мақсади паҳн намудани барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, ҳамчунин назорати риояи он;

- муайян намудани тартиби истифодаи муҳандисию техникии пахши шабакаҳои рақамию кайҳонӣ;

- муайян намудани тартиби истифодаи шабакаҳои пахши кабелӣ (ноқилӣ) ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бақайдгирии онҳо;

- муайян намудани тартиб ва шартҳои нигоҳдории дарозмуддати барномаҳои телевизионӣ ва радиоии дорои арзиши миллӣ, таърихӣ, бадеӣ, фарҳангӣ ва умумибашарӣ, ҳамчунин назорати риояи онҳо;

- дар доираи ваколати худ қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа;

- роҳбарӣ кардан ба фаъолияти телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорат бурдан ба сатҳи касбии барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, муайян кардани дурнамо ва самтҳои асосии рушди телевизион, радиошунавонӣ ва маҳсулоти истеҳсолию техникии телевизион ва радио, ҳамчунин аудиовизуалӣ дар ҷумҳурӣ;

- муқаррар намудани тартиби харидорӣ ва истифодаи асарҳои бадеӣ ва санъат барои телевизион ва радио, инчунин тартиби харидории маҳсулоти аудиовизуалӣ;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани ваколатҳои молик нисбат ба молу мулки давлатии барои таъмини иҷрои вазифаҳои мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи телевизион ва радио зарурбуда, аз ҷумла молу мулки ба ташкилотҳои сохтори Кумита додашуда;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ гузаронидани озмунҳо, аз ҷумла барои беҳтарин барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, асарҳои бадеию мусиқӣ, бастани шартномаҳо барои таҳвили мол, аз ҷумла харидории дастгоҳҳои телевизион ва радио барои намоиш додан ва дар мавҷ пахш намудани маҳсулоти телевизионӣ ва радиоӣ, иҷрои корҳои мавриди ниёзи Кумита, инчунин гузаронидани корҳои техникӣ;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҷалб намудани мутахассисон ва олимони соҳибтаҷриба аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, инчунин аз муассисаҳои илмӣ, ниҳодҳои давлатӣ барои баррасии масъалаҳои мубрами соҳа;

- ташкили таъминоти барномавӣ ва илмию методии соҳаи телевизион ва радио мутобиқи барномаи рушди соҳа, нашри адабиёти илмию таълимӣ ва илмию оммавӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ;

- ташкили низоми ягонаи давлатии иттилоот дар соҳаи телевизион ва радио;

- содир намудани фармоиши давлатии барномаҳо ва лоиҳаҳои мақсадноки илмию техникӣ ва инноватсионӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият;

- ташкили қабули шаҳрвандон, баррасии саривақтии муроҷиатҳои шифоҳӣ ва хаттии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, таъмини қабули қарорҳо аз рӯи онҳо ва дар муҳлати муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муроҷиаткунандагон фиристодани ҷавобҳо;

- таъмини ҳифзи иттилооти дорои сирри давлатӣ дар доираи салоҳияти худ;

- таъмини омодагӣ ба сафарбаркунии Кумита, ҳамчунин назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои зертобеъ оид ба омодагӣ ба сафарбаркунӣ;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намудани мукаммалгардонӣ, нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонии маҳсулоти аудиовидеоӣ;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ муайян намудани ҳаҷм ва тартиби пардохти ҳаққи муаллиф, басаҳнагузорӣ ва иҷрокунандагии ҳамаи намудҳои асарҳо барои телевизион, радио ва истеҳсоли кино, инчунин муайян намудани меъёрҳо барои эҷоди асарҳои адабию бадеӣ, сенарияҳои нотакрору бемисли адабӣ ва мусиқӣ барои ҳамаи намудҳои барномаҳои телевизион ва радио, ҳамчунин филмҳо;

- бо қарори ҳайати мушовара муайян ва муқаррар намудани ҳаҷми иловапулӣ, мукофотҳои соҳавӣ ва пардохтҳои дигари дорои хусусияти ҳавасмандгардонӣ ба ҳамаи категорияҳои кормандон аз ҳисоби даромадҳои иловагӣ ва дар ҳудуди маблағи аз буҷет ҷудошуда тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ иҷрои вазифаҳои тақсимкунанда ва қабулкунандаи маблағҳои асосии буҷети ҷумҳуриявӣ, ки барои нигоҳдории соҳаи телевизион ва радио пешбинӣ гардидаанд;

- муқаррар намудани тартиби додани вақти эфир ба ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият, инчунин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси шартнома, ҷой додани маводи рекламавӣ ва барномаҳои пулакӣ дар барномаҳои телевизион ва радио;

- дар асоси шартнома муайян намудани арзиши барномаҳои фармоишии телевизионӣ ва радиоӣ, инчунин хизматрасонӣ ва ҷой додани реклама тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ;

- таҳия ва дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани меъёрҳои маблағҳои хароҷотӣ барои гузаронидани озмунҳо, фестивалҳо, конференсияҳо, семинарҳо, викторинаҳо ва чорабиниҳои дигари марбут ба соҳаи муқарраршудаи фаъолият;

- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.

6. Бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар соҳаи телевизион ва радио Кумита ҳуқуқ дорад:

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ маълумоти заруриро барои қабул намудани қарор оид ба масъалаҳои соҳаи телевизион ва радио аз мақомоти дахлдор, новобаста аз шакли ташкилӣ ва тобеияти идоравиашон, дархост намояд;

- бо муассиса ва ташкилоти давлативу ғайридавлатӣ, инчунин бо шахсони воқеӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба соҳаи телевизион ва радио дар доираи ваколати худ шартномаҳо ба имзо расонад;

- назорати риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи телевизион ва радио аз тарафи ташкилотҳои телевизион ва радио, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликияти онҳо ба роҳ монад;

- назорати барномаҳои телевизионӣ, гуфторҳои радиоӣ, ахбор, инчунин риояи талаботи техникии сифати пахши барномаҳои телевизионӣ ва радиоиро ба роҳ монад;

- иҷозатномаро барои фаъолият дар соҳаи телевизион ва радио тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ боздорад ва бекор кунад;

- фаъолияти иқтисодии ташкилотҳои идоракунии соҳаи телевизион ва радиои давлатиро таҳлил намуда, нишондиҳандаҳои иқтисодии онҳоро тасдиқ намояд;

- дар асоси таҳқиқоти илмӣ ва таҷрибагузарониҳо намудҳои нави технологияҳоро ба барномаҳои давлатӣ ворид созад;

- дар доираи маблағҳои пешбинишудаи солона баргузории чорабиниҳои дорои аҳаммияти ҷумҳуриявиро дар соҳаи телевизион ва радио ташкил ва таъмин намояд;

- рушди соҳа, таҳкими заминаи моддию техникии телевизион ва радио, муассисаҳои таълимии соҳаи телевизион ва радиоро дастгирӣ намояд;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бо мақомоти марказии ҳокимияти давлатии кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва фондҳои молиявии хориҷӣ дар соҳаи телевизион ва радио ҳамкорӣ кунад;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ конгрессҳо, конференсияҳо, семинарҳо, намоишгоҳҳо ва чорабиниҳои дигарро дар соҳаи телевизион ва радио ташкил кунад;

- дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият мақомоти ҳамоҳангсозӣ, машваратӣ ва экспертӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳо, ҳайати мушовара) таъсис диҳад;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ мукофотҳои соҳавӣ, аз ҷумла унвони фахрии "Аълочии соҳаи телевизион ва радио" бо нишони сарисинагӣ, ифтихорнома, сипоснома, дипломҳои дараҷаи якум, дуюм ва сеюм таъсис дода, кормандонро барои муваффақиятҳояшон дар соҳаи телевизион ва радио сарфароз гардонад;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ғолибони озмунҳои телевизиониро бо сипоснома, ифтихорнома, дипломҳои дараҷаи якум, дуюм ва сеюм сарфароз гардонад;

- вазифаҳои дигарро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ созад.

3. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТ

7. Ба Кумита раис роҳбарӣ мекунад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъйин ва аз мансаб озод карда мешавад.

8. Раиси Кумита барои иҷрои ваколатҳои ба зиммаи Кумита гузошташуда ва амалӣ гардонидани сиёсати давлат дар соҳаи телевизион ва радио масъул мебошад.

9. Раиси Кумита муовини якум ва муовинон дорад, ки онҳо бо пешниҳоди раиси Кумита аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъйин ва аз мансаб озод карда мешаванд.

10. Дар назди муовини якуми раиси Кумита шӯрои бадеӣ, дар назди муовинони раиси Кумита шӯроҳои таҳрир ва техникӣ таъсис дода мешавад.

11. Раиси Кумита:

- фаъолияти Кумитаро роҳбарӣ намуда, кори онро ташкил менамояд;

- дар доираи ваколатҳои худ фармоишҳои вобаста ба соҳаи телевизион ва радиоро ба имзо мерасонад, ки иҷрои онҳо барои кормандони дастгоҳи марказии Кумита, ташкилотҳои соҳаи телевизион ва радио ҳатмӣ мебошад;

- вазифаҳоро байни муовинон тақсим намуда, низомномаи воҳидҳои сохторӣ ва дастурамали ухдадориҳои мансабии кормандонро тасдиқ мекунад;

- низомномаҳои шӯрои бадеӣ, шӯроҳои таҳрир ва техникиро тасдиқ мекунад;

- басти вазифаҳои Кумитаро тибқи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст ва сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Кумитаро дар доираи маблағгузорӣ, ки барои ҳар сол дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардидааст, тасдиқ мекунад;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба мансаб таъйин ва аз мансаб озод намудани роҳбарони ташкилотҳои давлатии дахлдори сохтори Кумита пешниҳод манзур менамояд;

- бо пешниҳоди роҳбарони сохторҳои Кумита муовинони роҳбарони телевизион ва радиои давлатии дахлдорро, ки ба сохтори Кумита шомиланд, ба мансаб таъйин ва аз мансаб озод менамояд;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ кормандони дастгоҳи марказии Кумита, кормандони зерсохторҳои он, роҳбарони ташкилотҳои зертобеъро ба мансаб таъйин ва аз мансаб озод менамояд, инчунин қарордодҳои меҳнатӣ мебандад, онҳоро тағйир ва бекор месозад;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъсис, азнавтаъсисдиҳӣ ва барҳамдиҳии ташкилотҳои мақоми ҷумҳуриявидоштаи соҳаи телевизион ва радио пешниҳод манзур месозад;

- нақшаи кори шашмоҳа ва солонаи Кумитаро тасдиқ намуда, иҷроиши онро назорат мебарад;

- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ дар қисмати маблағгузории фаъолияти сохторҳои Кумита пешниҳод манзур месозад;

- ба роҳбарони ташкилотҳои тобеи Кумита дастуру супоришҳо медиҳад ва иҷрои онро назорат мекунад;

- кормандони фаъоли дастгоҳи марказии Кумита ва кормандони фаъоли сохторҳои онро ҳавасманд мегардонад ва барои сарфароз гардонидани онҳо бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хизмати давлатӣ масъалаҳои марбут ба хизмати давлатиро дар Кумита баррасӣ менамояд;

- оид ба масъалаҳои ба ваколати Кумита дахлдор ва ҳамчунин оид ба масъалаҳои ташкили кори Кумита фармоиш мебарорад.

12. Дар Кумита аз ҳисоби раис ва муовинони ӯ аз рӯи мансаб, инчунин кормандони дигари роҳбарикунандаи Кумита ҳайати мушовара таъсис дода мешавад. Аъзои ҳайати мушовараи Кумита бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Ҳайати мушовара дар маҷлисҳои мунтазами худ масъалаҳои асосии рушди соҳа ва масъалаҳои дигари фаъолияти Кумитаро баррасӣ мекунад, масъалаҳои роҳбарии амалиро ба воҳидҳои сохторӣ, санҷиши натиҷаи иҷро, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, лоиҳаи фармоишу дастурҳои муҳимро муҳокима намуда, ҳисоботи роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои ба нақшаи идоракунӣ ва сохтори Кумита шомилбударо мешунавад. Қарорҳои ҳайати мушовара бо фармоиши раиси Кумита амалӣ мегарданд. Дар ҳолати ихтилофот байни раис ва ҳайати мушовара раис қарорҳои худро амалӣ мегардонад ва ҳатман дар бораи ихтилофоти бамиёномада ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Аъзои ҳайати мушовара дар навбати худ метавонанд фикри хешро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонанд.

13. Маблағгузории хароҷот барои нигаҳдории дастгоҳи марказии Кумита ва мақомоте, ки ба нақшаи идоракунии Кумита шомиланд, инчунин ташкилотҳои сохтори Кумита аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз ҳисоби маблағҳои махсус ва ҳисоби хоҷагидорӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

14. Кумита шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, муҳрҳои дахлдор, штампу варақаҳо мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.

15. Маҳалли ҷойгиршавии Кумита: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шероз, 31.

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 июли соли 2020, №428

Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои телевизионӣ

Раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ

Раёсати иқтисод ва баҳисобгирии муҳосибӣ

 Бахши муносибатҳои байналмилалӣ

Замимаи 3

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 июли соли 2020, №428

Нақшаи идоракунии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи марказӣ

Раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои радиоӣ ва дастаҳои ҳунарӣ

Раёсати истеҳсолӣ ва назорати техникӣ

Раёсати тиҷорат

Телевизиони Тоҷикистон

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2021 № 272)

Радиои Тоҷикистон

Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ

Идораи телевизион ва радиои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд

Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон Идораи телевизион ва радиои шаҳри Кӯлоб

Маркази техникии телевизион ва радиои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Маркази техникии телевизион ва радиои вилояти Суғд

Маркази техникии телевизион ва радиои вилояти Хатлон

Маъмурияти ҷалби дастаҳои ҳунарӣ ва мусиқӣ барои барномаҳои телевизион ва радио

Ансамбли давлатии "Шашмақом" ба номи Фазлиддин Шаҳобов

Ансамбли давлатии "Фалак"

Ансамбли "Дарё"

Ансамбли рақсии "Гулрез"

Ҳафтаномаи "Ҷаҳони паём"

Бойгонӣ

Ансамбли "Ориё"

Замимаи 4

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 июли соли 2020, № 428

Номгӯи ташкилотҳои сохтори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муассисаи давлатии телевизиони "Варзиш"

Муассисаи давлатии телевизиони "Синамо"

Муассисаи давлатии "Телевизиони кӯдакону наврасон- Баҳористон"

Муассисаи давлатии телевизиони "Душанбе"

Муассисаи давлатии телевизиони "Илм ва табиат" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.08.2020 № 452)

Муассисаи давлатии телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2021 № 271)

Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон "Шаҳнавоз" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2021 № 272)

Муассисаи давлатии "Ҷаҳоннамо"

Муассисаи давлатии "Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон"

Муассисаи давлатии "Маркази техникии телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ"

Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Телерадиоком"

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 июли соли 2020, №428

Низомномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъдКумита) мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи телевизион ва радио амалӣ менамояд.

Раёсати тиҷорат Телевизиони Тоҷикистон

Телевизиони мусиқии Тоҷикистон "Шаҳнавоз"