×

Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2020-2024 аз 30 июли соли 2020 № 430

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 июли соли 2020, № 430

тасдиқ карда шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 июли соли 2020, № 430

тасдиқ карда шудааст

 

Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2020-2024

МУҚАДДИМА

Нақши меҳнати арзандаро барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор эътироф намуда, шарикони сетарафа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат якҷоя Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2020-2024-ро (минбаъд - Барнома) бо дарназардошти натиҷаҳои бадастовардаи татбиқи Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2015-2017, инчунин хулоса ва тавсияҳое, ки дар доираи баҳогузории барнома аз ҷониби шарикони сетарафа ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар моҳи августи соли 2017 пешниҳод шудаанд, таҳия намудаанд. Барномаи мазкур афзалиятҳо, натиҷаҳои асосӣ ва татбиқи ҳамкориҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат барои давраи солҳои 2020 то 2024-ро муайян мекунад.

Меҳнати арзанда ин воситаи таъмин намудани рушди устувори кишвар ва ҳадафи ниҳоии он мебошад. Барномаи меҳнати арзанда ҳамчун воситаи асосӣ барои ноил гардидан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022 ва барномаҳои дигари давлатӣ мусоидат менамояд.

Барнома афзалиятҳои асосии сиёсати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи иҷтимоӣ - меҳнатӣ инъикос менамояд. Самтҳои ҳамкорӣ бо шарикони сетарафа Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар Тоҷикистон, инчунин афзалиятҳои минтақавии Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат барои кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва муқаррароти асосии ташаббуси Истамбул, ки дар ҷаласаи даҳуми минтақавии аврупоӣ дар Истамбул моҳи октябри соли 2017 қабул карда шудаанд, ба назар мегирад.

Бо мақсади банақшагирии самаранок ва татбиқи амалҳои якҷояи агентиҳои Созмони Милали Муттаҳид барои иҷрои рӯзномаи рӯз то соли 2030 дар Тоҷикистон, Барномаи нав ба Барномаи намунавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба расонидани кумак бо мақсади рушд дар Тоҷикистон дар давраи солҳои 2016-2020 мутобиқ карда шудааст.

Барномаи ҳамкории мазкур шартномаи байналмилалӣ набуда, ҳуқуқу уҳдадориҳои байналмилалиро ба вуҷуд намеорад.

Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат ва иштирокдорони сетарафа барои таҳкими муколамаи сиёсӣ бо Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳои Тоҷикистон, ки ташкилотҳои калидии байналмилалии машғули масъалаҳои марбут ба рушд муттаҳид мебошанд, аз ҷумла муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади ҳамоҳангсозии кори муштарак барои рушд кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат имкониятҳои муносибатҳои шарикӣ ва ҳамкориро бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои дигари байналмилалӣ барои татбиқи принсипҳои меҳнати арзандаи Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар рафти гузаронидани ислоҳот ва ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор дар Тоҷикистон баррасӣ менамояд.

Ташаббусҳо ба муносибати 100-солагии Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат, аз ҷумла ташаббуси "Ояндаи соҳаи меҳнат" барои амалҳои муштараки шарикони сетарафа ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат замина гузоштанд, ки барои солҳои 2020-2024 дар доираи татбиқи барномаи нав ба нақша гирифта шудааст. Саъю кӯшиши муштарак барои тақвияти институтҳои муколамаи иҷтимоӣ, бозори меҳнат ва танзими масъалаҳои меҳнатӣ дар Тоҷикистон равона карда мешаванд.

...

Утверждена

 постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 30 июля 2020 года, №430

Утверждена

 постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 30 июля 2020 года, №430

ПРОГРАММА СОТРУДНИЧЕСТВА МЕЖДУ ТРЁХСТОРОННИМИ ПАРТНЁРАМИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН И МЕЖДУНАРОДНОЙ ОРГАНИЗАЦИЕЙ ТРУДА ПО ДОСТОЙНОМУ ТРУДУ НА 2020-2024 ГОДЫ

ВВЕДЕНИЕ

Признавая роль достойного труда для достижения Целей устойчивого развития, Международная Организация Труда и трехсторонние партнеры в Республике Таджикистан совместно разработали настоящую Программу сотрудничества между трёхсторонними партнёрами Республики Таджикистан и Международной Организацией Труда по достойному труду на 2020-2024 годы (далее - Программа) с учетом результатов, достигнутых в ходе реализации предыдущей программы по достойному труду на 2015-2017 годы, а также выводов и рекомендаций, предложенных в рамках оценки программы трехсторонними партнерами и Международной Организацией Труда в августе 2017 года. Данная Программа определяет приоритеты, основные результаты и стратегии реализации сотрудничества Республики Таджикистан и Международной Организацией Труда на 2020 - 2024 годы.

Достойный труд является средством обеспечения устойчивого развития страны и его конечная цель. Программа по достойному труду содействует достойному труду как важному инструменту для достижения целей Национальной стратегии развития Республики Таджикистан на период до 2030 года, среднесрочной Программы развития Республики Таджикистан на 2016-2020 годы, Государственной стратегии развития рынка труда Республики Таджикистан до 2020 года, Государственной программы содействия занятости населения Республики Таджикистан на 2020 - 2022 годы и других государственных программ.

Программа отражает основные приоритеты политики Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан, Федерации независимых профсоюзов Таджикистана и Объединения работодателей Республики Таджикистан в социально-трудовой сфере. Направления сотрудничества с трехсторонними партнерами Международной Организацией Труда в Таджикистане также учитывают региональные приоритеты Международной Организацией Труда для стран Европы и Центральной Азии и основные положения Стамбульской инициативы, принятой на десятом европейском региональном совещании в Стамбуле в октябре 2017 года.

В целях эффективного планирования и реализации совместных действий агентств Организаций Объединённых Наций по выполнению повестки дня до 2030 года в Таджикистане, новая Программа приведена в соответствие с Рамочной программой Организации Объединённых Наций по оказанию помощи в целях развития для Таджикистана на период 2016-2020 годы.

Данная Программа сотрудничества не является международным договором и не порождает международных прав и обязательств.

Международная Организация Труда и трехсторонние участники будут стремиться к укреплению политического диалога с Координационным советом доноров Таджикистана, объединяющего ключевые международные организации, занимающиеся вопросами развития, включая учреждения Организации Объединённых Наций с целью координации совместной работы по развитию. Международная Организация Труда рассмотрит возможности партнерских отношений и сотрудничества с Программой развития Организации Объединённых Наций и другими международными организациями для реализации принципов достойного труда Международной Организации Труда в ходе проведения реформ и достижения целей устойчивого развития в Таджикистане.

Инициативы в ознаменование 100-летия Международной Организации Труда, включая инициативу "Будущее сферы труда", заложили основу для совместных действий трехсторонних партнеров и Международной Организации Труда, запланированных на 2020-2024 годы в рамках реализации новой программы. Совместные усилия будут направлены на укрепление институтов социального диалога, рынка труда и регулирование вопросов труда в Таджикистане.

1. НЫНЕШНЯЯ СИТУАЦИЯ В СТРАНЕ

...