Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ҷорӣ намудани низоми "Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ"
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз 1 сентябри соли 2020 низоми "Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ" ҷорӣ гардида, ҳуҷҷатгузории мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо дар самти барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ аз ҳомили қоғазӣ ба электронӣ гузаронида шавад.
2. Номгӯи мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, ки ба иштирокдорони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификат барои содирот, воридот ва транзити молро бо истифода аз низоми "Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ" пешниҳод менамоянд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
3. Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази Равзанаи ягона" дар назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасии мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ба номгӯи воридшударо ба низоми "Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ" таъмин намояд.
4. Мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки ба номгӯй ворид шудаанд, ҳамаи масъалаҳои техникӣ ва ташкилиро барои пайваст шудан ба низоми "Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ" ҳаллу фасл намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 24 июли соли 2020 № 410
ш. Душанбе
Номгӯи мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, ки ба иштирокдорони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификат барои содирот, воридот ва транзити молро бо истифода аз низоми "Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ" пешниҳод менамоянд
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259)
1. Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқавории Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
5. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
6. Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
7. Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
8. Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
9. Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
10. Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон .
11. Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

10. Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.