Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 июни соли 2020, №390
тасдиқ шудааст
Оинномаи корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон "Саноатсодиротбонк"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.06.2021 № 233, аз 21.05.2022 № 247, аз 28.09.2024 № 517)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон "Саноатсодиротбонк" (минбаъд - Бонк),- шахси ҳуқуқии тиҷоратӣ маҳсуб ёфта, дар заминаи таҷдиди муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъсис ёфтааст.
2. Бонк вориси ҳуқуқии муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" маҳсуб меёбад.
3. Бонк фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ", "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон", дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва оинномаи мазкур амалӣ менамояд.
4. Муассиси Бонк Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
2. НОМИ ФИРМАВӢ ВА МАҲАЛЛИ ҶОЙГИРШАВИИ БОНК
5. Номи расмии Бонк:
- бо забони давлатӣ: корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон "Саноатсодиротбонк";
- номи мухтасар: КВД БССТ "Саноатсодиротбонк";
- бо забони русӣ: государственное унитарное предприятие промышленноэкспортный банк Таджикистана "Саноатсодиротбонк";
- номи мухтасар: ГУП ПЭБТ "Саноатсодиротбонк";
- бо забони англисӣ: state unitary enterprised industrial and export bank of Tajikistan "Sanoatsodirotbonk";
- номи мухтасар: SUEIEBT "Sanoatsodirotbonk";.
6. Бонк дорои муҳр мебошад, ки дар он Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир гардида, номи пурраи Бонк бо забони давлатӣ ва бо яке аз забонҳои хориҷӣ сабт шудааст.
7. Суроғаи ҳуқуқӣ ва маҳалли ҷойгиршавии Бонк:
Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 21 .
8. Бонк аз дастгоҳи марказӣ, воҳидҳои алоҳида, аз ҷумла филиалҳо дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагиҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва воҳидҳои сайёр иборат буда, ба низоми ягонаи бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад.
3. МАҚСАДИ ФАЪОЛИЯТИ БОНК
9. Бонк бо мақсади расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, фаъолияти худро бо роҳи анҷом додани амалиётҳои бонкӣ, инчунин бо мақсади гирифтани фоида ба роҳ мемонад.
10. Самти афзалиятноки фаъолияти Бонк дастгирии корхонаҳои навтаъсис, амалкунанда ва соҳибкорони инфиродӣ барои истеҳсол, банду баст, нигоҳдории молу маҳсулот, аз ҷумла молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда бо роҳи амалӣ намудани амалиёти бонкӣ мебошад.
11. Бонк бо мақсади таъмини рушди дарозмуддати иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фароҳам овардани шароит барои рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани самаранокии сармоягузорӣ ва зиёд намудани сармоягузорӣ ба иқтисодиёти миллӣ тавассути иштирок дар лоиҳаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он, аз ҷумла бо иштироки сармояҳои хориҷӣ, ки ба рушди инфрасохтор, саноат, содирот, инноватсия, инчунин самаранокии неру, дастгирии содирот ва тавсеаи дастрасии маҳсулоти саноатии (мол, кор ва хизматрасонӣ) Тоҷикистон ба бозорҳои хориҷӣ, нигаронида шудааст, аз он ҷумла дигар лоиҳаҳо ва (ё) муомилот дар доираи сармоягузорӣ, машваратӣ ва фаъолияти дигар амал мекунад.
12. Бонк метавонад ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қарзҳоро дар соҳаҳои тиҷорат, хизматрасонӣ, сохтмон, савдо ва дигар соҳаҳо, бо мақсадҳои тиҷоратӣ ва истеъмолию ипотекӣ пешниҳод намояд.
4. АМАЛИЁТИ БОНКӢ
13. Бонк фаъолияти худро дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ташкил намуда, метавонад амалиёти зерини бонкиро анҷом диҳад:
1) ҷалби амонат ва пасандозҳо;
2) додани қарзҳо (таъминшуда ва таъминнашуда), аз ҷумла:
- қарзҳои истеъмолӣ, ипотекӣ ва байнибонкӣ;
- факторинг;
- форфейтинг;
3) кушодан ва пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ;
4) хариду фурӯши воситаҳои зерин барои худ ё муштариён:
- воситаҳои бозории пулӣ, аз ҷумла, чекҳо, векселҳо, кафолатномаҳо ва тасдиқномаҳои пасандозӣ;
- асъори хориҷӣ;
- саҳмияҳо ва дигар коғазҳои қиматноки интиқолшаванда;
- қарордодҳои форвардӣ, созишномаҳои свопӣ, фючерсӣ, опсионӣ ва дигар ҳосилаҳое, ки ба асъор, саҳмияҳо, вомбаргҳо, металлу сангҳои қиматбаҳо ё қурбу меъёрҳои фоизӣ дахл доранд;
5) додани кафолат, баҳисобгирии уҳдадориҳои шартӣ, аз ҷумла кафолатҳо ва эътиборномаҳо (аккредитивҳо) барои ҳуд ва муштариён;
6) ҳисоббаробаркунӣ ва интиқоли маблағҳо, аз ҷумла интиқоли электронии маблағҳо, барориш ва ё хизматрасонии воситаҳои пардохт, ба истиснои интиқолҳои почтавӣ;
7) миёнаравӣ дар бозори пулӣ;
8) амалиёти сейфӣ, нигаҳдорӣ ва идоракунии дороиҳо (пул, қоғазҳои қиматнок, металлҳо, ҷавоҳирот ва ғайра);
9) хизматрасонии амалиёти ба боварӣ асосёфта (идоракунии маблағҳои пулӣ, қоғазҳои қиматнок ва ғайра ба манфиати боварикунанда ва дар асоси супориши он;
10) амалиёти дигари гуногун, ки аз амалиёти дар банди мазкур зикршуда бармеоянд ва бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;
11) амалиёти кассавӣ: қабул намудан, аз нав ҳисоб кардан, иваз намудан, бастан ва нигоҳ доштани пулҳои коғазӣ ва тангаҳо;
12) қабул намудан (инкассатсия) ва фиристодани пулҳои коғазӣ, тангаҳо ва ашёи қиматбаҳо.
13) Бонк, ғайр аз амалиёти бонкии дар банди 13 зикршуда ҳуқуқ дорад, аҳдҳои зеринро анҷом диҳад:
- додани замонат, ки иҷрои уҳдадориҳои пулиро дар назди шахси сеюм пешбинӣ менамояд;
- иҷораи молиявӣ (лизинг);
- амалиёт бо металлу сангҳои қиматбаҳо мутобиқи қонунгузорӣ;
- пешниҳоди хизматрасонӣ ба сифати агенти молиявӣ;
- пешниҳоди хизматрасонӣ ба сифати мушовири молиявӣ;
- хизматрасонӣ оид ба пешниҳоди иттилооти молиявӣ ва қарзӣ.
5. ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРИИ БОНК
14) Бонк фаъолияти сармоягузории худро дар шаклҳои зерин анҷом медиҳад:
15. маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои рушди инфрасохтори ба содирот ва истеҳсолоти воридотивазкунанда нигаронидашуда, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, хусусан бо роҳи пешниҳоди қарз ё иштирок дар сармояҳои шахсони ҳуқуқии тиҷоратии давлатӣ ва хусусӣ, новобаста аз шакли моликият;
- иштирок дар татбиқи барномаҳои мақсадноки давлатӣ ва барномаҳои сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла дастгирии давлатии содироти мол, кор ва хизматрасонии соҳибкорони ватанӣ;
- иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории дорои аҳамияти давлатӣ, ки дар асоси шарикии давлат ва бахши хусусӣ амалӣ карда мешавад;
- хариди қоғазҳои қиматнок, ки аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон бароварда шудаанд.
6. МУНОСИБАТИ ТАРАФАЙНИ БОНК БО МУАССИС
16. Муассис аз рӯи ухдадориҳои Бонк масъулият надорад.
17. Бонк аз рӯи ухдадориҳои Муассис масъулият надорад.
18. Муносибатҳои Бонк ва Муассис тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешаванд.
7. КОРМАНДОНИ РОҲБАРИКУНАНДАИ БОНК
19. Раиси, Раёсати Бонк; муовини якум ва муовини ӯ, аъзои Раёсати Бонк, сармуҳосиби Бонк, мудирон ва сармуҳосибони филиалҳои Бонк кормандони роҳбарикунанда ба ҳисоб мераванд.
20. Раиси Раёсати Бонк, муовини якум, муовини ӯ ва аъзои Раёсати Бонк аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
21. Сармуҳосиби Бонк баъди гузаштани санҷиши тахассусӣ, бо розигии Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Раёсати Бонк тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва озод карда мешавад.
22. Мудирон ва сармуҳосибони филиалҳои Бонк аз ҷониби Раиси Раёсати Бонк бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
23. Кормандони роҳбарикунандаи Бонк аз лаҳзаи ба вазифа таъин шудан минбаъд ҳар сол бояд ба таври хаттӣ ба Раёсати Бонк оид ба ҳар гуна манфиатҳои шахсии молиявии бевосита ё бавоситаи худ, аъзои оила ва шахсони дигаре, ки бо онҳо хоҷагии умумӣ доранд, маълумот диҳанд.
8. ИДОРАКУНИИ БОНК
24. Бонк аз ҷониби мақомоти зерин идора карда мешавад:
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Раёсати Бонк;
- Раиси Раёсати Бонк.
25. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- роҳбарӣ ва назорати умумии фаъолияти Бонкро амалӣ менамояд;
- ба оинномаи Бонк тағйиру иловаҳо ворид менамояд;
- оид ба ташаккули фонди оинномавии Бонк қарор қабул менамояд;
- фонди оинномавии Бонкро аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ зиёд менамояд;
- Раиси Раёсати Бонк, муовини якум ва муовини ӯро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд:
- ҳайати Раёсати Бонкро муайян, аъзои онро тасдиқ ва озод менамояд;
- як нафар намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба узвияти Кумитаи аудити Бонк пешниҳод менамояд;
- барои бастани аҳдҳо нисбати молу мулке, ки тибқи қонунгузорӣ розигии Муассисро талаб мекунад, иҷозат медиҳад;
- дар ҳолати зарурӣ самтҳои иловагии фаъолияти Бонкро муайян менамояд.
26. Раёсати Бонк фаъолияти худро дастаҷамъона амалӣ намуда, ба ҳайати он 5 нафар шомиланд.
27. Ҳайати Раёсати Бонк, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, аз Раиси Раёсати Бонк, муовини якум ва муовини ӯ, ду нафар намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла як нафар намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
28. Раёсати Бонк барои муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти Бонк ва назорати татбиқи он масъул буда, инчунин назорати идоракунии онро анҷом медиҳад.
29. Раёсати Бонк дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- ҳадафҳои асосӣ ва дурнамои фаъолияти Бонкро муайян менамояд;
- иҷрои ҳадафҳо ва афзалиятҳои муайяншударо назорат мекунад;
- стандартҳои идоракунии хавфҳо ва меъёрҳои ҳадди ақалли мақбули дохилиидоравиро муқаррар менамояд;
- хавфҳои асосие, ки Бонк дучори онҳо мегардад, ошкор ва ҳадди ҷоизи ин хавфҳоро муқаррар менамояд;
- тадбирҳое, ки мақоми иҷроияи Бонк барои ошкор, андозагирӣ, мониторинг ва назорати хавфҳо меандешад, назорат менамояд;
- маоши хизматии Раиси Раёсати Бонк, муовини якум ва муовини ӯро муқаррар мекунад;
оид ба ифтитоҳу барҳамдиҳии филиалҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, воҳидҳои сайёр ва намояндагиҳои Бонк дар дохили ҷумҳурӣ ва берун аз он қарор қабул мекунад ва низомномаҳои онҳоро тасдиқ менамояд;
- кумитаи аудити Бонкро таъсис медиҳад ва низомномаи онро тасдиқ менамояд;
- кумитаи қарзии Бонкро таъсис медиҳад ва низомномаи онро тасдиқ менамояд;
- кумитаи дороӣ ва уҳдадориҳои Бонкро таъсис медиҳад ва низомномаи онро тасдиқ менамояд;
- ҳисоботи Кумитаи аудити Бонкро баррасӣ менамояд;
- низомномаи мукофотонидани кормандони Бонкро тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ менамояд;
- ҳисоботи солонаи Бонкро аз рӯи ҳамаи самтҳои фаъолият, аз ҷумла қисми даромаду хароҷот ва натиҷаҳои аудити дохилию берунӣ баррасӣ менамояд, оид ба тақсим намудани фоидаи гирифташуда ба фондҳои захиравӣ ва дигар мақсадҳо ё рӯйпӯш намудани зарари дар натиҷаи фаъолият, ё ҳолатҳои ғайричашмдошт ба вуҷудомада аз ҳисоби ин фондҳо қарорҳои дахлдор қабул менамояд;
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ барои додани қарзҳои калон ва қарзҳо ба шахсони вобаста (алоқаманд) розигӣ медиҳад;
- ба Раиси Раёсати Бонк ҷиҳати аз тавозуни Бонк хориҷ намудани воситаҳои асосии аз истифода баровардашуда бо роҳи фурӯхтан, ба шахсони дигар ройгон додан ё бо дигар роҳҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ бегона намудани онҳо розигӣ медиҳад;
- нархгузорӣ мустақил (нархгузорон)-ро ҷиҳати муайян сохтани арзиши молу мулк ва дигар дороиҳои Бонк дар ҳолатҳои пешбини - намудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад;
- тамғаи хизматрасонии Бонкро тасдиқ менамояд.
30. Раёсати Бонк барои истифодаи мақсадноку самаранок бо дарназардошти хавфҳо дуруст равона гардидани маблағҳои ба Бонк аз буҷети давлатӣ ҷудошуда, масъулият дорад.
31.Фаъолияти Раёсати Бонк асосан бо роҳи гузаронидани ҷаласа сурат мегирад.
32. Ҷаласаҳои Раёсати Бонк вобаста ба зарурат, вале на камтар аз ду маротиба дар як сол гузаронида мешаванд ва дар сурате салоҳиятнок ҳисоб мегарданд, ки агар дар онҳо на камтар аз 3 нафар аъзои Раёсати Бонк иштирок дошта бошанд. Дар ҷаласаҳо масъалаҳои мансуб ба салоҳияти Раёсати Бонк баррасӣ гардида, қарорҳо бо тарафдории аксарияти овозҳои аъзои ширкатдоштаи Раёсат қабул мешаванд. Дар ҳолати баробар будани овозҳо, овози Раиси Раёсати Бонк ҳалкунанда мебошад № 517.
33.Ҳангоми зарурат бо ташаббуси Раиси Раёсати Бонк, бо талаби узви Раёсати Бонк ё аудитори дохилӣ аз ҷониби Раиси Раёсати Бонк ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати Бонк даъват карда мешавад.
34.Дар ҳолати ба миён омадани зарурат бо иҷозати Раиси Раёсати Бонк қарорҳои Раёсат оид ба масъалаҳои алоҳида метавонанд бе баргузории ҷаласа, бо роҳи гузаронидани пурсиши хаттии на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи аъзои Раёсати Бонк ва розигии аксари онҳо қабул карда шаванд.
35.Ҷаласаҳои Раёсат аз ҷониби Раиси Раёсати Бонк даъват карда мешаванд. Роҳбарии ҷаласаҳои Раёсатро Раиси Раёсати Бонк анҷом медиҳад. Дар ҷаласаҳои Раёсати Бонк протокол бурда мешавад. Пешбурди протоколи ҷаласаи Раёсати Бонк ба зиммаи котиби ҷаласа, ки аз тарафи Раиси Раёсати Бонк таъин карда мешавад, вогузор карда мешавад. Протоколҳои ҷаласаҳои Раёсати Бонк дар муддати на дертар аз се рӯз аз лаҳзаи гузаронидани ҷаласа тартиб дода шуда, аз ҷониби Раиси Раёсати Бонк ва котиби ҷаласа имзо карда мешавад.
36.Тартиби (регламенти) даъват ва баргузории ҷаласаҳои Раёсати Бонк бо ҳуҷҷатҳои дохилиидоравии Бонк муайян карда мешавад.
37. Ваколатҳои аъзои Раёсати Бонк метавонанд бо қарори Муассис қатъ шаванд.
38. Раиси Раёсати Бонк мақоми иҷроияи Бонк буда, роҳбарии бевоситаи фаъолияти Бонкро амалӣ менамояд ва барои иҷрои қарорҳо масъулияти шахсӣ дорад.
39. Раиси Раёсати Бонк дорон ваколатҳои зерин мебошад:
- бидуни ваколатнома аз номи Бонк амал мекунад, манфиатҳои онро дар муносибатҳо бо мақомоти давлатӣ, судӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ намояндагӣ менамояд, шартномаҳо мебандад, ваколатномаҳо медиҳад ва дигар аҳду амалҳоро, ки мухолифи қонунгузорӣ нестанд, анҷом медиҳад;
- мутобиқи қонунгузорӣ кормандони Бонкро ба вазифа таъин мекунад ва аз вазифа озод менамояд, музди меҳнати онҳоро муқаррар мекунад;
- сохтори воҳидҳои таркибии дастгоҳи марказии Бонкро муайян намуда, низомномаҳои онҳоро тасдиқ менамояд;
- ҳайати сохтори воҳидҳои алоҳидаи Бонкро муайян намуда, низомномаҳои онҳоро тасдиқ менамояд;
- фаъолияти воҳидҳои алоҳидаи Бонкро сарпарастӣ мекунад;
- масъалаҳои интихоб, ҷобаҷогузорӣ; тарбия ва истифодаи кадрҳоро ҳал мекунад;
- аз тарафи кормандони Бонк риоя шудани қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти Бонкро назорат мекунад;
- ба ҳуҷҷатҳои пулию ҳисоби хазинавӣ ва муросилотӣ имзо мегузорад;
- вазифаҳоро байни муовини якум ва муовини Раиси Раёсати Бонк тақсим мекунад;
- нақшаи молиявӣ (буҷети солона) ва кории Бонкро тасдиқ менамояд;
- иҷрои талаботи қонунгузории бонкӣ, санадҳои меъёрии ҳуқукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таъмин мекунад;
- санадҳои меъёрии дохилибонкиро, ки тартиб ва қоидаҳои хизматрасонии бонкиро, аз ҷумла ташкили қарздиҳӣ, ҷалби пасандоз, шартҳои умумии сармоягузорӣ, хизматрасонии хазинавӣ, ҳифзи маблағи пулӣ ва дороиҳои қиматноки Бонк, баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ, назорати дохилибонкӣ, таъмини манфиатҳои муштариён ва масъалаҳои дигари танзимкунандаи фаъолияти бонкӣ ва иҷрояшон барои ҳамаи воҳидҳои алоҳидаи Бонк ҳатмиро, тасдиқ мекунад;
- намудҳои нави хизматрасониҳои бонкиро дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва татбиқ менамояд;
- ба кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои алоҳидаи Бонк барои дастоварду комёбиҳои меҳнатӣ мукофотпулӣ таъин менамояд;
- ба музди меҳнати кормандон иловапулӣ ва изофапулиҳо муқаррар мекунад;
- дар ҳолати вайрон гардидани қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ нисбати кормандон ҷазои интизомиро татбиқ менамояд;
- сметаи хароҷотро тасдиқ мекунад;
- барои аз тавозуни Бонк хориҷ намудани воситаҳои асосии аз истифода баровардашуда бо роҳи фурӯхтан, ба шахсони дигар ройгон додан ё бо дигар роҳҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ бегона намудани онҳо ба Раёсати Бонк дархостҳои асоснок пешниҳод менамояд;
- фармоишҳо мебарорад ва супоришҳо медиҳад, ки иҷрои онҳо барои ҳамаи кормандони Бонк ҳатмӣ мебошанд.
9. БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ ВА ҲИСОБОТИ МОЛИЯВИИ БОНК
40 Бонк қоидаҳои ҳисобдорӣ, феҳрист, шаклҳо, тартиби таҳия ва муҳлати пешниҳоди ҳисоботи молиявиро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, аз рӯи стандарти ягонаи ҳисоботи молиявӣ ва принсипҳои ҳисобдории муҳосибавии масоили ташкили баҳисобгирӣ ва ҳисобдиҳии бонкҳо ба роҳ мемонад.
41. Бонк сиёсати ҳисобдории худро мутобиқ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон мустақилона муайян менамояд.
42. Натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Бонк дар тавозуни моҳона ва солона, дар ҳисоботи даромаду хароҷот ва ҳамчунин дар ҳисоботи солона, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад. инъикос меёбад.
43. Соли ҳисоботии Бонк аз 1 январ оғоз гардида, 31 декабр ба анҷом мерасад.
44. Тавозуни солона ва ҳисобот дар бораи даромад ва хароҷоти Бонк пас аз гузаштани аудит бо риояи талаботи қонунгузорӣ дар матбуот нашр мегардад.
45. Бонк уҳдадор мебошад, ки ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва феҳристи баҳисобгирии муҳосибиро дар ҳомили коғазӣ ва ё электронӣ то муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дорад.
46. Ҳисоботи молиявии Бонк тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
47. Барои ташкил, нигоҳдории баҳисобгирӣ, феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ Раиси Раёсати Бонк ва сармуҳосиби Бонк масъул мебошанд.
48. Маълумоти аввалия ва феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ сирри тиҷоратӣ ба ҳисоб рафта, кормандон танҳо бо иҷозати Раиси Раёсати Бонк ба онҳо дастрасӣ дошта метавонанд.
49. Фоидаеро, ки Бонк дар натиҷаи ба роҳ мондани амалиёти бонкӣ ва дигар аҳдҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манънашуда, пас аз пардохти андозҳо ба даст меорад, бо тартиби пешбининамудаи оинномаи мазкур мустақилона тақсим карда мешавад.
50. Андоз аз даромади (фоидаи) Бонк бо таври мутамарказ аз ҷониби муҳосиботи дастгоҳи марказии Бонк пардохта мешавад № 517.
51. Бонк пас аз пардохти андозҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фоидаи софи худро бо қарори Раёсати Бонк ба фондҳои захиравӣ равона менамояд, ё ба дигар мақсадҳо истифода мебарад. Зарари дар натиҷаи фаъолияти Бонк ё ҳолатҳои ғайричашмдошт бавуҷудомада бо қарори Раёсати Бонк аз ҳисоби ин фондҳо рӯйпуш карда мешаванд.
10. ДОРОИҲОИ БОНК
52. Молу мулки Бонк дар заминаи молу мулки муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", дигар молу мулки аз ҷониби Муассис ба Бонк додашуда, фоидаи дар натиҷаи фаъолияти тиҷоратӣ бадастовардаи Бонк, маблағҳои хайрия, грантҳо ва дигар даромадҳои қонунӣ ташаккул меёбад.
53. Молу мулки Бонк - иморат, бино, иншоот, таҷҳизот, дастгоҳҳо, воситаҳои дигаре, ки ба фонди оинномавӣ дохил мешаванд, моликияти Муассис маҳсуб ёфта, ба Бонк таҳти ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ вобаста мегардад. Соҳибӣ, истифодабарӣ ва ихтиёрдории молу мулке, ки таҳти ҳуқуқи пешбурди хоҷагидории Бонк қарор доранд, бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
54. Бонк молу мулки манқул ва ғайриманқулеро, ки дар натиҷаи амалӣ намудани фаъолияти тиҷоратӣ ва аз ҳисоби истифодабарии маблағҳои худӣ ба даст овардааст, мустақилона соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ менамояд, яъне Бонк метавонад молу мулки манқул ва ғайриманқулеро, ки дар натиҷаи фаъолияти тиҷоратиаш ба даст овардааст, бо фармоиши Раиси Раёсати Бонк ва розигии Раёсати Бонк, аз ҳисоб барорад ё бо дигар роҳҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бегона намояд. Бонк метавонад молу мулкеро, ки бар ивази қарз қабул намудааст, бо фармоиши Раиси Раёсати Бонк ва розигии Раёсати Бонк то ба фурӯш рафтан ба иҷора диҳад
55. Бонк дар ҳолати иҷро нагардидани ухдадориҳои қарзӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии дохилиидоравии Бонк молу мулки ба гарав гирифташударо ба фурӯш бароварда, маблағи пулиро барқарор менамояд.
56. Дороиҳои Бонк аз фондҳои асосӣ ва воситаҳои муомилотӣ, инчунин дигар дороиҳое, ки арзиши онҳо дар тавозуни Бонк таҷассум ёфтаанд, иборат мебошанд. Молу мулки Бонк тақсимнашаванда мебошад.
57. Фондҳои захиравӣ ва дигар фондҳое, ки аз фоидаи Бонк ташаккул меёбанд, молу мулки Бонк ба ҳисоб мераванд.
58. Дар Бонк фондҳои зерин ташаккул меёбанд:
- фонди оинномавӣ ва фондҳои захиравӣ;
- дигар фондҳо.
59. Тартиби ташаккул ва истифодаи фондҳо аз ҷониби Раёсати Бонк бо дарназардошта риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тартиботи муқарраргардида муқаррар карда мешавад.
60. Фонди оинномавии Бонк бо қарори Муассис ба андозаи на камтар аз ҳадди ақали муқаррарнамудаи Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ташаккул меёбад.
61. Фонди оинномавии Бонк ба маблағи 468 696 114 (чорсаду шасту ҳашт миллиону шашсаду наваду шаш ҳазору яксаду чордаҳ) сомонӣ ташаккул дода шудааст№ 517
62. Фонди оинномавии Бонк бо қарори Муассис аз ҳисоби сарчашмаҳои зерин зиёд карда мешавад:
- маблағҳои аз буҷет ҷудогардида;
- фоидаи софи Бонк;
- дороиҳои Бонк;
- дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
63. Тартиби ҳисоби сармояи танзимшаванда ва қисмҳои таркибии онро Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ оид ба назорати бонкӣ муқаррар мекунад.
11. СИЁСАТИ ҚАРЗИЮ ФОИЗИИ БОНК
64. Манбаъҳои қарзии Бонк аз ҳисоби маблағҳои зерин ташаккул меёбанд:
- захираҳои марказонидашудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- маблағҳои муштариён, ҳамчунин маблағҳои буҷетӣ, ки дар суратҳисобҳои Бонк мавҷуданд;
- амонатҳои вазорату идораҳо ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба муҳлати муайян ва то дархост ҷалб карда шудаанд;
- қарзҳои ҷалбшудаи дигар ташкилотҳои қарзӣ;
- маблағҳо аз рӯи ҳисоббаробаркунии низоми дохилибонкӣ;
- маблағҳои дигари ҷалбшуда.
65. Сиёсати фоизии Бонк бо мақсади расидан ба ҳадафи дар назди он гузошташуда аз ҷониби Раёсати Бонк муайян карда мешавад.
66. Бо мақсади дастгирии фаъолияти соҳибкории ба маблағгузории соҳибкории истеҳсолӣ нигаронидашуда, бахусус дар соҳаҳои истеҳсолоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, паст намудани фоизи миёнавазнии қарзҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои дастрасии аҳолӣ ва соҳибкорон ба воситаҳои молиявӣ, Бонк ҳуқуқ дорад меъёрҳои фоизии қарзҳои пешниҳодшавандаро пасттар аз меъёри фоизии миёнаи бонкӣ ва меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар намояд.
12. НАЗОРАТИ ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИЮ ХОҶАГИДОРИИ БОНК
67. Санҷиши фаъолияти Бонк ва филиалҳои он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти марбутаи ваколатдор анҷом дода мешавад.
68. Санҷиши фаъолияти филиалҳои Бонкро хадамоти аудити дохилии Бонк анҷом медиҳад.
69. Фаъолияти Бонк ҳар сол як маротиба тибқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ, аз тарафи ташкилоти аудиторие, ки ба рӯйхати тасдиқнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон дохил гардидааст, санҷида мешавад.
70. Хулосаи аудиторӣ ба таври ҳатмӣ аз ҷониби Бонк нашр карда мешавад.
71. Кумитаи аудити Бонк - Кумитаи аудити Бонк бо қарори Раёсати Бонк таъсис меёбад.
72. Аъзои Кумитаи аудит ба муҳлати 4 сол аз ҷониби Раёсати Бонк таъин карда мешаванд. Раиси Кумитаи аудит аз ҳисоби аъзои он аз ҷониби Раёсати Бонк таъин карда мешавад.
73. Ҳайати Кумитаи аудити Бонк аз 3 (се) нафар иборат буда, аз ҷониби Раиси Раёсати Бонк пешниҳод ва дар ҷаласаи Раёсати Бонк тасдиқ, карда мешавад. Як нафар аъзои Кумитаи аудит намояндаи пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
74. Кумитаи аудити Бонк дар назди Раёсати Бонк амал карда, дорои ваколату уҳдадориҳои зерин мебошад:
- баррасӣ ва тавсияи қабули нақшаи солонаи аудит, қоидаҳои ҳисобдорию назорати онҳо ва идоракунии хавфҳо дар Бонк;
- додани тавсия барои таъини аудитори берунии Бонк;
- баррасии хулосаи аудитори берунӣ оид ба ҳисоботи молиявии Бонк, ба Раёсати Бонк хабар додани ҳар гуна камбудиҳои ошкоршуда;
- талаб кардани ҳисобот аз хадамоти аудити дохилии Бонк;
- мониторинги мутобиқати фаъолияти Бонк ба қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва пешниҳоди маълумот ба Раёсати Бонк;
- баррасии амалиёт ва аҳдҳои Бонк дар заминаи нақшаҳои тасдиқ - намудаи Кумитаи аудит;
- баррасии ҳисоботи Бонк, ки ба Бонки-миллии Тоҷикистон пешниҳод мешавад;
- пешниҳоди гузориш оид ба ҳама масъалаҳои дар назди Кумитаи аудит аз ҷониби Раёсати Бонк гузошташуда;
- ҳар сол на камтар аз як маротиба пешниҳод намудани ҳисобот ба Раёсати Бонк оид ба фаъолияти худ.
75. Қарорҳои Кумитаи аудит бо аксарияти овози аъзои иштирокдошта қабул карда мешаванд. Ҳангоми баробар будани миқдори овозҳо, овози Раиси Кумитаи аудит ҳалкунанда мебошад.
76. Дар Бонк аудити дохилӣ амал менамояд, ки онро сараудитор роҳбарӣ менамояд.
77. Тартиби фаъолияти аудити дохилиро Раёсати Бонк бо тасдиқи низомномаи он муқаррар менамояд.
78. Назорат аз болои фаъолияти молиявию хоҷагидории Бонк аз ҷониби аудити дохилӣ - мақоми дохилии доимоамалкунанда амалӣ мегардад.
79. Санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории Бонк тибқи нақшаи чорабинии тасдиқшуда гузаронида мешавад, инчунин ҳангоми зарурат бо ташаббуси Кумитаи аудит, Раёсати Бонк ва Раиси Раёсати Бонк гузаронида мешавад.
13. ФИЛИАЛҲО, НАМОЯНДАГИҲО, МАРКАЗҲОИ ХИЗМАТРАСОНИИ БОНКӢ ВА ВОҲИДҲОИ САЙЁР
80. Бо мақсади таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии бонкӣ ва бо дарназардошти манфиатҳои иқтисодӣ, Бонк бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи мустақилонаи ташкил намудани филиалҳо ва намояндагиҳои худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар дорад.
81. Филиалҳо, намояндагиҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва воҳидҳои сайёр аз ҷониби Бонк бо ҳама гуна молу мулки зарурӣ, ки молу мулки Бонк маҳсуб ёфта дар тавозуни Бонк қарор доранд таъмин мегарданд. Молу мулки филиалҳо ва намояндагиҳо дар тавозуни алоҳида ва ҳамчунин дар тавозуни Бонк инъикос меёбанд.
82. Филиалҳо, намояндагиҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва воҳидҳои сайёр дар асоси низомномаҳои аз ҷониби Раёсати Бонк тасдиқгардида фаъолият мекунанд.
83. Филиалҳо ва намояндагиҳои Бонк фаъолияти худро аз номи Бонк анҷом медиҳанд.
84. Бонк ҳуқуқ дорад тибқи тартиби муқараргардида берун аз маҳалли воқеъгардидаи худ воҳидҳои сохтории дигарро таъсис диҳад.
85. Бо мақсади дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии бонкӣ Бонк ҳуқуқи мустақилонаи таъсис додани марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва воҳидҳои сайёрро дорад. Марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва воҳидҳои сайёр воҳиди сохтории бонк ва (ё) филиалҳои Бонк ба шумор рафта, амалиёти алоҳидаи бонкиро, ки номгӯи онҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муайян гаштаанд, тибқи муқаррароти Раёсати Бонк анҷом медиҳанд.
14. ҲУҚУҚҲОИ МУШТАРИЁНИ БОНК ВА ҲИМОЯИ ОНҲО
86. Асоси ҳуқуқии муносибатҳои тарафайни Бонк бо муштариён шартномаҳо ба ҳисоб мераванд, ки ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти Тарафҳоро ба танзим медароранд.
87. Ҳангоми муфлис (ғайри қобили пардохт) эътироф гардидани Бонк, Муассис баргардонидани маблағҳои пасандозии шахсони вокеию ҳуқуқиро кафолат медиҳад ва ин пасандозҳоро бо талаби амонатгузорон бармегардонад.
88. Ҳуқуқҳои амонатгузорони Бонк ва ҳимояи онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
15. ҲУҚУҚҲОИ БОНК
89. Бонк ҳуқуқ дорад, барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ ва бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муассиси бонки дигар бошад, ба ҷамъиятҳо, иттифоқҳо, иттиҳодияҳо, ассосиатсияҳои ватанӣ ва хориҷӣ шомил гардад.
16. БАРҲАМДИҲӢ ВА АЗНАВТАШКИЛДИҲИИ БОНК
90. Азнавташкилдиҳии Бонк бо қарори Муассис метавонад дар шакли муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ, тақсимшавӣ, ҷудошавӣ ва табдилдиҳӣ баъди гирифтани розигии пешакии Бонки миллии Тоҷикистон сурат гирад.
91. Барҳамдиҳии Бонк тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ" амалӣ мегардад.
17. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
92. Кормандони Бонк наметавонанд сирри бонкӣ, иттилооти махфӣ, инсайдерӣ ва дигар иттилооти хизматиро, ки ба онҳо ҳангоми иҷрои вазифаю уҳдадориҳои дахлдор маълум гаштааст, ба шахсони ба чунин иттилоот дастрасӣ надошта, ифшо намоянд.
93. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи мазкур бо қарори Муассис сурат мегирад.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 июни соли 2020, №390
тасдиқ шудааст
Оинномаи корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон "Саноатсодиротбонк"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.06.2021 № 233, аз 21.05.2022 № 247)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон "Саноатсодиротбонк" (минбаъд - Бонк),- шахси ҳуқуқии тиҷоратӣ маҳсуб ёфта, дар заминаи таҷдиди муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъсис ёфтааст.
2. Бонк вориси ҳуқуқии муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" маҳсуб меёбад.
3. Бонк фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ", "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон", дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва оинномаи мазкур амалӣ менамояд.
4. Муассиси Бонк Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
2. НОМИ ФИРМАВӢ ВА МАҲАЛЛИ ҶОЙГИРШАВИИ БОНК
5. Номи расмии Бонк:
- бо забони давлатӣ: корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон "Саноатсодиротбонк";
- номи мухтасар: КВД БССТ "Саноатсодиротбонк";
- бо забони русӣ: государственное унитарное предприятие промышленноэкспортный банк Таджикистана "Саноатсодиротбонк";
- номи мухтасар: ГУП ПЭБТ "Саноатсодиротбонк";
- бо забони англисӣ: state unitary enterprised industrial and export bank of Tajikistan "Sanoatsodirotbonk";
- номи мухтасар: SUEIEBT "Sanoatsodirotbonk";.
6. Бонк дорои муҳр мебошад, ки дар он Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир гардида, номи пурраи Бонк бо забони давлатӣ ва бо яке аз забонҳои хориҷӣ сабт шудааст.
7. Суроғаи ҳуқуқӣ ва маҳалли ҷойгиршавии Бонк:
Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 21 .
8. Бонк аз дастгоҳи марказӣ, воҳидҳои алоҳида, аз ҷумла филиалҳо дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагиҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва воҳидҳои сайёр иборат буда, ба низоми ягонаи бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад.
3. МАҚСАДИ ФАЪОЛИЯТИ БОНК
9. Бонк бо мақсади расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, фаъолияти худро бо роҳи анҷом додани амалиётҳои бонкӣ, инчунин бо мақсади гирифтани фоида ба роҳ мемонад.
10. Самти афзалиятноки фаъолияти Бонк дастгирии корхонаҳои навтаъсис, амалкунанда ва соҳибкорони инфиродӣ барои истеҳсол, банду баст, нигоҳдории молу маҳсулот, аз ҷумла молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда бо роҳи амалӣ намудани амалиёти бонкӣ мебошад.
11. Бонк бо мақсади таъмини рушди дарозмуддати иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фароҳам овардани шароит барои рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани самаранокии сармоягузорӣ ва зиёд намудани сармоягузорӣ ба иқтисодиёти миллӣ тавассути иштирок дар лоиҳаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он, аз ҷумла бо иштироки сармояҳои хориҷӣ, ки ба рушди инфрасохтор, саноат, содирот, инноватсия, инчунин самаранокии неру, дастгирии содирот ва тавсеаи дастрасии маҳсулоти саноатии (мол, кор ва хизматрасонӣ) Тоҷикистон ба бозорҳои хориҷӣ, нигаронида шудааст, аз он ҷумла дигар лоиҳаҳо ва (ё) муомилот дар доираи сармоягузорӣ, машваратӣ ва фаъолияти дигар амал мекунад.
12. Бонк метавонад ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қарзҳоро дар соҳаҳои тиҷорат, хизматрасонӣ, сохтмон, савдо ва дигар соҳаҳо, бо мақсадҳои тиҷоратӣ ва истеъмолию ипотекӣ пешниҳод намояд.
4. АМАЛИЁТИ БОНКӢ
13. Бонк фаъолияти худро дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ташкил намуда, метавонад амалиёти зерини бонкиро анҷом диҳад:
1) ҷалби амонат ва пасандозҳо;
2) додани қарзҳо (таъминшуда ва таъминнашуда), аз ҷумла:
- қарзҳои истеъмолӣ, ипотекӣ ва байнибонкӣ;
- факторинг;
- форфейтинг;
3) кушодан ва пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ;
4) хариду фурӯши воситаҳои зерин барои худ ё муштариён:
- воситаҳои бозории пулӣ, аз ҷумла, чекҳо, векселҳо, кафолатномаҳо ва тасдиқномаҳои пасандозӣ;
- асъори хориҷӣ;
- саҳмияҳо ва дигар коғазҳои қиматноки интиқолшаванда;
- қарордодҳои форвардӣ, созишномаҳои свопӣ, фючерсӣ, опсионӣ ва дигар ҳосилаҳое, ки ба асъор, саҳмияҳо, вомбаргҳо, металлу сангҳои қиматбаҳо ё қурбу меъёрҳои фоизӣ дахл доранд;
5) додани кафолат, баҳисобгирии уҳдадориҳои шартӣ, аз ҷумла кафолатҳо ва эътиборномаҳо (аккредитивҳо) барои ҳуд ва муштариён;
6) ҳисоббаробаркунӣ ва интиқоли маблағҳо, аз ҷумла интиқоли электронии маблағҳо, барориш ва ё хизматрасонии воситаҳои пардохт, ба истиснои интиқолҳои почтавӣ;
7) миёнаравӣ дар бозори пулӣ;
8) амалиёти сейфӣ, нигаҳдорӣ ва идоракунии дороиҳо (пул, қоғазҳои қиматнок, металлҳо, ҷавоҳирот ва ғайра);
9) хизматрасонии амалиёти ба боварӣ асосёфта (идоракунии маблағҳои пулӣ, қоғазҳои қиматнок ва ғайра ба манфиати боварикунанда ва дар асоси супориши он;
10) амалиёти дигари гуногун, ки аз амалиёти дар банди мазкур зикршуда бармеоянд ва бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;
11) амалиёти кассавӣ: қабул намудан, аз нав ҳисоб кардан, иваз намудан, бастан ва нигоҳ доштани пулҳои коғазӣ ва тангаҳо;
12) қабул намудан (инкассатсия) ва фиристодани пулҳои коғазӣ, тангаҳо ва ашёи қиматбаҳо.
13) Бонк, ғайр аз амалиёти бонкии дар банди 13 зикршуда ҳуқуқ дорад, аҳдҳои зеринро анҷом диҳад:
- додани замонат, ки иҷрои уҳдадориҳои пулиро дар назди шахси сеюм пешбинӣ менамояд;
- иҷораи молиявӣ (лизинг);
- амалиёт бо металлу сангҳои қиматбаҳо мутобиқи қонунгузорӣ;
- пешниҳоди хизматрасонӣ ба сифати агенти молиявӣ;
- пешниҳоди хизматрасонӣ ба сифати мушовири молиявӣ;
- хизматрасонӣ оид ба пешниҳоди иттилооти молиявӣ ва қарзӣ.
5. ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРИИ БОНК
14) Бонк фаъолияти сармоягузории худро дар шаклҳои зерин анҷом медиҳад:
15.маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои рушди инфрасохтори ба содирот ва истеҳсолоти воридотивазкунанда нигаронидашуда, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, хусусан бо роҳи пешниҳоди қарз ё иштирок дар сармояҳои шахсони ҳуқуқии тиҷоратии давлатӣ ва хусусӣ, новобаста аз шакли моликият;
- иштирок дар татбиқи барномаҳои мақсадноки давлатӣ ва барномаҳои сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла дастгирии давлатии содироти мол, кор ва хизматрасонии соҳибкорони ватанӣ;
- иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории дорои аҳамияти давлатӣ, ки дар асоси шарикии давлат ва бахши хусусӣ амалӣ карда мешавад;
- хариди қоғазҳои қиматнок, ки аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон бароварда шудаанд.
6. МУНОСИБАТИ ТАРАФАЙНИ БОНК БО МУАССИС
16. Муассис аз рӯи ухдадориҳои Бонк масъулият надорад.
17. Бонк аз рӯи ухдадориҳои Муассис масъулият надорад.
18. Муносибатҳои Бонк ва Муассис тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешаванд.
7. КОРМАНДОНИ РОҲБАРИКУНАНДАИ БОНК
19. Раиси, Раёсати Бонк; муовини якум ва муовини ӯ, аъзои Раёсати Бонк, сармуҳосиби Бонк, мудирон ва сармуҳосибони филиалҳои Бонк кормандони роҳбарикунанда ба ҳисоб мераванд.
20. Раиси Раёсати Бонк, муовини якум, муовини ӯ ва аъзои Раёсати Бонк аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
21. Сармуҳосиби Бонк баъди гузаштани санҷиши тахассусӣ, бо розигии Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Раёсати Бонк тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва озод карда мешавад.
22. Мудирон ва сармуҳосибони филиалҳои Бонк аз ҷониби Раиси Раёсати Бонк бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
23. Кормандони роҳбарикунандаи Бонк аз лаҳзаи ба вазифа таъин шудан минбаъд ҳар сол бояд ба таври хаттӣ ба Раёсати Бонк оид ба ҳар гуна манфиатҳои шахсии молиявии бевосита ё бавоситаи худ, аъзои оила ва шахсони дигаре, ки бо онҳо хоҷагии умумӣ доранд, маълумот диҳанд.
8. ИДОРАКУНИИ БОНК
24. Бонк аз ҷониби мақомоти зерин идора карда мешавад:
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Раёсати Бонк;
- Раиси Раёсати Бонк.
25. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- роҳбарӣ ва назорати умумии фаъолияти Бонкро амалӣ менамояд;
- ба оинномаи Бонк тағйиру иловаҳо ворид менамояд;
- оид ба ташаккули фонди оинномавии Бонк қарор қабул менамояд;
- фонди оинномавии Бонкро аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ зиёд менамояд;
- Раиси Раёсати Бонк, муовини якум ва муовини ӯро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд:
- ҳайати Раёсати Бонкро муайян, аъзои онро тасдиқ ва озод менамояд;
- як нафар намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба узвияти Кумитаи аудити Бонк пешниҳод менамояд;
- барои бастани аҳдҳо нисбати молу мулке, ки тибқи қонунгузорӣ розигии Муассисро талаб мекунад, иҷозат медиҳад;
- дар ҳолати зарурӣ самтҳои иловагии фаъолияти Бонкро муайян менамояд.
26. Раёсати Бонк фаъолияти худро дастаҷамъона амалӣ намуда, ба ҳайати он 5 нафар шомиланд.
27. Ҳайати Раёсати Бонк, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, аз Раиси Раёсати Бонк, муовини якум ва муовини ӯ, ду нафар намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла як нафар намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
28. Раёсати Бонк барои муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти Бонк ва назорати татбиқи он масъул буда, инчунин назорати идоракунии онро анҷом медиҳад.
29. Раёсати Бонк дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- ҳадафҳои асосӣ ва дурнамои фаъолияти Бонкро муайян менамояд;
- иҷрои ҳадафҳо ва афзалиятҳои муайяншударо назорат мекунад;
- стандартҳои идоракунии хавфҳо ва меъёрҳои ҳадди ақалли мақбули дохилиидоравиро муқаррар менамояд;
- хавфҳои асосие, ки Бонк дучори онҳо мегардад, ошкор ва ҳадди ҷоизи ин хавфҳоро муқаррар менамояд;
- тадбирҳое, ки мақоми иҷроияи Бонк барои ошкор, андозагирӣ, мониторинг ва назорати хавфҳо меандешад, назорат менамояд;
- маоши хизматии Раиси Раёсати Бонк, муовини якум ва муовини ӯро муқаррар мекунад;
оид ба ифтитоҳу барҳамдиҳии филиалҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, воҳидҳои сайёр ва намояндагиҳои Бонк дар дохили ҷумҳурӣ ва берун аз он қарор қабул мекунад ва низомномаҳои онҳоро тасдиқ менамояд;
- кумитаи аудити Бонкро таъсис медиҳад ва низомномаи онро тасдиқ менамояд;
- кумитаи қарзии Бонкро таъсис медиҳад ва низомномаи онро тасдиқ менамояд;
- кумитаи дороӣ ва уҳдадориҳои Бонкро таъсис медиҳад ва низомномаи онро тасдиқ менамояд;
- ҳисоботи Кумитаи аудити Бонкро баррасӣ менамояд;
- низомномаи мукофотонидани кормандони Бонкро тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ менамояд;
- ҳисоботи солонаи Бонкро аз рӯи ҳамаи самтҳои фаъолият, аз ҷумла қисми даромаду хароҷот ва натиҷаҳои аудити дохилию берунӣ баррасӣ менамояд, оид ба тақсим намудани фоидаи гирифташуда ба фондҳои захиравӣ ва дигар мақсадҳо ё рӯйпӯш намудани зарари дар натиҷаи фаъолият, ё ҳолатҳои ғайричашмдошт ба вуҷудомада аз ҳисоби ин фондҳо қарорҳои дахлдор қабул менамояд;
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ барои додани қарзҳои калон ва қарзҳо ба шахсони вобаста (алоқаманд) розигӣ медиҳад;
- ба Раиси Раёсати Бонк ҷиҳати аз тавозуни Бонк хориҷ намудани воситаҳои асосии аз истифода баровардашуда бо роҳи фурӯхтан, ба шахсони дигар ройгон додан ё бо дигар роҳҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ бегона намудани онҳо розигӣ медиҳад;
- нархгузорӣ мустақил (нархгузорон)-ро ҷиҳати муайян сохтани арзиши молу мулк ва дигар дороиҳои Бонк дар ҳолатҳои пешбини - намудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад;
- тамғаи хизматрасонии Бонкро тасдиқ менамояд.
30. Раёсати Бонк барои истифодаи мақсадноку самаранок бо дарназардошти хавфҳо дуруст равона гардидани маблағҳои ба Бонк аз буҷети давлатӣ ҷудошуда, масъулият дорад.
31.Фаъолияти Раёсати Бонк асосан бо роҳи гузаронидани ҷаласа сурат мегирад.
32. Ҷаласаҳои Раёсати Бонк моҳе як маротиба гузаронида мешаванд ва дар сурате салоҳиятнок ҳисоб мегарданд, ки агар дар онҳо на камтар аз 3 нафар аъзои Раёсати Бонк иштирок дошта бошанд. Дар ҷаласаҳо масъалаҳои мансуб ба салоҳияти Раёсати Бонк баррасӣ гардида, қарорҳо бо тарафдории аксарияти овозҳои аъзои ширкатдоштаи Раёсат қабул мешаванд. Дар ҳолати баробар будани овозҳо, овози Раиси Раёсати Бонк ҳалкунанда мебошад.
33.Ҳангоми зарурат бо ташаббуси Раиси Раёсати Бонк, бо талаби узви Раёсати Бонк ё аудитори дохилӣ аз ҷониби Раиси Раёсати Бонк ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати Бонк даъват карда мешавад.
34.Дар ҳолати ба миён омадани зарурат бо иҷозати Раиси Раёсати Бонк қарорҳои Раёсат оид ба масъалаҳои алоҳида метавонанд бе баргузории ҷаласа, бо роҳи гузаронидани пурсиши хаттии на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи аъзои Раёсати Бонк ва розигии аксари онҳо қабул карда шаванд.
35.Ҷаласаҳои Раёсат аз ҷониби Раиси Раёсати Бонк даъват карда мешаванд. Роҳбарии ҷаласаҳои Раёсатро Раиси Раёсати Бонк анҷом медиҳад. Дар ҷаласаҳои Раёсати Бонк протокол бурда мешавад. Пешбурди протоколи ҷаласаи Раёсати Бонк ба зиммаи котиби ҷаласа, ки аз тарафи Раиси Раёсати Бонк таъин карда мешавад, вогузор карда мешавад. Протоколҳои ҷаласаҳои Раёсати Бонк дар муддати на дертар аз се рӯз аз лаҳзаи гузаронидани ҷаласа тартиб дода шуда, аз ҷониби Раиси Раёсати Бонк ва котиби ҷаласа имзо карда мешавад.
36.Тартиби (регламенти) даъват ва баргузории ҷаласаҳои Раёсати Бонк бо ҳуҷҷатҳои дохилиидоравии Бонк муайян карда мешавад.
37. Ваколатҳои аъзои Раёсати Бонк метавонанд бо қарори Муассис қатъ шаванд.
38. Раиси Раёсати Бонк мақоми иҷроияи Бонк буда, роҳбарии бевоситаи фаъолияти Бонкро амалӣ менамояд ва барои иҷрои қарорҳо масъулияти шахсӣ дорад.
39. Раиси Раёсати Бонк дорон ваколатҳои зерин мебошад:
- бидуни ваколатнома аз номи Бонк амал мекунад, манфиатҳои онро дар муносибатҳо бо мақомоти давлатӣ, судӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ намояндагӣ менамояд, шартномаҳо мебандад, ваколатномаҳо медиҳад ва дигар аҳду амалҳоро, ки мухолифи қонунгузорӣ нестанд, анҷом медиҳад;
- мутобиқи қонунгузорӣ кормандони Бонкро ба вазифа таъин мекунад ва аз вазифа озод менамояд, музди меҳнати онҳоро муқаррар мекунад;
- сохтори воҳидҳои таркибии дастгоҳи марказии Бонкро муайян намуда, низомномаҳои онҳоро тасдиқ менамояд;
- ҳайати сохтори воҳидҳои алоҳидаи Бонкро муайян намуда, низомномаҳои онҳоро тасдиқ менамояд;
- фаъолияти воҳидҳои алоҳидаи Бонкро сарпарастӣ мекунад;
- масъалаҳои интихоб, ҷобаҷогузорӣ; тарбия ва истифодаи кадрҳоро ҳал мекунад;
- аз тарафи кормандони Бонк риоя шудани қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти Бонкро назорат мекунад;
- ба ҳуҷҷатҳои пулию ҳисоби хазинавӣ ва муросилотӣ имзо мегузорад;
- вазифаҳоро байни муовини якум ва муовини Раиси Раёсати Бонк тақсим мекунад;
- нақшаи молиявӣ (буҷети солона) ва кории Бонкро тасдиқ менамояд;
- иҷрои талаботи қонунгузории бонкӣ, санадҳои меъёрии ҳуқукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таъмин мекунад;
- санадҳои меъёрии дохилибонкиро, ки тартиб ва қоидаҳои хизматрасонии бонкиро, аз ҷумла ташкили қарздиҳӣ, ҷалби пасандоз, шартҳои умумии сармоягузорӣ, хизматрасонии хазинавӣ, ҳифзи маблағи пулӣ ва дороиҳои қиматноки Бонк, баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ, назорати дохилибонкӣ, таъмини манфиатҳои муштариён ва масъалаҳои дигари танзимкунандаи фаъолияти бонкӣ ва иҷрояшон барои ҳамаи воҳидҳои алоҳидаи Бонк ҳатмиро, тасдиқ мекунад;
- намудҳои нави хизматрасониҳои бонкиро дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва татбиқ менамояд;
- ба кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои алоҳидаи Бонк барои дастоварду комёбиҳои меҳнатӣ мукофотпулӣ таъин менамояд;
- ба музди меҳнати кормандон иловапулӣ ва изофапулиҳо муқаррар мекунад;
- дар ҳолати вайрон гардидани қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ нисбати кормандон ҷазои интизомиро татбиқ менамояд;
- сметаи хароҷотро тасдиқ мекунад;
- барои аз тавозуни Бонк хориҷ намудани воситаҳои асосии аз истифода баровардашуда бо роҳи фурӯхтан, ба шахсони дигар ройгон додан ё бо дигар роҳҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ бегона намудани онҳо ба Раёсати Бонк дархостҳои асоснок пешниҳод менамояд;
- фармоишҳо мебарорад ва супоришҳо медиҳад, ки иҷрои онҳо барои ҳамаи кормандони Бонк ҳатмӣ мебошанд.
9. БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ ВА ҲИСОБОТИ МОЛИЯВИИ БОНК
40 Бонк қоидаҳои ҳисобдорӣ, феҳрист, шаклҳо, тартиби таҳия ва муҳлати пешниҳоди ҳисоботи молиявиро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, аз рӯи стандарти ягонаи ҳисоботи молиявӣ ва принсипҳои ҳисобдории муҳосибавии масоили ташкили баҳисобгирӣ ва ҳисобдиҳии бонкҳо ба роҳ мемонад.
41. Бонк сиёсати ҳисобдории худро мутобиқ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон мустақилона муайян менамояд.
42. Натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Бонк дар тавозуни моҳона ва солона, дар ҳисоботи даромаду хароҷот ва ҳамчунин дар ҳисоботи солона, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад. инъикос меёбад.
43. Соли ҳисоботии Бонк аз 1 январ оғоз гардида, 31 декабр ба анҷом мерасад.
44. Тавозуни солона ва ҳисобот дар бораи даромад ва хароҷоти Бонк пас аз гузаштани аудит бо риояи талаботи қонунгузорӣ дар матбуот нашр мегардад.
45. Бонк уҳдадор мебошад, ки ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва феҳристи баҳисобгирии муҳосибиро дар ҳомили коғазӣ ва ё электронӣ то муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дорад.
46. Ҳисоботи молиявии Бонк тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
47. Барои ташкил, нигоҳдории баҳисобгирӣ, феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ Раиси Раёсати Бонк ва сармуҳосиби Бонк масъул мебошанд.
48. Маълумоти аввалия ва феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ сирри тиҷоратӣ ба ҳисоб рафта, кормандон танҳо бо иҷозати Раиси Раёсати Бонк ба онҳо дастрасӣ дошта метавонанд.
49. Фоидаеро, ки Бонк дар натиҷаи ба роҳ мондани амалиёти бонкӣ ва дигар аҳдҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манънашуда, пас аз пардохти андозҳо ба даст меорад, бо тартиби пешбининамудаи оинномаи мазкур мустақилона тақсим карда мешавад.
50. Андоз аз даромади (фоидаи) Бонк ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард бо таври мутамарказ аз ҷониби муҳосиботи Саридораи бонк пардохта мешавад.
51. Бонк пас аз пардохти андозҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фоидаи софи худро бо қарори Раёсати Бонк ба фондҳои захиравӣ равона менамояд, ё ба дигар мақсадҳо истифода мебарад. Зарари дар натиҷаи фаъолияти Бонк ё ҳолатҳои ғайричашмдошт бавуҷудомада бо қарори Раёсати Бонк аз ҳисоби ин фондҳо рӯйпуш карда мешаванд.
10. ДОРОИҲОИ БОНК
52. Молу мулки Бонк дар заминаи молу мулки муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", дигар молу мулки аз ҷониби Муассис ба Бонк додашуда, фоидаи дар натиҷаи фаъолияти тиҷоратӣ бадастовардаи Бонк, маблағҳои хайрия, грантҳо ва дигар даромадҳои қонунӣ ташаккул меёбад.
53. Молу мулки Бонк - иморат, бино, иншоот, таҷҳизот, дастгоҳҳо, воситаҳои дигаре, ки ба фонди оинномавӣ дохил мешаванд, моликияти Муассис маҳсуб ёфта, ба Бонк таҳти ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ вобаста мегардад. Соҳибӣ, истифодабарӣ ва ихтиёрдории молу мулке, ки таҳти ҳуқуқи пешбурди хоҷагидории Бонк қарор доранд, бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
54. Бонк молу мулки манқул ва ғайриманқулеро, ки дар натиҷаи амалӣ намудани фаъолияти тиҷоратӣ ва аз ҳисоби истифодабарии маблағҳои худӣ ба даст овардааст, мустақилона соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ менамояд, яъне Бонк метавонад молу мулки манқул ва ғайриманқулеро, ки дар натиҷаи фаъолияти тиҷоратиаш ба даст овардааст, бо фармоиши Раиси Раёсати Бонк ва розигии Раёсати Бонк, аз ҳисоб барорад ё бо дигар роҳҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бегона намояд. Бонк метавонад молу мулкеро, ки бар ивази қарз қабул намудааст, бо фармоиши Раиси Раёсати Бонк ва розигии Раёсати Бонк то ба фурӯш рафтан ба иҷора диҳад
55. Бонк дар ҳолати иҷро нагардидани ухдадориҳои қарзӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии дохилиидоравии Бонк молу мулки ба гарав гирифташударо ба фурӯш бароварда, маблағи пулиро барқарор менамояд.
56. Дороиҳои Бонк аз фондҳои асосӣ ва воситаҳои муомилотӣ, инчунин дигар дороиҳое, ки арзиши онҳо дар тавозуни Бонк таҷассум ёфтаанд, иборат мебошанд. Молу мулки Бонк тақсимнашаванда мебошад.
57. Фондҳои захиравӣ ва дигар фондҳое, ки аз фоидаи Бонк ташаккул меёбанд, молу мулки Бонк ба ҳисоб мераванд.
58. Дар Бонк фондҳои зерин ташаккул меёбанд:
- фонди оинномавӣ ва фондҳои захиравӣ;
- дигар фондҳо.
59. Тартиби ташаккул ва истифодаи фондҳо аз ҷониби Раёсати Бонк бо дарназардошта риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тартиботи муқарраргардида муқаррар карда мешавад.
60. Фонди оинномавии Бонк бо қарори Муассис ба андозаи на камтар аз ҳадди ақали муқаррарнамудаи Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ташаккул меёбад.
61. Фонди оинномавии Бонк ба маблағи 438 696 114 (чорсаду сиву ҳашт миллиону шашсаду наваду шаш ҳазору яксаду чордаҳ) сомонӣ ташаккул дода шудааст
62. Фонди оинномавии Бонк бо қарори Муассис аз ҳисоби сарчашмаҳои зерин зиёд карда мешавад:
- маблағҳои аз буҷет ҷудогардида;
- фоидаи софи Бонк;
- дороиҳои Бонк;
- дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
63. Тартиби ҳисоби сармояи танзимшаванда ва қисмҳои таркибии онро Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ оид ба назорати бонкӣ муқаррар мекунад.
11. СИЁСАТИ ҚАРЗИЮ ФОИЗИИ БОНК
64. Манбаъҳои қарзии Бонк аз ҳисоби маблағҳои зерин ташаккул меёбанд:
- захираҳои марказонидашудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- маблағҳои муштариён, ҳамчунин маблағҳои буҷетӣ, ки дар суратҳисобҳои Бонк мавҷуданд;
- амонатҳои вазорату идораҳо ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба муҳлати муайян ва то дархост ҷалб карда шудаанд;
- қарзҳои ҷалбшудаи дигар ташкилотҳои қарзӣ;
- маблағҳо аз рӯи ҳисоббаробаркунии низоми дохилибонкӣ;
- маблағҳои дигари ҷалбшуда.
65. Сиёсати фоизии Бонк бо мақсади расидан ба ҳадафи дар назди он гузошташуда аз ҷониби Раёсати Бонк муайян карда мешавад.
66. Бо мақсади дастгирии фаъолияти соҳибкории ба маблағгузории соҳибкории истеҳсолӣ нигаронидашуда, бахусус дар соҳаҳои истеҳсолоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, паст намудани фоизи миёнавазнии қарзҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои дастрасии аҳолӣ ва соҳибкорон ба воситаҳои молиявӣ, Бонк ҳуқуқ дорад меъёрҳои фоизии қарзҳои пешниҳодшавандаро пасттар аз меъёри фоизии миёнаи бонкӣ ва меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар намояд.
12. НАЗОРАТИ ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИЮ ХОҶАГИДОРИИ БОНК
67. Санҷиши фаъолияти Бонк ва филиалҳои он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти марбутаи ваколатдор анҷом дода мешавад.
68. Санҷиши фаъолияти филиалҳои Бонкро хадамоти аудити дохилии Бонк анҷом медиҳад.
69. Фаъолияти Бонк ҳар сол як маротиба тибқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ, аз тарафи ташкилоти аудиторие, ки ба рӯйхати тасдиқнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон дохил гардидааст, санҷида мешавад.
70. Хулосаи аудиторӣ ба таври ҳатмӣ аз ҷониби Бонк нашр карда мешавад.
71. Кумитаи аудити Бонк - Кумитаи аудити Бонк бо қарори Раёсати Бонк таъсис меёбад.
72. Аъзои Кумитаи аудит ба муҳлати 4 сол аз ҷониби Раёсати Бонк таъин карда мешаванд. Раиси Кумитаи аудит аз ҳисоби аъзои он аз ҷониби Раёсати Бонк таъин карда мешавад.
73. Ҳайати Кумитаи аудити Бонк аз 3 (се) нафар иборат буда, аз ҷониби Раиси Раёсати Бонк пешниҳод ва дар ҷаласаи Раёсати Бонк тасдиқ, карда мешавад. Як нафар аъзои Кумитаи аудит намояндаи пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
74. Кумитаи аудити Бонк дар назди Раёсати Бонк амал карда, дорои ваколату уҳдадориҳои зерин мебошад:
- баррасӣ ва тавсияи қабули нақшаи солонаи аудит, қоидаҳои ҳисобдорию назорати онҳо ва идоракунии хавфҳо дар Бонк;
- додани тавсия барои таъини аудитори берунии Бонк;
- баррасии хулосаи аудитори берунӣ оид ба ҳисоботи молиявии Бонк, ба Раёсати Бонк хабар додани ҳар гуна камбудиҳои ошкоршуда;
- талаб кардани ҳисобот аз хадамоти аудити дохилии Бонк;
- мониторинги мутобиқати фаъолияти Бонк ба қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва пешниҳоди маълумот ба Раёсати Бонк;
- баррасии амалиёт ва аҳдҳои Бонк дар заминаи нақшаҳои тасдиқ - намудаи Кумитаи аудит;
- баррасии ҳисоботи Бонк, ки ба Бонки-миллии Тоҷикистон пешниҳод мешавад;
- пешниҳоди гузориш оид ба ҳама масъалаҳои дар назди Кумитаи аудит аз ҷониби Раёсати Бонк гузошташуда;
- ҳар сол на камтар аз як маротиба пешниҳод намудани ҳисобот ба Раёсати Бонк оид ба фаъолияти худ.
75. Қарорҳои Кумитаи аудит бо аксарияти овози аъзои иштирокдошта қабул карда мешаванд. Ҳангоми баробар будани миқдори овозҳо, овози Раиси Кумитаи аудит ҳалкунанда мебошад.
76. Дар Бонк аудити дохилӣ амал менамояд, ки онро сараудитор роҳбарӣ менамояд.
77. Тартиби фаъолияти аудити дохилиро Раёсати Бонк бо тасдиқи низомномаи он муқаррар менамояд.
78. Назорат аз болои фаъолияти молиявию хоҷагидории Бонк аз ҷониби аудити дохилӣ - мақоми дохилии доимоамалкунанда амалӣ мегардад.
79. Санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории Бонк тибқи нақшаи чорабинии тасдиқшуда гузаронида мешавад, инчунин ҳангоми зарурат бо ташаббуси Кумитаи аудит, Раёсати Бонк ва Раиси Раёсати Бонк гузаронида мешавад.
13. ФИЛИАЛҲО, НАМОЯНДАГИҲО, МАРКАЗҲОИ ХИЗМАТРАСОНИИ БОНКӢ ВА ВОҲИДҲОИ САЙЁР
80. Бо мақсади таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии бонкӣ ва бо дарназардошти манфиатҳои иқтисодӣ, Бонк бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи мустақилонаи ташкил намудани филиалҳо ва намояндагиҳои худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар дорад.
81. Филиалҳо, намояндагиҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва воҳидҳои сайёр аз ҷониби Бонк бо ҳама гуна молу мулки зарурӣ, ки молу мулки Бонк маҳсуб ёфта дар тавозуни Бонк қарор доранд таъмин мегарданд. Молу мулки филиалҳо ва намояндагиҳо дар тавозуни алоҳида ва ҳамчунин дар тавозуни Бонк инъикос меёбанд.
82. Филиалҳо, намояндагиҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва воҳидҳои сайёр дар асоси низомномаҳои аз ҷониби Раёсати Бонк тасдиқгардида фаъолият мекунанд.
83. Филиалҳо ва намояндагиҳои Бонк фаъолияти худро аз номи Бонк анҷом медиҳанд.
84. Бонк ҳуқуқ дорад тибқи тартиби муқараргардида берун аз маҳалли воқеъгардидаи худ воҳидҳои сохтории дигарро таъсис диҳад.
85. Бо мақсади дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии бонкӣ Бонк ҳуқуқи мустақилонаи таъсис додани марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва воҳидҳои сайёрро дорад. Марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва воҳидҳои сайёр воҳиди сохтории бонк ва (ё) филиалҳои Бонк ба шумор рафта, амалиёти алоҳидаи бонкиро, ки номгӯи онҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муайян гаштаанд, тибқи муқаррароти Раёсати Бонк анҷом медиҳанд.
14. ҲУҚУҚҲОИ МУШТАРИЁНИ БОНК ВА ҲИМОЯИ ОНҲО
86. Асоси ҳуқуқии муносибатҳои тарафайни Бонк бо муштариён шартномаҳо ба ҳисоб мераванд, ки ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти Тарафҳоро ба танзим медароранд.
87. Ҳангоми муфлис (ғайри қобили пардохт) эътироф гардидани Бонк, Муассис баргардонидани маблағҳои пасандозии шахсони вокеию ҳуқуқиро кафолат медиҳад ва ин пасандозҳоро бо талаби амонатгузорон бармегардонад.
88. Ҳуқуқҳои амонатгузорони Бонк ва ҳимояи онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
15. ҲУҚУҚҲОИ БОНК
89. Бонк ҳуқуқ дорад, барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ ва бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муассиси бонки дигар бошад, ба ҷамъиятҳо, иттифоқҳо, иттиҳодияҳо, ассосиатсияҳои ватанӣ ва хориҷӣ шомил гардад.
16. БАРҲАМДИҲӢ ВА АЗНАВТАШКИЛДИҲИИ БОНК
90. Азнавташкилдиҳии Бонк бо қарори Муассис метавонад дар шакли муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ, тақсимшавӣ, ҷудошавӣ ва табдилдиҳӣ баъди гирифтани розигии пешакии Бонки миллии Тоҷикистон сурат гирад.
91. Барҳамдиҳии Бонк тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон "Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ" амалӣ мегардад.
17. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
92. Кормандони Бонк наметавонанд сирри бонкӣ, иттилооти махфӣ, инсайдерӣ ва дигар иттилооти хизматиро, ки ба онҳо ҳангоми иҷрои вазифаю уҳдадориҳои дахлдор маълум гаштааст, ба шахсони ба чунин иттилоот дастраси надошта, bфшо намоянд.