Барномаи тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ноболиғони дар муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё маҳдуд кардани озодӣ адои ҷазонамуда барои солҳои 2020-2024 аз 25 июни соли 2020 № 387

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 июни соли 2020, №387

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 июни соли 2020, №387

Барномаи тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ноболиғони дар муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё маҳдуд кардани озодӣ адои ҷазонамуда барои солҳои 2020-2024

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ноболиғони дар муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё маҳдуд кардани озодӣ адои ҷазонамуда барои солҳои 2020-2024 (минбаъд - барномаи мазкур) дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гашта, баҳри иҷрои муқаррароти Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, меъёр ва стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи адолати судӣ нисбат ба кӯдакон, равона карда шудааст.

2. Ҳадафи барномаи мазкур аз тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ноболиғони дар муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё маҳдуд кардани озодӣ адои ҷазонамуда мутобиқ ба меъёр ва стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи адолати судӣ нисбат ба кӯдакон мебошад, ки барои ташаккул ва рушди низоми байниидоравии тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ноболиғони дар муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё маҳдуд кардани озодӣ адои ҷазонамуда замина мегузорад.

3. Барномаи мазкур ба таъмини муносибати зарурӣ нисбати ноболиғони дар муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё маҳдуд кардани озодӣ адои ҷазонамуда нигаронида шудааст, ки дар он ҳуқуқ ва шаъну эътибори онҳо эҳтиром ва ба эҳтиёҷоти ҳар як ноболиғ дар алоҳидагӣ самарабахшона ба инобат гирифта мешавад гирифта мешавад ва ба ин васила тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ноболиғони мазкур амалӣ ва сатҳи такроран содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ дар байни онҳо мувофиқан кам карда мешавад.

2. ТАВСИФИ МУШКИЛОТИ ҶОЙДОШТА

4. Солҳои охир аз ҷониби давлат ба чораҳои пурзӯрнамоии мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ ва пешгирии такроран содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон диққати махсус дода мешавад. Аз ин рӯ, масъалаи тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ноболиғони дар муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё маҳдуд кардани озодӣ адои ҷазонамуда хусусияти муҳимро пайдо мекунад.

5. Мувофиқи маълумоти оморӣ дар соли 2019 аз тарафи ноболиғон 873 (2018-907) ҷиноят ва аз ҷониби ҷавонон 5256 (соли 2018-4965) ҷиноят содир шудааст.

6. Дар маҷмӯъ, соли 2019 дар ҷумҳурӣ 21 ҳазору 996 (соли 2018-21957) ҷиноят аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб гирифта шудааст.

7. Тибқи маълумоти омории мазкур соли 2019 ҷинояткорӣ аз ҷониби ноболиғон 2,52 фоизи шумораи умумии ҷиноятҳоеро, ки ба ҳисоб гирифта шудаанд, ташкил медиҳад (2018 - 2,43 фоиз). Мувофиқи маълумоти аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда зиёда аз 90 фоизи ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби ноболиғоне содир мешаванд, ки онҳо ба муассисаҳои таълимӣ намераванд ва дар зери назорати падару модар намебошанд.

...

Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 25 июня 2020 года, №387

Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 25 июня 2020 года, №387

Программа по реабилитации и социальной реинтеграции несовершеннолетних, отбывших наказание в учреждениях лишения свободы или ограничения свободы, на 2020-2024 годы

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Программа по реабилитации и социальной реинтеграции несовершеннолетних, отбывших наказание в учреждениях лишения свободы или ограничения свободы, на 2020-2024 годы (далее - настоящая программа) разработана на основе Конституции Республики Таджикистан и других нормативных правовых актов Республики Таджикистан и направлена на выполнение положений Конвенции Организации Объединённых Наций о правах ребенка, международных норм и стандартов по ювенальной юстиции.

2. Цель настоящей программы состоит в реабилитации и социальной реинтеграции несовершеннолетних, отбывших наказание в учреждениях лишения свободы или ограничения свободы, в соответствии с международными нормами и стандартами по ювенальной юстиции, которая положит основу для формирования и развития межведомственной системы реабилитации и социальной реинтеграции несовершеннолетних, отбывших наказание в учреждениях лишения свободы или ограничения свободы.

3. Настоящая программа направлена на обеспечение надлежащего отношения к несовершеннолетним, совершившим правонарушения и отбывшим наказание в учреждениях лишения свободы и ограничения свободы, уважая их права и достоинство, и эффективно реагируя на потребности каждого несовершеннолетнего в отдельности, способствуя их реабилитации и сокращения повторного совершения преступлений.

2. ХАРАКТЕРИСТИКА СУЩЕСТВУЮЩИХ ПРОБЛЕМ

4. В последние годы государством уделяется особое внимание мерам по усилению борьбы с правонарушениями и предупреждению совершения повторных правонарушений среди несовершеннолетних. Поэтому проблема реабилитации и социальной реинтеграции несовершеннолетних, отбывших наказание в учреждениях лишения свободы или ограничения свободы, приобретает особую значимость.

5. Согласно статистическим данным в 2019 году несовершеннолетними было совершено 873 (в 2018 году - 907) преступлений и молодежью - 5256 (в 2018 году - 4965) преступлений.

6. В целом, за 2019 год по республике правоохранительными органами было зарегистрировано 21996 (в 2018 году - 21957) преступлений.

7. Исходя из данной статистики, в 2019 году несовершеннолетними совершено 2,53 процента от общего количества зарегистрированных преступлений (в 2018 году - 2,43 процента). В соответствии с представленной информацией Генеральной прокуратуры Республики Таджикистан, свыше 90 процентов совершенных правонарушении связаны с несовершеннолетними, непосещавшими учебные заведения и находящимися вне контроля родителей.

...