ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ АДВОКАТУРА ВА ФАЪОЛИЯТИ АДВОКАТӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 22 апрели соли 2020, № 82
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 июни соли 2020, № 37
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2015 "Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, №3, мод. 204, №11, мод. 958; с. 2016, №5, мод. 362; с. 2017, №1-2, мод. 14) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 31 қисмҳои 10 ва 11 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"10. Бо мақсади расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа адвокат бо маркази ёрии ҳуқуқӣ созишнома баста, ба феҳристи давлатии адвокатҳои расонандаи ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа дохил карда мешавад. Адвокат ӯҳдадор аст, ки бо даъвати маркази ёрии ҳуқуқӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ" ба назди таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё судя фавран ҳозир шавад.
11. Ҳаққи хизмати адвокате, ки барои расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа ба сифати ҳимоятгар дар пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ва парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё дар мурофиаи судии гражданӣ ба сифати намоянда иштирок намудааст, бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ" пардохт карда мешавад.".
2. Дар қисми 1 моддаи 32:
- аз сархати дуюм калимаҳои "иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати Нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил зарар дидаанд," хориҷ карда шаванд;
- сархати ҳафтум хориҷ карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 4 июли соли 2020 № 1704