Муқаррароти моддаҳои 22, 23, 27 ва 28 Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2025 мавриди амал қарор дода шаванд.
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 22 апрели соли 2020, № 74
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 июни соли 2020, № 27
ҷонибдорӣ карда шуд.
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба танзим дароварда, роҳҳои амалишавии ҳуқуқ ва уҳдадории шахсони воқеиро ҳангоми ба онҳо расонидани ёрии ҳуқуқӣ муайян менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- ёрии ҳуқуқӣ - хизмати ҳуқуқие, ки дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҳуқуқшиноси касбӣ ба шахсони воқеӣ расонида мешавад;
- ёрии ҳуқуқии якумдараҷа - шакли хизматрасонии ҳуқуқие, ки ба шахсони воқеӣ бо роҳҳои фаҳмондадиҳии ҳуқуқу уҳдадориҳо, маслиҳатдиҳӣ ва тартиб додани ҳуҷҷатҳои дахлдор амалӣ карда мешавад;
- ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа - шакли хизматрасонии ҳуқуқие, ки аз тарафи давлат кафолат дода шуда, дар асос ва бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва гражданӣ аз ҷониби адвокат ва ҳуқуқшиноси давлатӣ амалӣ карда мешавад;
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти расонидани ёрии ҳуқуқӣ (минбаъд-мақоми ваколатдори давлатӣ) - мақоми давлатӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар самти расонидани ёрии ҳуқуқӣ ваколатдор карда шудааст;
- маркази ёрии ҳуқуқӣ дар назди мақоми ваколатдори давлатӣ (минбаъд - маркази ёрии ҳуқуқӣ) - муассисаи давлатӣ оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ;
- ҳуқуқшиноси давлатӣ - корманди маркази ёрии ҳуқуқӣ, ки дар доираи ваколатҳои худ ба шахсони воқеӣ тамоми намудҳои ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ва баъзе намудҳои ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷаро оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва гражданӣ мерасонад;
- маркази ҳамоҳангсозӣ - воҳиди сохтории маркази ёрии ҳуқуқӣ, ки ба коркарди дархостҳо дар хусуси расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва гражданӣ машғул аст;
- мониторинг - низоми ягонаи мушоҳида,. ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдошт ва таҳлили иттилоот доир ба раванди расонидани ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ва ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа, инчунин баҳодиҳии воқеъбинонаи сифати онҳо.
Моддаи 2. Мақсади Қонун
Мақсади Қонуни мазкур аз инҳо иборат аст:
-.фароҳам овардани шароит ҷиҳати амалишавии ҳуқуқи шахсони воқеӣ оид ба гирифтани ёрии ҳуқуқӣ, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, пешбинӣ намудаанд;
- ташаккул ва рушди низоми давлатии ёрии ҳуқуқӣ;
- фароҳам овардани шароит ҷиҳати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои шахсони воқеӣ, ҳимояи манфиатҳои қонунии онҳо, баланд бардоштани сатҳи шуури ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин таъмини дастрасии онҳо ба адолати судӣ.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ёрии ҳуқуқӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 4. Сиёсати давлатӣ дар самти расонидани ёрии ҳуқуқӣ
Сиёсати давлатӣ дар самти расонидани ёрии ҳуқуқӣ маҷмӯи чорабиниҳои ташкилию ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ ва чораҳои дигаре мебошанд, ки бо мақсади амалӣ намудани ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд (минбаъд - шахсон) оид ба гирифтани ёрии ҳуқуқӣ андешида мешаванд.
Моддаи 5. Принсипҳои расонидани ёрии ҳуқуқӣ :
Расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- қонуният;
- инсондӯстӣ;
- таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ;
- дастрас будани ёрии ҳуқуқӣ;
- воқеъбинона, холисона ва сари вақт расонидани ёрии ҳуқуқӣ;
- дастрасии баробари шахсон ба гирифтани ёрии ҳуқуқӣ;
- афзалияти ҳал намудани баҳсҳо бо роҳи мусолиҳатомез;
- таъмини махфияти расонидани ёрии ҳуқуқӣ;
- касбият ва салоҳиятнокии шахсоне, ки ёри ҳуқуқӣ мерасонанд;
- сифатнокӣ, самаранокӣ ва камхарҷии хизматрасониҳо ҳангоми расонидани ёрии ҳуқуқӣ.
Моддаи 6. Доираи амали Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро. дар самти расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шахсоне, ки ҳуқуқ ба гирифтани ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ва дуюмдараҷа доранд, ба танзим медарорад.
2. Тартиби расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шахсоне, ки аз тарафи мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар доираи ваколатҳояшон амалӣ мешаванд, мутобиқи қонунгузории дахлдор ва оинномаи ин ташкилотҳо амалӣ карда мешавад.
Моддаи 7. Шаклҳои ёрии ҳуқуқӣ
1. Ёрии ҳуқуқӣ дар шакли ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ва дуюмдараҷа расонида мешавад.
2. Ёрии ҳуқуқии якумдараҷа дар намудҳои зерин расонида мешавад:
- пешниҳоди иттилооти ҳуқуқӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла бо роҳи гузаронидани ҷаласаҳои иттилоотию ҳуқуқии сайёр;
- пешниҳоди маслиҳат ва фаҳмондадиҳӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ;
- тартиб додани ариза, шикоят ва дигар ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти ҳуқуқӣ;
- иттилоъ додан доир ба имконияти ҳалли тосудии баҳсҳои ҳуқуқӣ дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- фиристондани муроҷиаткунанда ба муассисаҳои дахлдори давлатию ҷамъиятӣ;
- паҳн намудани иттилооти ҳуқуқӣ тавассути ёрдамчиёни ҷамъиятӣ;
- ёрӣ расонидан ба шахсон ҷиҳати дастрасӣ ёфтан ба ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа;
- намудҳои дигари ёрии ҳуқуқӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
3. Ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва гражданӣ дар намудҳои зерин расонида мешавад:
- иттилоотонии ҳуқуқӣ;
- додани маслиҳат ва фаҳмондадиҳӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ;
- фаҳмондадиҳӣ ва истифодаи чораҳои ҳалли тосудии парвандаҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тартиб додани ариза, шикоят, ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти мурофиавӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқӣ;
- иштирок ва ҳимоя дар парвандаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва намояндагӣ дар парвандаҳои гражданӣ.
Моддаи 8. Субъектҳои расонандаи ёрии ҳуқуқӣ
1. Ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ва ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа аз ҷониби субъектони зерин расонида мешавад:
- ҳуқуқшиносони давлатӣ бо шартҳо ва тартиби муайяннамудаи Қонуни мазкур;
- адвокатҳо бо шартҳо ва тартиби муайяннамудаи Қонуни мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар доираи ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии ҳуқуқӣ мерасонанд.
Моддаи 9. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсоне, ки ба онҳо ёрии ҳуқуқӣ расонида мешавад
1. Шахсоне, ки ба онҳо ёрии ҳуқуқӣ расонида мешавад, ҳуқуқ доранд:
- ёрии ҳуқуқиро сари вақт гиранд;
- аз амал ё беамалии шахсоне, ки барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонун масъул мебошанд, шикоят кунанд;
- аз гирифтани ёрии ҳуқуқӣ даст кашанд;
- тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии ҳуқуқиро бо риояи махфият гиранд.
2. Шахсоне, ки ба онҳо ёрии ҳуқуқӣ расонида мешавад, уҳдадоранд:
- маълумоти дуруст ва заруриро, ки дар асоси он ёрии ҳуқуқӣ расонида мешавад, сари вақт пешкаш намоянд;
- оид ба тағйир ёфтани ҳолатҳое, ки ба шартҳои расонидани ёрии ҳуқуқӣ таъсир мерасонанд, сари вақт хабар диҳанд;
- дар сурати муайян гардидани нодурустии маълумот оид ба вазъи моддию иҷтимоӣ, ки мутобиқи талаботи Қонуни мазкур пешниҳод шудааст, хароҷотро баргардонанд.
Моддаи 10. Талаботи тахассусӣ нисбат ба ҳуқуқшиноси давлатӣ
1. Бо мақсади таъмини ваколатҳои ҳуқуқшиноси давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва мувофиқати ҳуқуқшиноси давлатӣ ба мансаби ишғолнамуда талаботи тахассусӣ муқаррар карда мешаванд.
2. Талаботи тахассусӣ меъёри асосии интихоб ва ҷобаҷогузории ҳуқуқшиноси давлатӣ буда, омили муайянкунандаи фаъолияти он ба ҳисоб меравад.
3. Ба талаботи тахассусӣ, ки нисбати довталаб ба мансаби ҳуқуқшиноси давлатӣ пешниҳод мегарданд, дохил мешаванд:
- доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;
- донистани забони давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии ҳуқуқшиноси давлатиро ба танзим медароранд.
4. Шахс ҳуқуқшиноси давлатӣ шуда наметавонад, агар:
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қобилияти амали ӯ маҳдуд карда шуда бошад ва ё ғайри қобили амал эътироф гардида бошад:
- шаҳрвандии давлати дигарро дошта бошад;
- нафақагири давлати хориҷӣ бошад;
- гирифтори беморие бошад, ки барои иҷрои ухдадориҳои мансабӣ монеъ мегардад;
- барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркарда доғи судӣ дошта бошад;
- барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона маҳкум шуда бошад ё дар асоси моддаи 32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуда бошад.
БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
Моддаи 11. Идоракунии ёрии ҳуқуқӣ
Идоракунии ёрии ҳуқуқиро ба амал мебароранд:
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақоми ваколатдори давлатӣ;
- мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- маркази ёрии ҳуқуқӣ.
Моддаи 12. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ёрии ҳуқуқӣ:
- муайян намудани мақоми давлатии ҳокимияти иҷроия, ки ба сифати мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти таъмини шахсон бо ёрии ҳуқуқӣ баромад мекунад;
- амалӣ кардани сиёсати давлатӣ дар самти таъмини шахсон бо ёрии ҳуқуқӣ;
- таъсиси маркази ёрии ҳуқуқӣ, тасдиқи оиннома ва сохтори он;
- муайян намудани андозаи ҳаққи хизмати адвокатҳо барои ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа, инчунин тартиби пардохти он;
амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 13. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ
Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти расонидани ёрии ҳуқуқӣ:
- фаъолияти мақомоти давлатиро дар самти расонидани ёрии ҳуқуқӣ ҳамоҳанг месозад;
- лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ки бо ёрии ҳуқуқӣ алоқаманданд, таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;
- идоракунии умумиро дар самти расонидани ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ва дуюмдараҷа ба амал мебарорад;
- мониторинги фаъолияти ҳуқуқшиноси давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва сохторҳои адвокатиро оид ба расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ва баландбардории фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ амалӣ менамояд;
- талаботи ягона оид ба сифати ёрии ҳуқуқии ба шахсони воқеӣ расонидашавандаро таҳия ва муқаррар менамояд;
- риояи меъёрҳои одоби касбӣ ва талаботи сифати ёрии ҳуқуқиро, ки ба шахсони воқеӣ расонида мешавад, назорат мекунад;
- ҳамкории байналмилалиро дар самти ёрии ҳуқуқӣ амалӣ менамояд;
- ваколатҳои дигареро, ки Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, амалӣ менамояд.
Моддаи 14. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои рушди низоми ёрии ҳуқуқӣ ва фаъолияти ҳуқуқшиноси давлатӣ мусоидат мекунанд ва дар доираи ваколатҳои худ, ки Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, дастгирии онро таъмин менамоянд.
Моддаи 15. Ваколатҳои маркази ёрии ҳуқуқӣ
Ваколатҳои маркази ёрии ҳуқуқӣ:
- ба ҳуқуқшиноси давлатӣ ҷиҳати баамалбарории вазифаҳояш ёрии методӣ мерасонад;
- такмили ихтисоси ҳуқуқшиносони давлатиро ташкил мекунад;
- ҳисоботи ҳуқуқшиносони давлатиро таҳлил ва ҷамъбаст намуда, ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод мекунад;
- мунтазам вазъи умумии расонидани ёрии ҳуқуқиро таҳлил ва ҷамъбаст намуда, доир ба ҳалли мушкилоти мавҷуда пешниҳоди дахлдор мекунад;
- фаъолияти ҳуқуқшиносони давлатиро оид ба масъалаи баланд бардоштани фарҳанг ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ ҳамоҳанг месозад;
- мониторинг ва баҳодиҳии сифати ёрии ҳуқуқии якумдараҷаро амалӣ менамояд;
- расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷаро ташкил ва ҳамоҳанг месозад;
- мониторинги иштироки адвокатҳоро дар парвандаҳо дар самти расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа ва баҳодиҳии сифати ёрии ҳуқуқии расонидашударо мегузаронад;
- бо адвокатҳо шартнома оид ба расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа ба имзо мерасонад ва иҷрои шартномаро назорат мекунад;
- ба ҳуқуқшиноси давлатӣ ҷиҳати намояндагии манфиатҳои шахсон ҳангоми баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва гражданӣ дар судҳо мактуб медиҳад;
- шахсонро оид ба имконият ва шартҳои расонидани ёрии ҳуқуқӣ огоҳ месозад;

БОБИ 3. ЁРИИ ҲУҚУҚИИ ЯКУМДАРАҶА
Моддаи 16. Шахсоне, ки ба ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ҳуқуқ доранд
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ба ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ҳуқуқ доранд.
2. Ёрии ҳуқуқии якумдараҷа аз ҷониби субъектоне, ки дар моддаи 8 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд, расонида мешавад.
Моддаи 17. Ҳуқуқшиноси давлатӣ
1. Барои бевосита расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шахсон дар шаҳру ноҳияҳо ҳуқуқшиносони давлатӣ фаъолият мекунанд.
2. Ҳуқуқшиносони давлатӣ ҳамаи намудҳои ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ва баъзе намудҳои ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷаро, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, мерасонанд,
Моддаи 18. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ҳуқуқшиноси давлатӣ
1. Ҳуқуқшиноси давлатӣ ҳуқуқ дорад:
- маълумотро, ки барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ заруранд, ба таври ройгон ҷамъ намояд;
- маълумотнома, хислатнома ва ҳуҷҷатҳои дахлдори дигарро аз мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин аз шахсони ҳуқуқии дигар, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликияташон, талаб карда гирад;
- манфиатҳои шахсонро дар судҳо бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ кунад;
- мутобиқи талаботи дастурамал оид ба кор бо ёрдамчиёни ҷамъиятӣ, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад, ёрдамчиёни ҷамъиятиро омода намуда, онҳоро ба раванди расонидани ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ҷалб намояд.
2. Мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва инчунин шахсони ҳуқуқии дигар, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликияташон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд, ки ба ҳуқуқшиноси давлатӣ ҳуҷҷатҳо ё нусхаҳои тасдиқгардидаи онҳоро, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки дорои сирри давлатӣ мебошанд, пешниҳод кунанд.
3. Ҳуқуқшиноси давлатӣ уҳдадор аст:
- сатҳи дониш ва касбияти тахассусии худро баланд бардорад;
- бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои шахси муроҷиатнамударо бовиҷдонона ва босифат ҳимоя кунад;
- маълумотеро, ки аз шахси барои ёрии ҳуқуқӣ муроҷиатнамуда гирифтааст, бе розигии ӯ ифшо насозад;
- оид ба чораҳои қонунии ҳалли тосудии баҳсҳо иттилоот диҳад ва мувофиқи имкониятҳо онҳоро истифода намояд;
- сирри давлатӣ ва сирри дигареро, ки бо қонун ҳифз мешавад ва ҳангоми расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба ӯ маълум гаштааст, ифшо насозад.
4. Ҳуқуқшиноси давлатӣ наметавонад ба шахсоне, ки манфиатҳои онҳо ба манфиати шахси пештар барои ёрии ҳуқуқӣ муроҷиат карда мухолифат мекунад, маслиҳат диҳад, инчунин оид ба парвандаҳое, ки ҳуқуқшинос шахси манфиатдор мебошад, дар судҳо намояндагӣ кунад.
Моддаи 19. Тартиби расонидани ёрии ҳуқуқии якумдараҷа
1. Барои расонидани ёрии ҳуқуқии якумдараҷа шахсони ба он эҳтиёҷдошта дар шакли шифоҳӣ ва хаттӣ ба ҳуқуқшиноси давлатӣ муроҷиат мекунанд.
2. Ёрии ҳуқуқии якумдараҷа дар лаҳзаи муроҷиат расонида мешавад. Дар ҳолати ғайриимкон будани бетаъхир расонидани ёрии ҳуқуқии якумдараҷа, ба муроҷиаткунанда сана ва вақти қабул, ки дар давоми на беш аз панҷ рӯз аз лаҳзаи муроҷиат сурат мегирад, огоҳ карда мешавад.
3. Шахси барои ёрии ҳуқуқии якумдараҷа муроҷиаткунанда ҳуқуқ дорад, ки оид ба як масъала танҳо як маротиба ба ҳуқуқшиноси давлатӣ муроҷиат кунад, ба истиснои ошкор шудани ҳолатҳои наве, ки ба масъалаи дахлдор алоқамандӣ дошта бошанд.
4. Агар ҳангоми рафти расонидани ёрии ҳуқуқии якумдараҷа зарурати расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа муайян гардад, шахс барои гирифтани чунин ёрӣ роҳнамоӣ карда мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст ва дар онҳо ҳуқуқшиноси давлатӣ метавонад ба сифати намоянда дар суд иштирок кунад.
5. Ёрии ҳуқуқии якумдараҷа аз тарафи ҳуқуқшиноси давлатӣ, ки ёрии ҳуқуқиро расонидааст, дар китоби бақайдгирӣ сабт гардида, дар махзани электронӣ ворид карда мешавад. Дар онҳо насаб, ном ва номи падари шахси муроҷиаткунанда, синну сол, ҷинс, суроғаи ҷойи истиқомат, масъалае, ки оид ба он ёрии ҳуқуқӣ пурсида шудааст ва инчунин мазмуни мухтасари маслиҳати пешниҳодшуда сабт мегарданд. Дар ҳолати муроҷиати шифоҳӣ, расонидани ёрии ҳуқуқии якумдараҷа бо имзои шахси муроҷиаткунанда дар китоби бақайдгирӣ тасдиқ карда мешавад.
БОБИ 4. ЁРИИ ҲУҚУҚИИ ДУЮМДАРАҶА
Моддаи 20. Ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа
Ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва гражданӣ танҳо ба шаҳсони пешбининамудаи Қонуни мазкур расонида мешавад.
Моддаи 21. Шахсоне, ки ба ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ҳуқуқ доранд
Ба ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар асоси Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони зерин ҳуқуқ доранд:
- гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё маҳкумшудае, ки ба ёрии ҳуқуқӣ эҳтиёҷ дорад, вале имконияти пардохти чунин хизматрасониро надорад ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошад;
- гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё маҳкумшудаи ноболиғи бепарастор ё ноболиғе, ки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)-и ӯ имконияти пардохти чунин хизматрасониро надоранд ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошанд;
- гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё маҳкумшуда бинобар камбудиҳои ҷисмонӣ ё рӯҳӣ ҳуқуқи худро оид ба ҳимоя мустақилона амалӣ карда наметавонанд;
- айбдоршавандае, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз ҳозир шудан ба тафтишот саркашӣ мекунад;
- агар шахс дар содир намудани ҷинояте айбдор карда шавад, ки барои он ҷазои қатл ё ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан пешбинӣ шуда бошад;
- судшавандае, ки таҳти ҳабс қарордошта аз ҳозир шудан ба маҷлиси судӣ саркашӣ менамояд;
- ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ветеранҳои амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд ва ё дар рафъи оқибатҳои ин фалокат ширкат варзидаанд.
Моддаи 22. Шахсоне, ки ба ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳуқуқ доранд
Ба ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа дар мурофиаи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони зерин ҳуқуқ доранд:
- шахсе, ки имконияти пардохти ҳаққи хизмати ҳимоятгарро надорад ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошад;
- ноболиғи бепарастор ё ноболиғе, ки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)-ӣ ӯ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошанд;
- шахсе, ки бинобар камбудиҳои ҷисмонӣ ё рӯҳӣ ҳуқуқи худро оид ба ҳимоя мустақилона амалӣ карда наметавонад;

Моддаи 23. Шахсоне, ки ба ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа оид ба парвандаҳои гражданӣ ҳуқуқ доранд
Ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа оид ба парвандаҳои гражданӣ мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони зерин расонида мешавад:
- шахсоне, ки имконияти пардохтани чунин хизматрасониро надоранд ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошанд;
- ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ветеранҳои амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд ва ё дар рафъи оқибатҳои ин фалокат ширкат варзидаанд;
- ба шахсоне, ки суд нисбаташон парванда оид ба маҳдуд намудани қобилияти амалкунӣ, ғайри қобили амал донистан ва барқароркунии қобилияти амалкунии шахси воқеиро баррасӣ менамояд;
- ба даъвогарон дар судҳои марҳилаи якум ҳангоми пешбурди парвандаҳо оид ба ҷуброни зарар ҳангоми аз даст додани саробон, маъюбият ва дигар намуди зарар ба саломатӣ, ки ба фаъолияти меҳнатӣ алоқаманданд;
- ба даъвогарон дар судҳои марҳилаи якум ҳангоми пешбурди парвандаҳо оид ба барқарор намудан ба ҷойи кори пештара.
Моддаи 24. Субъектҳои расонандаи ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа
Субъектҳои расонандаи ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:
- адвокатҳое, ки ба феҳристи давлатии адвокатҳои расонандаи ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа ворид карда шудаанд;
- ҳуқуқшиносони давлатӣ, ки ба сифати намоянда танҳо дар доираи истеҳсолоти парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва гражданӣ дар ҳолатҳо ва тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур иштирок мекунанд.
Моддаи 25. Феҳристи давлатии адвокатҳои расонандаи ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа
1. Маркази ёрии ҳуқуқӣ феҳристи давлатӣ адвокатҳои расонандаи ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа (минбаъд - феҳристи давлатӣ)-ро пеш мебарад.
2. Феҳристи давлатӣ дар шакли коғазӣ ва электронӣ тартиб дода шуда, дар сомонаи расмии маркази ёрии ҳуқуқӣ ҷойгир карда мешавад.
3. Барои ворид намудан ба феҳристи давлатӣ адвокат ба маркази ёрии ҳуқуқӣ ариза пешниҳод менамояд.
4. Тартиб ва шартҳои ба феҳристи давлатӣ дохил намудани адвокатҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ муайян ва тасдиқ мекунад.
Моддаи 26. Тартиби расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ
1. Дар сурати воқеан дастгир шудани шахс, татбиқи чораи пешгирӣ дар шакли ба ҳабс гирифтан, оғози парвандаи ҷиноятӣ, баррасии парвандаҳо дар суди марҳилаи якум, пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ, инчунин бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё судя ба маркази ҳамоҳангсозӣ ҷиҳати сафарбар кардани адвокат тавассути телефон бояд дархост намояд.
2. Зимни дархост таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё судя ба маркази ҳамоҳангсозӣ оид ба шахсияти худ (мақом ва мансаби ишғолнамуда) ва шахсияти дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда, макони пешбурди парванда маълумоти мушаххас пешниҳод менамояд.
3. Бо мақсади таъмини кафолати конститутсионӣ оид ба таъмини саривақтии шахси дастгиршуда бо ҳимоятгар вақти дархости таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва ё судя аз ҷониби маркази ҳамоҳангсозӣ сабт карда мешавад.
4. Маркази ҳамоҳангсозӣ пас аз қабули дархост иттилои аввалияро ба низоми худкори иттилоотӣ фавран ворид менамояд ва бо адвокате, ки ӯро низоми худкори иттилоотӣ муайян кардааст, дар тамос шуда, ӯро барои расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа сафарбар менамояд. Дар сурати ҷой доштани нуқсонҳои техникӣ дар низоми худкори иттилоотӣ, маркази ҳамоҳангсозӣ маълумотро ба дафтари махсус ворид намуда, барои сафарбар кардани адвокат аз рӯи навбат чораҳои зарурӣ меандешад.
5. Адвокат пас аз қабули дархост аз маркази ҳамоҳангсозӣ, ордерро ба таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва судя пешкаш менамояд. Пас аз вохӯрӣ бо дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда, адвокат якҷоя бо дархосткунанда муайян мекунад, ки оё ин шахс барои гирифтани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа ҳуқуқ дорад ё не. Ҳангоми муайян кардани ҳуқуқи шахс ба ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа, адвокат ба иҷрои вазифаҳои худ оғоз мекунад ва маълумоти иловагиро ба низоми худкори иттилоотӣ ворид менамояд. Агар шахс чунин ҳуқуқро надошта бошад, адвокат метавонад ӯро ба таври умумӣ дар асоси созишнома ҳимоя намояд.
6. Дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда метавонад дар лаҳзаи дилхоҳи пешбурди тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ, бо далели қонеъ набуданаш аз хизматрасониҳои адвокат даст кашад. Дар чунин ҳолат таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё судя метавонанд ба маркази ҳамоҳангсозӣ бо дархост оид ба иваз кардани адвокат муроҷиат намоянд. Ҳама гуна дасткашӣ ва ивази ҳимоятгар мутобиқи муқаррароти Кодекси мурофиавии- ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
7. Дар қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя ё таъиноти суд дар бораи пардохти ҳаққи хизмати адвокат маълумот дар бораи моҳияти парванда, сана ва вақти дархост ба маркази ҳамоҳангсозӣ, таъмин бо адвокат, рӯзҳои иштироки адвокат дар парванда бо нишон додани ҳаракатҳои мурофиавие, ки дар онҳо иштирок кардааст, муфассал баён мегарданд. Агар адвокат дар парванда дар рӯзҳои истироҳат (шанбе, якшанбе) ва рӯзҳои иди ғайрикорӣ ё ин ки дар вақти шабона иштирок намуда бошад, ин бояд дар қарор ё таъинот мушаххас нишон дода шавад. Дар қарор ё таъинот оид ба пардохти ҳаққи хизмати адвокат андозаи ҳаққи хизмат барои иштироки адвокат дар парванда нишон дода намешавад.
8. Пас аз анҷом ёфтани истеҳсолот аз рӯи парванда, адвокат қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя ё таъиноти судро дар бораи ӯро ба сифати ҳимоятгар таъин намудан ва дар бораи пардохти ҳаққи хизматаш бо дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ якҷоя бо ҳисобот ба маркази ёрии ҳуқуқӣ барои пардохт пешниҳод менамояд.
Моддаи 27. Тартиби расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа аз рӯи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
1. Шахсоне, ки дар моддаи 22 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, метавонанд ба суд ва ҳуқуқшиноси давлатӣ барои гирифтани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа аз рӯи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муроҷиат намоянд. Дар сурати муроҷиат ба суд, суд барои таъмини эҳтиёҷмандон бо адвокат ба сифати ҳимоятгар ба маркази ҳамоҳангсозӣ ҷиҳати даъват намудани адвокат тавассути телефон дархост менамояд.
2. Маркази ҳамоҳангсозӣ пас аз қабули дархост иттилооти аввалияро ба низоми худкори иттилоотӣ фавран ворид менамояд :ва бо адвокате, ки ӯро низоми худкори иттилоотӣ муайян кардааст, дар тамос шуда, барои расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа сафарбар менамояд. Дар сурати ҷой доштани нуқсонҳои техникӣ дар низоми худкори иттилоотӣ, маркази ҳамоҳангсозӣ маълумотро ба дафтари махсус ворид намуда, барои сафарбар кардани адвокат аз рӯи навбат чораҳои зарурӣ меандешад.
3. Дар таъиноти суд дар бораи пардохти ҳаққи хизмати адвокат маълумотҳо дар бораи моҳияти парванда, сана ва вақти дархост ба маркази ҳамоҳангсозӣ, таъмин бо адвоқат, рӯзҳои иштироки адвокат дар парванда бо нишон додани ҳаракатҳои мурофиавие, ки дар онҳо иштирок кардааст, мушаххас баён мегарданд. Дар таъиноти суд оид ба пардохти ҳаққи хизмати адвокат андозаи ҳаққи хизмат барои иштироки адвокат дар парванда нишон дода намешавад.
4. Пас аз анҷом ёфтани истеҳсолот аз рӯи парванда, адвокат таъиноти судро дар бораи ба сифати ҳимоятгар таъин намудан ва таъиноти суд дар бораи пардохти ҳаққи хизматашро бо дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ якҷоя бо ҳисобот ба маркази ёрии ҳуқуқӣ барои пардохт пешниҳод менамояд.
5. Дар сурати муроҷиати шахсоне, ки дар сархатҳои дуюм ва сеюми моддаи 22 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, ҳуқуқшиноси давлатӣ дар асоси аризаи хаттии муроҷиаткунанда ва ё намояндаи қонунии ӯ метавонад ба сифати ҳимоятгар иштирок намояд. Ҳуқуқшиноси давлатӣ дар асоси мактуби маркази ёрии ҳуқуқӣ ба сифати ҳимоятгар. дар мурофиаи судии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз тарафи суд роҳ дода мешавад.
6. Иштироки адвокат ва ҳуқуқшиноси давлатӣ дар истеҳсолоти парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба сифати ҳимоятгар мутобиқи тартиби пешбининамудаи Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 28. Тартиби расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа аз рӯи парвандаҳои гражданӣ
1. Шахсоне, ки дар моддаи 23 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, метавонанд ба суд ва ҳуқуқшиноси давлатӣ барои гирифтани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа аз рӯи парвандаҳои гражданӣ муроҷиат намоянд.
2. Дар сурати муроҷиат ба ҳуқуқшиноси давлатӣ барои ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа аз рӯи парвандаҳои гражданӣ, ҳуқуқшиноси давлатӣ дар асоси аризаи хаттии шахси муроҷиаткунанда ва ё намояндаи қонунии ӯ ба маркази ҳамоҳангсозӣ тавассути телефон барои даъват намудани адвокат ба сифати намоянда дархост менамояд. Дар сурати муроҷиати шахсоне, ки дар сархатҳои дуюм ва сеюми моддаи 23 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, барои ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа аз рӯи парвандаҳои гражданӣ, ҳуқуқшиноси давлатӣ дар асоси аризаи хаттии муроҷиаткунанда ва ё намояндаи қонунии ӯ метавонад ба сифати намоянда дар суд иштирок намояд. Ҳуқуқшиноси давлатӣ дар асоси мактуби маркази ёрии ҳуқуқӣ ба сифати намоянда дар мурофиаи судӣ аз тарафи суд роҳ дода мешавад.
3. Дар сурати муайян кардани шахсе, ки ба ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа аз рӯи парвандаҳои гражданӣ ниёз дорад, судя барои таъмини шахс бо намоянда ба маркази ҳамоҳангсозӣ бо тартиби дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинигардида дархост мефиристад.
4. Маркази ҳамоҳангсозӣ пас аз қабули дархост аз суд ё ҳуқуқшиноси давлатӣ иттилооти аввалияро ба низоми худкори иттилоотӣ фавран ворид менамояд ва бо адвокате, ки ӯро низоми худкори иттилоотӣ муайян кардааст, дар тамос шуда, барои расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа сафарбар менамояд. Дар сурати ҷой доштани нуқсонҳои техникӣ дар низоми худкори иттилоотӣ, маркази ҳамоҳангсозӣ маълумотро ба дафтари махсус ворид намуда, барои сафарбар кардани адвокат аз рӯи навбат ба сифати намоянда чораҳои зарурӣ меандешад.
5. Пас аз анҷоми парванда, адвокат таъиноти суд дар бораи ба сифати намоянда таъин намудан ва таъиноти суд дар бораи пардохти ҳаққи хизмати адвокат бо ҳуҷҷатҳои зарурии дигар якҷоя бо ҳисобот ба маркази ёрии ҳуқуқӣ барои пардохт пешниҳод менамояд.
6. Иштироки адвокат ва ҳуқуқшиноси давлатӣ дар парвандаи гражданӣ ба сифати намоянда мутобиқи тартиби пешбининамудаи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 29. Асосҳо барои рад кардани расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа
1. Расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа бо асосҳои зерин рад карда мешавад:
- ба шахсе, ки мутобиқи Қонуни мазкур ҳуқуқи гирифтани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷаро надорад;
- ба шахсе, ки бо мақсади мансуб донистани ӯ ба яке аз гурӯҳи шахсоне, ки ба ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа ҳуқуқ доранд, маълумоти бардурӯғ ё ҳуҷҷатҳои қалбакӣ пешниҳод намудааст;
- ба шахсе, ки ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа оид ба ҳамон як масъала расонида шудааст.
2. Дар ҳолати рад намудан оид ба расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа дар асоси моддаи мазкур, ба шахс шарҳи хаттӣ оид ба сабабҳои радкунӣ ва тартиби муроҷиат бо шикоят ба суд пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 30. Асосҳои қатъ кардани расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа
1. Расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа қатъ мегардад, агар:
- ҳолат ё асосҳои мавҷудае, ки тибқи онҳо шахс ба гурӯҳи шахсони пешбининамудаи Қонуни мазкур мансуб шудааст, аз байн рафтаанд;
- муайян шудани ҳолати пешниҳод кардани маълумоти бардурӯғ ё ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, ки барои мансуб донистани шахс ба яке аз гурӯҳи шахсоне, ки ба ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа Ҳуқуқ доранд ва қабули қарор дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа ба ӯ асос шудааст;
- шахс аз тарафи адвокати (намояндаи) дигар аз рӯи парвандае, ки ба ӯ адвокат (намоянда) мувофиқи Қонуни мазкур таъин шудааст, ҳифз карда мешавад.
2. Дар сурати қатъ шудани расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа мутобиқи сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 1 моддаи мазкур, шахсе, қи ба ӯ чунин ёрӣ расонида шудааст, уҳдадор аст, ки андозаи хароҷоти воқеии вобаста ба расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷаро ҷуброн намояд.
Моддаи 31. Асосҳои иваз кардани адвокате, ки ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷаро мерасонад
1. Адвокате, ки ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа мерасонад, метавонад дар ҳолатҳои зерин иваз карда шавад:
- бемории адвокат;
- вафоти адвокат;
- иҷрои номатлуби уҳдадориҳо мутобиқи шартҳои шартнома;
- риоя накардани тартиби расондани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа аз ҷониби адвокат;
- хориҷ кардани адвокат аз феҳристи давлатӣ.
2. Ҳангоми иваз намудани як адвокат ба адвокати дигар, давомнокии ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа таъмин карда мешавад.
3. Адвокате, ки бар ивази адвокати дигар таъин шудааст, уҳдадор аст барои бартараф кардани камбудиҳое, ки пеш аз таъин шуданаш ҷиҳати расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа ҷой доштанд, чораҳо андешад.
4. Агар қарор дар бораи иваз кардани адвокат мутобиқи сархатҳои дуюм, сеюм ва чоруми қисми 1 моддаи мазкур қабул шуда бошад, маркази ёрии ҳуқуқӣ масъалаи аз феҳристи давлатӣ хориҷ кардани адвокатро ба маркази ҳамоҳангсозӣ пешниҳод менамояд.
Моддаи 32. Уҳдадориҳои субъектҳое, ки ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа мерасонанд
Адвокатҳо ва ҳуқуқшиносони давлатӣ, ки ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа мерасонанд, уҳдадоранд:
- талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, риоя намоянд;
- ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷаро сифатнок ва ба андозаи зарурӣ расонанд;
- иттилооти махфиеро, ки дар бораи шахс вобаста ба расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа маълум шудааст, ифшо насозанд.
БОБИ 5. МОНИТОРИНГ ВА БАҲОДИҲИИ СИФАТИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
Моддаи 33. Мониторинг ва баҳодиҳии сифати ёрии ҳуқуқӣ
1. Мониторинг ва баҳодиҳии сифати ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ва ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷае, ки ҳуқуқшиносони давлатӣ ва адвокатҳо мерасонанд, аз ҷониби маркази ёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад.
2. Тартиби гузарондани мониторинг ва баҳодиҳии сифати ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ва дуюмдараҷа, ки ҳуқуқшиносони давлатӣ ва адвокатҳо мерасонанд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ мегардад.
3. Мониторинг ва баҳодиҳии сифати ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ва дуюмдараҷа бо мақсадҳои зерин амалӣ мегардад:
- таъмини сифати ёрии ҳуқуқии якумдараҷа, ки аз ҷониби ҳуқуқшиносони давлатӣ расонида шудааст;
- таъмини сифати кори адвокатҳо оид ба расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа дар ҳамаи марҳилаҳои мурофиаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва гражданӣ пас аз анҷоми парвандаҳо дар суд;
- таъмини сифати ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа, ки аз ҷониби ҳуқуқшиносони давлатӣ дар пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва гражданӣ расонида шудааст.
БОБИ 6. МАБЛАҒГУЗОРИИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
Моддаи 34. Маблағгузории ёрии ҳуқуқӣ
1. Расонидани ёрии ҳуқуқӣ аз буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешавад.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошудаи буҷетиро таъмин менамояд.
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 35. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 36. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ, ба истиснои моддаҳои 22, 23,27 ва 28 мавриди амал қарор дода шавад.
2. Муқаррароти моддаҳои 22, 23, 27 ва 28 Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2025 мавриди амал қарор дода шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
4 июли соли 2020 № 1694