Низомномаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2020 № 1557

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 18 июни соли 2020, №1557

 

Низомномаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ) мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки сиёсати ягонаи назорати давлатиро дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, дар фаъолияти худ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.

2. Агентӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва ҳамин низомномаро дастури амал қарор медиҳад.

3. Агентӣ бо мақсади амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва стандартҳои давлатии таҳсилотро дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти ташкилотҳои илмӣ, самаранокии татбиқи таҳқиқоти илмӣ-техникӣ, тайёр намудани мутахассисон ва кадрҳои илмиро новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравии онҳо назорат карда, инчунин дар раванди банақшагирӣ ба ташкили ҷараёни таълиму тарбия, сатҳи сифати дониши хонандагон, донишҷӯён, магистрон, аспирантону докторантон, тайёр намудани мутахассисон ва дигар самтҳои фаъолияти муассисаҳои таълимӣ баҳо медиҳад.

4. Агентӣ низоми назорати давлатиро дар соҳаи маориф дар шакли иҷозатномадиҳӣ, баҳогузории маҷмӯӣ ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва соҳа, мақомоти идоракунии соҳа, аттестатсияи давлатӣ ва аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи илм бо роҳҳои иҷозатномадиҳӣ барои фаъолияти педагогии илмӣ, баҳодиҳӣ ба аттестатсияи кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ, назорати риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм ва маориф амалӣ менамояд.

2. ВАКОЛАТҲО ВА ВАЗИФАҲОИ АГЕНТӢ

5. Ваколатҳои асосии Агентӣ:

- иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илмро дар муассисаҳои таълимӣ, илмӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқи ва тобеияти идоравии онҳо назорат менамояд;

- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба низоми назорати давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм пешниҳод манзур менамояд;

- шаклҳои варақаҳои иҷозатнома дар бораи пешбурди фаъолияти таълимӣ, шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ, шаҳодатнома дар бораи эътироф ва муқаррар кардани баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилоти давлатҳои хориҷиро тасдиқ, инчунин талаботи техникӣ нисбат ба ҳуҷҷатҳои зикргардидаро муайян ва тасдиқ менамояд;

- барои фаъолияти илмӣ ба ташкилотҳои илмӣ, субъектҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ иҷозатнома медиҳад;

- аттестатсия ва аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимиро мегузаронад;

- дар асоси қарори ҷаласаи мушовараи Агентӣ ба муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳои илмӣ иҷозатнома медиҳад;

- оид ба масъалаҳои дар ваколаташ буда тибқи тартиби муқарраргардида конференсияҳо, семинарҳо ва маҷлисҳои машваратӣ гузаронида, дар чорабиниҳои таълимию илмии ташкилотҳои байнидавлатӣ, комиссияҳо ва форумҳо ширкат меварзад;

- кормандони фаъоли Агентиро ҳавасманд мегардонад ва номзадии онҳоро барои гирифтани мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти марбута пешниҳод менамояд;

- зимни гузаронидани санҷишҳо, аттестатсия, аккредитатсия, баҳогузории маҷмӯӣ ва иҷозатномадиҳӣ аз муассисаҳои таълимию ташкилотҳои илмӣ, инчунин вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ - илмиро доранд, мутахассисон ва коршиносонро сафарбар менамояд;

- мутобиқати маводи имтиҳонии дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодашударо ба барномаҳои таълимӣ ва стандартҳои давлатии таҳсилот назорат менамояд;

- дар доираи муқарраргардидаи фаъолият шӯрои машваратӣ ва мақомоти ташхисӣ (шӯро, комиссияҳо, гурӯҳҳо) таъсис медиҳад;

- мониторинги сифати таҳсилот ва рейтинги муассисаҳои таълимиро арзёбӣ мекунад;

- сифати таҳсилотро дар муассисаҳои таълимӣ санҷида, дар мушовараи Агентӣ онро баррасӣ мекунад ва натиҷаашро ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ба муассисаҳои таълимӣ, муассисон, вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимию илмӣ доранд, пешниҳод манзур менамояд;

- баробарарзишии ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии таҳсилоти дар хориҷи кишвар гирифташударо тибқи тартиби муқарраргардида муайян ва эътироф карда, ҳуҷҷати дахлдор медиҳад;

- дар соҳаи фаъолияти худ ҳамкории байналмилалиро тибқи тартиби муқарраргардида ба роҳ мемонад; - бозиомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони Агентиро ташкил менамояд; - доир ба натиҷаи фаъолияти худ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш ва маълумотнома пешниҳод менамояд.

6. Агентӣ мувофиқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда:

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аттестатсия, аккредитатсия, баҳогузории маҷмӯӣ ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзиро мегузаронад, мақоми онҳоро муайян менамояд, инчунин фаъолияти муассисаҳои онро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия, баҳогузории маҷмӯӣ ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ назорат намуда, дар ҳолати риоя нагардидани шарту талаботи иҷозатнома ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм оид ба манъи фаъолияти минбаъдаи онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ қарор қабул менамояд;

- тартиби коркард, истифода, нигоҳдории маводи таълимӣ-илмӣ ва шароити ҷобаҷогузории онро дар портали шабакаҳои иттилоотии интернетии муассисаҳои таълимӣ назорат менамояд;

- нақшаи гузаронидани аттестатсияи муассисаҳои таълимӣ, илмӣ- таҳқиқотиро, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравии онҳо таҳия ва тасдиқ намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маълумот пешниҳод менамояд;

- ташкил ва гузаронидани санҷишҳои тестӣ, корҳои хаттӣ, пурсиши шифоҳиро дар раванди аттестатсия ва назорати сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ амалӣ менамояд;

- оид ба масъалаҳои ба ваколати Агентӣ тааллукдошта ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ машварат медиҳад;

- татбиқи барномаҳои ба масъалаҳои сифати таҳсилот ва идоракунии он мансуббударо назорат мекунад;

- тартиб ва меъёрҳои гузаронидани рейтинги муассисаҳои таълимиро, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравии онҳо муқаррар менамояд;

- пойгоҳи моддию техникӣ, илмӣ ва педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва ташкилотҳои илмии ҷумҳуриро омӯхта, барои додани иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ аз рӯйи ихтисоси магистратура, интернатура, ординатура (резидентура), аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос (доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос), докторантура ва постдокторантура ва доктор ҳабилитат қарор қабул менамояд;

- ҳолатҳои риоя нагардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба самти фаъолияти Агентӣ ошкор ва пешгирӣ менамояд;

- раёсат ва шуъбаҳои Агентиро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ва дигар маводи иттилоотӣ таъмин менамояд;

- ҳифзи иттилоот ва дигар маълумоти махфии давлатиро дар доираи ваколатҳои худ таъмин менамояд.

7. Агентӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳо ва иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда ҳуқуқҳои зерин дорад:

ҷиҳати - таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, гузаронидани санҷишҳо, аттестатсия, аккредитатсия, баҳогузории маҷмӯӣ ва иҷозатномадиҳӣ аз муассисаҳои таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотй, инчунин вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ доранд, мутахассисон ва коршиносонро ҷалб менамояд;

- дар сурати ошкор намудани қонунвайронкуниҳо аз ҷониби кормандон ва роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, академияҳои соҳавӣ ва сохторҳои онҳо, инчунин вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ доранд, ҷиҳати чораандешӣ тибқи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколати худ ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод манзур менамояд;

- бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ аз муассисаҳои таълимӣ, илмӣтаҳқиқотӣ, ташкилотҳои илмӣ, академияҳои соҳавӣ ва сохторҳои онҳо ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ, илмӣ- таҳқиқотӣ доранд, барои амалисозии назорат, санҷиш, аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳӣ маводу ҳуҷҷатҳои заруриро талаб менамояд;

- дар доираи ваколатҳои худ тибқи тартиби муқарраргардида конференсияҳо, семинарҳо ва маҷлисҳои машваратӣ гузаронида, дар чорабиниҳои таълимию илмии ташкилотҳои байнидавлатӣ, комиссияҳо ва форумҳо ширкат меварзад;

- аз мақомоти давлатӣ маълумоти заруриро оид ба масъалаҳои мансуб ба соҳаи фаъолияташ бо тартиби муқарраргардида дархост менамояд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи маводи бойгониро доир ба фаъолияти Агентӣ ба роҳ мемонад.

3. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТӢ

8. Агентиро директор роҳбарӣ мекунад, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъйин ва аз мансаб озод карда мешавад.

9. Директори Агентӣ дорои 2 муовин, аз ҷумла як муовини якум мебошад, ки бо пешниҳоди ӯ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъйин ва аз мансаб озод карда мешавад.

10. Директори Агентӣ:

- барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Агентӣ гузошташуда ва дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм масъулияти шахсӣ дорад;

- ба фаъолияти Агентӣ роҳбарӣ мекунад;

- дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар манфиатҳои Агентиро намояндагӣ менамояд ва аз рӯи масъалаҳои фаъолияти он тибқи тартиби муқарраргардида қарор қабул мекунад;

- вазифаҳоро байни муовинони худ тақсим мекунад;

- кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ, роҳбарони раёсат ва шуъбаҳои Агентӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳуриро тибқи тартиби муқарраргардида ба мансаб таъйин ва аз мансаб озод намуда, инчунин мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва интизомиро татбиқ менамояд;

- дастурамалҳои мансабии хизматчиёни давлатӣ ва дигар кормандони Агентиро тасдиқ менамояд;

- харҷнома ва ҷадвали воҳидҳои кории Агентиро дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандони аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида, харҷномаи нигаҳдории онро дар доираи маблағҳои барои давраи дахлдор тасдиқгардида, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудаанд, тасдиқ менамояд;

- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамояд;

- бо тартиби муқарраргардида лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Агентӣ таҳия менамояд;

- қарорҳои хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулнамудаи воҳидҳои сохтории Агентиро бекор мекунад, агар тартиби дигари бекор кардани онҳо муқаррар нашуда бошад;

- номзадҳо ба аъзои ҳайати мушовараи Агентиро барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

11. Агентӣ дорои ҳайати мушовара мебошад, ки аз 7 нафар иборат буда, онро директор роҳбарӣ мекунад. Ба ҳайати мушовара муовинони директор аз рӯи мансаб шомил буда, сардорони раёсат, мудирони шуъба ва бахшҳо, инчунин намояндагони вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмй доранд, метавонанд шомил карда шаванд.

12. Маблағгузории дастгоҳи марказии Агентӣ, раёсат ва шуъбаҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, маблағҳои махсус ва дигар маблағҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, анҷом дода мешавад. Ба Агентӣ тавассути суратҳисоби ягонаи сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонӣ карда мешавад.

13. Маблағҳои махсуси Агентӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти иҷрои кор ва хизматрасонии давлатӣ ташаккул меёбанд.

4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

14. Агентӣ молу мулки ба ӯ вобасташударо бо тартиб ва шарту шароити муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ менамояд.

15. Агентӣ ҳамчун шахси ҳуқуқӣ дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи Агентӣ бо забони давлатӣ буда, инчунин муҳрҳо, штампҳо, бланкҳои дахлдор, сомонаи расмии интернетӣ ва дигар нашрияҳои давриро барои амалисозии фаъолияти худ дорад.

16. Номи пурраи Агентӣ: Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

17. Номи мухтасари Агентӣ: Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм.

18. Маҳалли ҷойгиршавии Агентӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Садриддин Айнӣ, 126.

19. Дар сурати қать гардидани фаъолияти Агентӣ масъалаҳои супурдан, нигоҳ доштан ва истифодаи минбаъдаи ҳуҷҷатҳои он тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешавад.

 

 

Замимаи 2

ба фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 18 июни соли 2020, №1557

 

Сохтори дастгоҳи марказии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагӣ

Раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолон

Раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ

Шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ, эътироф ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилот дар давлатҳои хориҷӣ

Шуъбаи баҳодиҳӣ ва мониторинги сифати таҳсилот

Бахши назорат, коргузорӣ ва корҳои махсус

Бахши молия ва муҳосибот

Бахши муносибатҳои байналмилалӣ

 

Замимаи 3

ба фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 18 июни соли 2020, №1557

 

Нақшаи идоракунии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи марказӣ

Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд

Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Хатлон

Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар шаҳри Душанбе

Шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон

Шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Ҳисор

Шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Рашт

Шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Зарафшони вилояти Суғд

 

Приложение 1

к указу Президента

Республики Таджикистан

от 18 июня 2020 года,№1557

Положение об Агентстве по надзору в сфере образования и науки при Президенте Республики Таджикистан

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Агентство по надзору в сфере образования и науки при Президенте Республики Таджикистан (далее-Агентство) является центральным исполнительным органом государственной власти, осуществляющим единую политику государственного надзора в области образования и науки Республики Таджикистан и в своей деятельности подотчетным перед Президентом Республики Таджикистан.

2. Агентство в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, нормативными правовыми актами Республики Таджикистана, а также международными правовыми актами, признанными Таджикистаном и настоящим положением.

3. Агентство в целях реализации единой политики государственного надзора в сфере образования и науки осуществляет контроль за исполнением нормативных правовых актов, государственных образовательных стандартов в учебных заведениях Республики Таджикистан, деятельностью научных организаций, эффективностью реализации научно-технических исследований, подготовкой специалистов и научных кадров, независимо от их организационно-правовой формы и ведомственной подчиненности, а также в процессе планирования даёт оценку организации учебного процесса, уровню качества знаний учеников, студентов, магистров, аспирантов, докторантов, подготовке специалистов и другим направлениям деятельности учебных заведений.

4. Агентство осуществляет систему государственного контроля в сфере образования в форме лицензирования, комплексной оценки образовательных учреждений и сферы, органов управления сферы, государственной аттестации и государственной аккредитации образовательных учреждений в сфере науки путём лицензирования для научной педагогической деятельности, оценки аттестации научных сотрудников и научных деятелей и (или) научно-технических сотрудников оценки аттестации научных сотрудников и (или) с высшей категорией научно-технических сотрудников, контроля соблюдения требований законодательства Республики Таджикистан в сфере образования и науки.

2. ПОЛНОМОЧИЯ И ЗАДАЧИ АГЕНТСТВА

5. Основные полномочия Агентства:

- осуществляет контроль за исполнением законов и других нормативных правовых актов сферы образования и науки в образовательных, научных, научно-исследовательских учреждениях, независимо от их организационно-правовой формы и ведомственной подчиненности;

- утверждает формы бланков лицензии о ведении образовательной деятельности, свидетельства о государственной аккредитации, свидетельства о признании и установлении эквивалентности документов об образовании зарубежных государств, а также определяет и утверждает технические требования к данным документам;

- представляет Президенту Республики Таджикистан, Правительству Республики Таджикистан и Исполнительному аппарату Президента Республики Таджикистан предложения о системе государственного контроля в сфере образования и науки;

- выдаёт лицензии научным организациям, научным и (или) научно-техническим субъектам для научной деятельности;

- проводит государственную аттестацию и аккредитацию образовательных учреждений;

- на основе решения коллегии Агентства выдаёт лицензии образовательным учреждениям;

- по вопросам, входящим в его полномочия согласно установленному порядку проводит конференции, семинары, консультативные совещания и участвует в образовательно-научных мероприятиях межгосударственных организаций, комиссий и форумах;

- поощряет активных сотрудников Агентства и выдвигает их кандидатуры Президенту Республики Таджикистан и соответствующим органам для получения государственных и отраслевых наградов;

- при проведении проверок, аттестации, аккредитации, комплексной оценки образовательных учреждений направляет специалистов и экспертов из образовательных учреждений, научных организаций, а также из министерств и ведомств, имеющих в своих структурах научно-образовательные учреждения;

- обеспечивает контроль соответствия экзаменационных материалов, использованных в централизованных вступительных экзаменах в образовательных учреждениях среднего и высшего профессионального образования Республики Таджикистан учебным программам и государственным стандартам образования;

- в рамках установленной деятельности создаёт консультативный совет и экспертные органы (советы, комиссии, группы);

- осуществляет контроль за оценкой и мониторингом качества образования, а также рейтингом образовательных учреждений;

- проводит проверки по определению качества образования, его управлению и обеспечению, вносит предложения после рассмотрения на коллегии Агентства по устранению выявленных недостатков министерствам и ведомствам, имеющим в своей структуре образовательно-научные учреждения а также образовательным учреждениям;

- признает и устанавливает эквивалентность документов государственного образца о получении образовании в зарубежных государствах в установленном порядке, и выдаёт соответствующий документ;

- в установленном порядке осуществляет международное сотрудничество в сфере своей деятельности;

- организует профессиональное обучение, переподготовку и повышение квалификации сотрудников Агентства;

- по результатам своей деятельности представляет отчеты и информационные материалы Президенту Республики Таджикистан.

6. Агентство согласно возложенным задачам:

- в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан проводит аттестацию, аккредитацию, комплексную оценку, лицензирование образовательных, научно-исследовательских учреждений и учреждений повышения квалификации и переподготовки, определяет их статус, а также контролирует деятельность его учреждений в Горно-Бадахшанской автономной области, областях, городе Душанбе, городах и районах республики по проведению аттестации, аккредитации, комплексной оценки и лицензированию образовательных учреждений и,  при случаях несоблюдения лицензионных требований, условий и правил лицензии, принимает решение о запрете дальнейшей их деятельности в порядке, установленном законодательством;

- осуществляет контроль за порядком обработки, использования и хранения учебно-научных материалов и условий их информационного размещения в существующих телекоммуникационных порталах;

- разрабатывает и утверждает планы проведения аттестации образовательных, научно-исследовательских учреждений, независимо от их организационно-правовой формы и ведомственной принадлежности и представляет отчёт Президенту Республики Таджикистан;

- реализует организацию и проведение тестовых проверок, письменных работ, устных опросов в процессе аттестации и надзора за качеством образования в учебных заведениях;

- даёт консультации физическим и юридическим лицам по вопросам, входящим в полномочия Агентства;

- осуществляет надзор за внедрением программ, относящихся к качеству образования и его управления;

- устанавливает порядок и критерии проведения рейтинга образовательных учреждений, независимо от их организационно-правовой формы и ведомственной подчиненности;

- изучает материально-техническую, научно-педагогическую базу учреждений высшего профессионального образования, послевузовского профессионального образования, научных организаций в республике и принимает решение о выдаче лицензий на ведение образовательной деятельности по специальностям магистратура, интернатура, ординатура (резидентура), аспирантура, докторантура по специальности (доктора философии (PhD) - доктор по специальности), докторантура и постдокторантура и доктора хабилитата;

- выявляет и предотвращает случаи несоблюдения законодательства Республики Таджикистан в сфере деятельности Агентства;

- обеспечивает управления и отделы Агентства в Горно-Бадахшанской автономной области, областях, в городе Душанбе и других регионах республики отраслевыми нормативными правовыми актами и другими информационными материалами;

- обеспечивает в рамках своих полномочий защиту информации и других сведений государственной тайны.

7. Агентство, в целях решения вопросов и исполнения возложенных на него задач имеет право;

- привлекать специалистов и экспертов из образовательных и научно-исследовательских учреждений, а также министерств и ведомств, имеющих в своих структурах образовательные и научно-исследовательские учреждения для разработки нормативных правовых актов, проведения проверок, аттестации, аккредитации, комплексной оценки и лицензирования;

- в случаях выявления правонарушений, допущенных сотрудниками и руководством образовательных, научно-исследовательских учреждений, отраслевых академий и их ведомств, а также министерств и ведомств, имеющих в своих структурах учебные и научные учреждения представляет в рамках своих полномочий предложения для принятия мер соответствующим министерствам и ведомствам в соответствии с нормами действующего законодательства;

- в порядке, установленном законодательством запрашивать у руководства образовательных и научно-исследовательских учреждений, научных организаций, отраслевых академий и их структур, а также других министерств и ведомств, имеющих в своих структурах образовательные и научно-исследовательские учреждения материалы и документы, необходимые для осуществления надзора, инспектирования, аттестации, аккредитации и лицензирования;

- проводит конференции, семинары и консультативные совещания по вопросам, относящимся к его полномочиями и принимать участие в образовательных и научно-методических мероприятиях межгосударственных организаций, комиссий и форумов;

- запрашивать от государственных органов в установленном порядке необходимую информацию по вопросам, относящимся к своей сфере деятельности;

- организовать сбор, хранение и использование архивных материалов о деятельности Агентства, в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан;

- проводить конкурсы в установленном порядке для выполнения задач Агентства, а также для проведения научно-исследовательских работ, относящихся к сфере его деятельности.

3. ОРГАНИЗАЦИЯ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ АГЕНТСТВА

8. Агентство возглавляет директор, назначаемый и освобождаемый от должности Президентом Республики Таджикистан.

9. Директор Агентства имеет 2 заместителей, в том числе одного первого заместителя, назначаемых и освобождаемых от должности Президентом Республики Таджикистан по его представлению.

10. Директор Агентства:

- несет персональную ответственность за выполнение возложенных на Агентство задач и реализацию государственной политики в области управления образованием и наукой;

- руководит деятельностью Агентства;

- представляет интересы Агентства в Республике Таджикистан и за его пределами и согласно установленному порядку принимает решения по вопросам его деятельности;

- распределяет обязанности среди своих заместителей;

- согласно установленному порядку назначает и освобождает от должности сотрудников центрального аппарата Агентства, руководителей управлений и отделов Агентства, Горно-Бадахшанской автономной области, Хатлонской, Согдийской областей, города Душанбе и других регионов республики, а также применяет в установленном порядке поощрительные и административные меры;

- утверждает должностные инструкции государственных служащих и других сотрудников Агентства;

- утверждает в рамках фонда заработной платы и численности персонала, установленного Президентом Республики Таджикистан смету расходов, штатное расписание Агентства, смету расходов на его содержание, утвержденную на соответствующий период в рамках предусмотренных бюджетных ассигнований;

- представляет отчет Президенту Республики Таджикистан;

- в установленном порядке разрабатывает проекты нормативных правовых актов, входящих в компетенцию Агентства;

- отменяет решения, принятые структурными подразделениями Агентства, противоречащие законодательству Республики Таджикистан, если не установлен иной порядок их отмены;

- представляет на утверждение Президенту Республики Таджикистан кандидатов в члены коллегии Агентства.

11. Агентство имеет коллегию в составе 7 человек, руководимую директором. В состав коллегии входят директор, заместители директора по должности и могут быть внесены руководители управлений, заведующие отделов и секторов, а также представители министерств и ведомств, в структуре которых имеются учебные и научно-исследовательские учреждения.

12. Финансирование центрального аппарата Агентства, его управлений и отделов в Горно-Бадахшанской автономной области, областях, городе Душанбе и других регионах страны осуществляется за счет средств республиканского бюджета и специальных средств и других средств источников, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан. Агентство обслуживается посредством единого счета главного управления центрального казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан.

13. Специальные средства Агентства согласно законодательству Республики Таджикистан образуются от выплат за выполнение работ и государственных услуг.

4. ЗАКЛЮЧИТЕЛНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ

14. Агентство в порядке и на условиях, установленных законодательством Республики Таджикистан владеет, пользуется и распоряжается переданным ему имуществом.

15. Агентство, являясь юридическим лицом, имеет печать с изображением Государственного герба Республики Таджикистан и со своим наименованием на государственном языке, а также другие необходимые для осуществления своей деятельности штампы и бланки, официальный интернет-сайт и другие периодические издания.

16. Полное название Агентства:

Агентство по надзору в сфере образования и науки при Президенте Республики Таджикистан.

17. Краткое название Агентства: Агентство по надзору в сфере образования и науки.

18. Место нахождения Агентства: Республика Таджикистан, город Душанбе, улица Садриддина Айни, 126.

19. В случае прекращения деятельности Агентства вопросы сдачи, хранения и дальнейшее использование их документов решается в соответствии нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.

Приложение 2

к указу Президента

Республики Таджикистан

от 18 июня 2020 года, №1557

Структура центрального аппарата Агентства по надзору в сфере образования и науки при Президенте Республики Таджикистан

Руководство

Управление государственного надзора учреждений дошкольного, общего и дополнительного образования

Управление государственного надзора учреждений начального, среднего профессионального образования и образования для взрослых

Управление государственного надзора науки и инновации, учреждений Высшего профессионального образования, послевузовского образования

Отдел кадров, правового обеспечения признания и эквивалентности образовательных документов об образовании в иностранных государствах

Отдел оценки и мониторинга качества образования

Сектор контроля, делопроизводства и специальных работ

Сектор финансов и бухгалтерии

Сектор международных отношений

Приложение 3

к указу Президента

Республики Таджикистан

от 18 июня 2020 года, №1557

Схема управления Агентства по надзору в сфере образования и науки при Президенте Республики Таджикистан

Центральный аппарат

Управление Агентства по надзору в сфере образования и науки в Горно-Бадахшанской автономной области

Управление Агентства по надзору в сфере образования и науки в Согдийской области

Управление Агентства по надзору в сфере образования и науки в Хатлонской области

Управление Агентства по надзору в сфере образования и науки в городе Душанбе

Отдел Агентства по надзору в сфере образования и науки в Кулябском регионе Хатлонской области

Отдел Агентства по надзору в сфере образования и науки в Гиссарском регионе

Отдел Агентства по надзору в сфере образования и науки в Раштском регионе

Отдел Агентства по надзору в сфере образования и науки в Зеравшанском регионе Согдийской области.