Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 майи соли 2020, № 272
Низомномаи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ (минбаъд - Хадамот) мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, назорати давлатиро дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад ва ба нақшаи идоракунии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мебошад.
2. Хадамот дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
3. Хадамот фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.
4. Хадамот ва мақомоти дар нақшаи идоракунии он пешбинишуда, инчунин муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Хадамот метавонанд ҳамчун пойгоҳи таълимию методии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии тиббӣ ва фармасевтӣ истифода шаванд.
2. ВАКОЛАТҲОИ ХАДАМОТ
5. Хадамот дар соҳаи муқарраргардида вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:
- назорати давлатии санитарию эпидемиологиро оид ба риояи талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи санитарӣ анҷом медиҳад;
- дар таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои ҳифзи саломатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ иштирок менамояд;
- мониторинги иҷтимоию беҳдоштиро мегузаронад;
- дар рафъи эпидемияҳо, садамаҳо, офатҳои табиӣ, фоҷиаҳои экологӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда, ки барои ҳаёт ва саломатии инсон хатарнок мебошанд, иштирок менамояд;
- қоидаҳои санҷишҳои нақшавӣ, ғайринақшавӣ, иловагӣ ва такрориро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" таҳия менамояд ва бо мақсади арзёбии мутобиқати онҳо ба меъёрҳои қабулгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷишҳои мазкурро анҷом медиҳад;
- амалисозии назорати инспексиониро ҷиҳати иҷрои тавсияҳо ва амрномаҳои Хадамот аз рӯи натиҷаҳои санҷишҳо ҳамоҳанг месозад;
- талаботро ба дорувориҳои иммунобиологӣ, тест-системаҳо, маводи дезинфексионӣ, маводи бактериологӣ ва химиявӣ, таҷҳизот барои ташхисгоҳҳо ва ғайраро барои Хадамот муайян менамояд;
- қабули шаҳрвандон, сари вақт ва пурра таҳлил намудани муроҷиати шифоҳӣ ва хаттии шаҳрвандон, нисбати онҳо қабул намудани қарорҳо ва додани ҷавобро ба аризадиҳандагон дар муҳлати тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида ташкил менамояд;
- ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатиро таъмин менамояд;
- пешбурди баҳисобгирӣ ва ба кормандон додани дафтарчаҳои тиббии шахсӣ, тасдиқи дониши ҳадди ақали санитарӣ, иҷозати ба кор шурӯъ намудани онҳо баъд аз гузаштани муоинаҳои пешакӣ ва даврии тиббиро амалӣ менамояд;
- қабул ва таҳлили ҳисоботи фаъолияти марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологиро таъмин намуда, саҳеҳияти маълумоти омориро месанҷад;
- фаъолияти марбут ба истифодабарии барангезандаҳои бемориҳои сироятиро анҷом медиҳад;
- фаъолият дар соҳаи истифодабарии манбаъҳои афканишоти ионофар ва ғайриионофарро амалӣ менамояд;
- назорати давлатии санитарию эпидемиологиро дар нақлиёт ва гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути нуқтаҳои санитарӣ - карантинӣ амалӣ менамояд;
- назорати давлатии санитарию эпидемиологиро дар нақлиёт ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо мақсади муҳофизати санитарии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва паҳн кардани бемориҳои сироятӣ (паразитӣ) ва ғайрисироятӣ ки барои аҳолӣ дорои хатар мебошанд, ба роҳ мемонад, инчунин молу маҳсулот, маводи кимиёвӣ, биологӣ, партовҳо ва дигар борҳои воридотӣ, содиротӣ ва транзитии тавассути роҳҳои ҳавоӣ ва нақлиёти рӯизаминӣ интиқол додашаванда ва дараҷаи хатарнок барои инсонро арзёбӣ намуда, чораҳои ҷавобӣ, аз ҷумла чораҳои пешгирикунанда ва маҳдудкунандаро ҳангоми сафари байналмилалӣ тавассути ҳавопаймо, воситаҳои нақлиёти рӯизаминӣ, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон амалӣ менамояд;
- барои ошкор намудани омилҳое, ки ба саломатии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонанд ва барои бартараф сохтани онҳо тадбирҳо меандешад;
- ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дигарро, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, дар самти таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ анҷом медиҳад;
- оид ба таълиму тарбияи гигиенаи аҳолӣ ва таблиғи тарзи ҳаёти солим чорабиниҳо мегузаронад;
- мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба вазъи санитарию эпидемиологӣ ва амалӣ намудани чораҳо оид ба таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ хабардор менамояд;
- тибқи тартиби муқарраршудаи қонунгузорӣ санҷиши фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқи, соҳибкорони инфиродӣ ва шаҳрвандонро оид ба иҷрои талаботи қонунгузории санитарӣ, қоидаҳои фурӯши маҳсулот, воридот ва транзити маҳсулоти хӯроквориро ба анҷом мерасонад;
- ташкил ва гузаронидани экспертизаи санитарию эпидемиологиро амалӣ менамояд;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи санитарию эпидемиологӣ медиҳад.
3. ҲУҚУҚҲОИ ХАДАМОТ
6. Хадамот дар соҳаи фаъолияти муқарраршуда чунин ҳуқуқҳо дорад:
- аз вазорату идораҳои ҷумҳурӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дигар, сарфи назар аз шакли моликияташон, инчунин шахсони воқеӣ, ки ба фаъолияти тибби хусусӣ машғуланд, маълумоти оморӣ, пешниҳодҳо, хулосаҳо ва дигар маводи заруриро дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ талаб карда гирад;
- барои баррасии масъалаҳои марбут ба салоҳияти худ шӯроҳо (комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ)-ро, аз ҷумла бо иштироки намояндагони дигар мақомоту идораҳои идоракунии давлатӣ ташкил намояд;
- дар доираи ваколатҳои худ ҳамкориҳои байналмилалиро амалӣ намояд;
- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро барои иҷро накардани уҳдадориҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда, ҳамчунин сари вақт иҷро накардани амрномаҳои Хадамот тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашад;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дигар маълумоти барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ заруриро гирад;
" фаъолияти машварати, таълими ва шаклҳои дигари фаъолиятро, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст, анҷом диҳад; * дар доираи ваколатҳои Хадамот метавонад семинар, маҷлис ва конференсияҳо гузаронад;
- дар асоси шартнома коршиносону машваратчиёни берунаро вобаста ба масъалаҳои дахлдори фаъолияти Хадамот ҷалб намояд;
тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди мурофиаи парвандаҳоро оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ анҷом диҳад;
- барои қабули қарорҳое, ки ба салоҳияти Хадамот мансубанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ маълумоти заруриро талаб намуда гирад;
- барои гузаронидани санҷиш нусхаҳои ҳуҷҷатҳои заруриро гирад;
- чорабиниҳоро оид ба тайёр намудан, тахассусмандӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон барои Хадамот ва дигар муассисаҳои Хадамот гузаронад;
- маълумоти оморӣ, пешниҳодҳо, хулосаҳо ва дигар маводи зурурӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолиро аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, инчунин аз шахсони воқеӣ, ки ба фаъолияти тибби хусусӣ машғуланд, дархост намояд;
- шартҳои шартномаҳои дуҷонибаро бо корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дигаре, ки ба моликияти ҷумҳуриявӣ мансубанду дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ ба сифати воҳидҳои хоҷагии ҷиҳати болоравии ҳаҷм ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ мусоидаткунанда фаъолият мекунанд, муайян намояд;
- дар хусуси бекор намудани қарорҳои роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, пешниҳод манзур намояд;
- аз вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи маблағгузории муассисаҳои таъминкунандаи назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ҷиҳати таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ маълумот дархост намояд ва онро гирад;
- мониторинги созишномаҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ, барномаю нақшаҳои тасдиқшударо, ки бо тартиби муқаррарнамуда дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ тасдиқ гаштаанд, гузаронад;
- санҷиши фаъолияти корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистонро, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ гузаронад;
- аттестатсия ва санҷиши лабораторияҳоро, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, ки фаъолияти онҳо бо тадқиқоти санитарию гигиенӣ ва микробиологӣ алоқаманд аст, гузаронад;
- дар таҳияи стандартҳои давлатӣ, муқаррарот, тавсияҳои методӣ, қоида ва меъёрҳои санитарӣ, фармоишҳои дастурию методӣ, маводи аёнӣ ва дигар иттилоотро оид ба омӯзиши гигиенаи аҳолӣ, барномаҳои мақсадноки давлатию минтақавӣ, инчунин илмӣ, илмию техникӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иштирок намояд;
- дар доираи салоҳияти худ, новобаста аз соати шабонарӯзӣ тафтиши назоратии иҷрои муқаррарот, стандартҳо, меъёрҳо ва маҳакҳо дар ҳама гуна корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дигар, оид ба масъалаҳои таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ анҷом диҳад;
- ҳисоботҳои роҳбарони корхонаҳо, муассиса ва ташкилотҳои дигар оид ба ҷараёни иҷрои шартномаҳои бо Хадамот басташуда ва амалисозии барномаю нақшаҳои тасдиқгардидаро дар шӯрои ҷумҳуриявии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам шунавад;
- ба мақомоти дахлдор пешниҳодҳоро оид ба такмили сиёсати молиявӣ, оморӣ, тарифӣ, қарзӣ, андозӣ ва илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ манзур намояд ва дар муҳокимаи ин масъалаҳо иштирок кунад;
- бо тартиби муқаррарнамуда барои ҳалли масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият муассисаҳои илмӣ, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;
- чораҳои маҳдудкунанда, огоҳкунанда ва пешгирикунандаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба роҳ надодан ва (ё) рафъи оқибатҳои аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ риоя нагардидани талаботи ҳатмӣ барои таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ равона гардиданд, андешад;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ҳуқуқҳоро амалӣ намояд.
4. УХДАДОРИҲОИ ХАДАМОТ
7. Хадамот дорои ухдадориҳои зерин мебошад:
- дар рафти чорабиниҳои назоратӣ оид ба риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва стандартҳои амалкунандаи соҳавӣ корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом диҳад;
- тартиби гузаронидан ва ба расмият даровардани чорабиниҳои назорати давлатии тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршударо риоя намояд;
- оид ба натиҷаҳои чорабиниҳои назорати давлатӣ ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои вайрон кардани талабот чораҳои дахлдор андешад;
- назорати иҷрои муқаррароти қонунгузорӣ, аз ҷумла санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, дар самти таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ амалӣ созад;
- бевосита ё бо супориши роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро тибқи тартиби қонунгузорӣ мавриди баррасӣ қарор диҳад.
5. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ХАДАМОТ
8. Ба Хадамот сардор роҳбарӣ мекунад, ки бо пешниҳоди вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
9. Сардор барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда ва амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.
10. Сардор ду муовин дорад, ки бо пешниҳоди сардори Хадамот аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.
11. Сохтори дастгоҳи марказии Хадамот мувофиқи самтҳои асосии фаъолияти он аз раёсатҳо ва бахшҳо иборат мебошад.
12. Сардори Хадамот:
- роҳбарии умумии фаъолияти Хадамотро анҷом дода, кори онро ташкил менамояд;
- уҳдадориҳоро байни муовинони худ ва сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ тақсим мекунад;
- низомномаҳои воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, мақомоти дар нақшаи идоракунии Хадамот овардашуда ва дастурамалҳои мансабии кормандонро тасдиқ мекунад;
низомномаҳои марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояту, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва ухдадориҳои хизматии кормандонро тасдиқ менамояд;
- дар доираи салоҳияти худ фармоиш ва супоришҳоро, ки иҷрояшон барои кормандони Хадамот ҳатмӣ мебошад, қабул мекунад;
- дар асоси фонди музди меҳнат ва шумораи кормандони муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати вазифаҳои Хадамот ва сметаи хароҷоти нигоҳдории Хадамотро дар доираи маблағгузории дахлдор, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар манбаъҳои маблағгузорӣ пешбинӣ гардидааст, тасдиқ мекунад;
- роҳбарон ва кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии Хадамотро тибқи тартиби муқаррарнамуда ба мансаб таъин ва аз мансаб озод менамояд;
- роҳбарони марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро дар мувофиқа бо раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ба мансаб таъин ва аз мансаб озод менамояд;
- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини молиявии фаъолияти Хадамот пешниҳодҳо манзур менамояд;
- истифодаи мақсадноки воситаҳои пулии Хадамотро таъмин намуда, ба ҳуҷҷатҳои молиявӣ ва пулӣ имзо мегузорад;
- тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигарро анҷом медиҳад.
13. Маблағгузории Хадамот аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳои махсус дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
14. Хадамот дар фаъолияти худ ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
15. Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, бланкҳои идоравӣ мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.
16. Маҳалли ҷойгиршавии Хадамот: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шероз, 8.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 майи соли 2020, № 272
Сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ
Роҳбарият
Раёсати назорати давлатии санитарию гигиенӣ
Раёсати назорати давлатии эпидемиологӣ
Раёсати сироятҳои ниҳоят хавфнок
Бахши муҳосибот
Бахши ҳуқуқ, кадрҳо ва корҳои махсус
Бахши коргузорӣ ва ташкилию оморӣ
Замимаи 3
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 майи соли 2020, № 272
Нақшаи идоракунии Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ
Дастгоҳи марказӣ
Замимаи 4
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 майи соли 2020, № 272
Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ
Муассисаи давлатии "Маркази экспертизаи санитарию эпидемиологӣ ва назорат дар нақлиёту сарҳадот"
Маркази вилоятии назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Марказҳои шаҳрию ноҳиявии назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Маркази вилоятии назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон
Марказҳои шаҳрию ноҳиявии назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон
Маркази вилоятии назоратии давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб
Марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб
Маркази вилоятии назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд
Марказҳои шаҳрию ноҳиявии назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд
Маркази шаҳрии назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе
Марказҳои ноҳиявии назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияҳои шаҳри Душанбе
Марказҳои шаҳрию ноҳиявии назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ