Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020 № 253 "Дар бораи Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025 "

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025

Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025 тасдиқкарда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Иҷрои Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025 дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ барои соҳаи фарҳанг, инчунин маблағҳои махсус ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, таъмин карда шавад.

3. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои амалишавии Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, оид ба ҷараёни иҷрои он ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 майи соли 2020 № 253

 ш. Душанбе