Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2020 № 243 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №225"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №225

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №225 "Дар бораи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"2) Шумораи ниҳоии кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон 350 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ 90 воҳид, кумитаҳои идораи замини вилоятӣ, шаҳри ва ноҳиявӣ 260 воҳид мукаррар карда шавад. Маблағгузории 335 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, аз он дастгоҳи марказӣ 85 воҳид ва 15 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махсус, аз он дастгоҳи марказӣ 5 воҳид амалӣ карда шавад.".

2. Дар сархати дуюми Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №225 тасдиқ шудааст, калимаи "Сарраёсати" ба калимаи "Раёсати" иваз карда шавад.

Раиси

Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ Раҳмон

аз 29 апрели соли 2020 № 243

ш. Душанбе