Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №225
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №225 "Дар бораи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2) Шумораи ниҳоии кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон 350 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ 90 воҳид, кумитаҳои идораи замини вилоятӣ, шаҳри ва ноҳиявӣ 260 воҳид мукаррар карда шавад. Маблағгузории 335 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, аз он дастгоҳи марказӣ 85 воҳид ва 15 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махсус, аз он дастгоҳи марказӣ 5 воҳид амалӣ карда шавад.".
2. Дар сархати дуюми Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №225 тасдиқ шудааст, калимаи "Сарраёсати" ба калимаи "Раёсати" иваз карда шавад.
Раиси
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 29 апрели соли 2020 № 243
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2010 года, №225
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Пункт 2 постановления Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2010 года,№225 "О Государственном комитете по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан" изложить в следующей редакции:
"2) Установить предельную численность работников Государственного комитета по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан 350 единиц (без обслуживающего персонала), в том числе центрального аппарата 90 единиц, областных, городских и районов комитетов по земельному управлению 260 единиц. Финансирование 335 единиц осуществить за счет республиканского бюджета, из них 85 единиц центрального аппарата и 15 единиц за счет специальных средств, из них 5 единиц центрального аппарата.".
2. В абзаце втором Структуры центрального аппарата Государственного комитета по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан, утверждённой постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2010 года, №225, слова "Главное управление" заменить словом "Управление".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 29 апреля 2020 года, №243