ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ
(Қонуни ҶТ аз 11.12.1999 № 906)
Боби 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1
Қонуни мазкур мафҳум ва навъҳои санади меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, тартиби таҳия, нашр, эътибор, тафсир танзим ва таносуби онҳо, ҳамчунин тартиби ҳаллу фасли тадзодҳои ҳуқуқиро муайян мекунанд.
Моддаи 2
Санади меъёрию ҳуқуқӣ - ҳуҷҷати расмии хаттии шаклаш муқаррарӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор шахси мансабдори босалоҳият ё бо роҳи раъйпурсӣ қабул шуда ва меъёрҳои ҳуқуқиро дар бар мегирад, яъне дастурҳои умумии доимӣ ва ё муваққатие, ки барои истифодаи бисьёркарата таъин гардидааст.
Санади меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоанд: Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, кодексҳо, қарорҳои Маҷлиси Олӣ, фармонҳои Президент, қарорҳои Раёсати Маҷлиси Олӣ, қарорҳои Ҳукумат, санадҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои ҷумҳуриявӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа ва ҳамчунин санадҳои ҳуқуқии. байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст.
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми қонунҳо ва дигар санади меъёрию ҳуқуқӣ дорои эътибори олии ҳуқуқӣ мебошад.
Тағйир додан ва аз эътибор соқит донистани қонунҳое, ки аз тариқи раъйпурсии ҳамагонӣ қабул шудаанд, танҳо ба воситаи раъйпурсӣ сурат мегирад.
Моддаи 3
Мақомоти таҳиякунандаи санади меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатие мебошанд, ки салоҳияти қабули санади меъёрию ҳуқуқиро мутобиқи ваколатҳои ба онҳо додашуда доранд. Мақомоти ҳокимияти қонунбарор ва иҷроия тибқи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукумат ҳамчунин тибқи фармонҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул мекунанд.
Моддаи 4
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ дорад як қисми ваколатҳои худро оид ба таҳияи санади ҳуқуқӣ, агар он мухолифи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон набошад, ба мақомоти тобеи худ вогузор намояд.
Дар санади вогузорӣ зикр мегардад, ки ваколати мушаххас ба кадом мақом ва ба кадом мӯҳлат вогузор мешавад ва доираи ҳуқуқҳое, ки ҳудуди онҳо мақом ҳақ дорад ваколати ба он вогузоршударо амалӣ намояд, муқаррар карда мешавад.
Мақоме, ки ба вай ин ё он ваколат вогузор гардидааст, ҳақ надорад, ки онро ба мақоми дигар вогузор намояд.
Мақом ба тартиби татбиқи ваколати вогузоршуда санади меъёрии ҳуқуқиро қабул намуда, ба қонун ё дигар санади меъёрии ҳуқуқие, ки мувофиқи он ваколати дахлдор ба вай вогузор гардидааст, ишора менамояд.
БОБИ II. НАВЪҲОИ САНАДИ МЕЪЁРИЮ ҲУҚУҚӢ
Моддаи 5
Конститутсия - қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, усулҳои буньёдии танзими ҳуқуқиро таъин мекунад ва асоси ҳуқуқии қонунгузории ҷорӣ ва манбаи бевоситаи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Конститутсия эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, мустақиман дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад. Қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва дигар санади меъёрию ҳуқуқие, ки дар Ҷумҳурии -Тоҷикистон -қабул карда мешаванд ва ҳамчунон санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, хилофи Конститутсия бошанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.
Моддаи 6
Қонуни конститутсионӣ - санади меъёрии ҳуқуқиест, ки дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда, он бо тарафдории ҳадди ақалл аз се-ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони халқ, ё бо роҳи райпурсӣ қабул карда мешавад ва масъалаҳои махсусан муҳими давлатию ҷамъиятиро танзим менамояд.
Моддаи 7
Қонун - санади меъёрию ҳуқуқиест, ки мутобиқи тартиби муқарраршуда аз тарафи мақомоти қонунгузор ё бо роҳи раъйпурсӣ қабул карда мешавад ва масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти давлат ва ҷомеаро танзим мекунад.
Қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо аз вақти расман нашр шуданашон эътибори ҳуқуқӣ пайдо карда мустақиман амал менамоянд ва дар тамоми қаламравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои онҳо ҳатмӣ мебошад, агар дар худи қонун таври дигар муқаррар нашуда бошанд.
Дар ҳолатҳое, ки санади меъёрию ҳуқуқӣ бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтилофот дошта бошад, дар он сурат қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд.
Моддаи 8
Кодекс - қонунест, ки тамоми меъёрҳо ё қисми зиёди меъёрҳоеро, ки соҳаи муайяни муносибатҳои ҷамъиятиро танзим мекунанд, дар бар мегирад.
Моддаи 9
Мақоми -қонунгузор оид ба масъалаҳое, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёраш гузоштааст, ҳамчунин дар бораи масъалаҳои дохилии ташкили фаъолияти худ қарорҳо қабул мекунад.
Қарорҳои мақоми қонунгузор набояд бо Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат дошта бошад.
Моддаи 10
Президент дар асоси Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ фармон ва амрҳо мебарорад. Санади меъёрии ҳуқуқии Президент дар шакли фармон бароварда мешавад.
Моддаи 11
Ҳукумат дар асос ва ҷиҳати иҷрои Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармонҳои меъёрии Президент дар доираи ваколатҳои худ қарор ва фармоишҳо мебарорад.
Санади меъёрии Ҳуқуқии Ҳукумат дар шакли Қарор қабул карда мешаванд.
Моддаи 12
Вазоратҳо, Кумитаҳои давлатӣ, идораҳо дар асос ва ҷиҳати иҷрои Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои меъёрии Президент, қарорҳои Ҳукумат дар доираи ваколатҳои худ санади меъёрии ҳуқуқӣ мебароранд. Вазорату идораҳо санади меъёрии ҳуқуқиро дар шакли фармон, Кумитаҳои давлатӣ дар шакли қарор мебароранд.
Аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳо қабул кардани номгӯи санадҳои меъёрии дигар (хидоятнома, низомнома, мактуб, қоидаҳо ва ғайра) бо фармон ё қарор ба расмият дароварда мешавад.
Санади дигаре, ки вазорату Кумитаҳои давлатӣ ва идораҳо мебароранд (низомнома, дастур, мактуб, қоидаҳо ва ғайра) ба фармону қарорҳои дахлдор тасдиқ карда мешаванд. Ҳангоми аз ҷониби вазорату идораҳо нашр гардидани санади меъёрии ҳуқуқӣ дар он нишон дода мешавад, ки он ба мақсади иҷрои кадом (модда ё банди) санади мақоми болоии ҳуқуқӣ нашр карда мешавад.
Воҳидҳои сохтории вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи баровардани санади дорои хусусияти меъёрию ҳуқуқӣ надоранд.
Моддаи 13
Регламент -санади меъёрии ҳуқуқиест, ки тартиби фаъолияти ягон мақоми давлатӣ ва воҳиди онро танзим менамояд.
Моддаи 14
Низомнома - санади меъёрии ҳуқуқиест, ки мақоми ҳуқуқии ташкилот, тартиби фаъолияти мақоми давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, инчунин муносибатҳои мутақобилаи онҳоро бо дигар мақомот, ташкилот муассисаҳо ва шаҳрвандон дақиқ муайян менамояд.
Моддаи 15
Қоида санади меъёрии ҳуқуқиест, ки тартиби ташкили ин ва ё он навъи фаъолиятро дақиқ муайян менамояд.
Оиннома - санади меъёрию ҳуқуқиест. ки мақоми ҳуқуқии иттиҳодияҳо, корхонаҳо ва муассисаҳоро муқаррар намуда, тартиби фаъолият ва муносибатҳои мутақобилаи онҳоро бо дигар мақомот, ташкилот, муассисаҳо ва аъзоёни худ дақиқ муайян менамояд.
Дастур - санади меъёрию ҳуқуқиест, ки тартиби истифодаи навъҳои алоҳидаи фаъолиятро дар бар мегирад.
Фармон - санади меъёрию ҳуқуқии шахси ваколатдори давлатиест, ки дорои меъёри ҳуқуқӣ буда, муносибатҳои муайяни ҷамъиятиро муқаррар мекунад.
Амр- санади меъёрии ҳуқуқиест, ки хусусияти ҳатмӣ дошта, аз тарафи мақомоти давлатӣ ё шахси ваколатдори давлатӣ қабул гардида, иҷрои он барои шаҳрвандон ва ташкилотҳои дахлдор ҳатмист.
Фармоиш- санади меъёрии ҳуқуқиест, ки хусусияти ҳатмӣ дошта, аз тарафи мақомоти давлатӣ дар доираи салоҳияти худ қабул мегардад.
БОБИ III. БАРНОМАҲОИ ТАҲИЯИ ЛОИҲАҲОИ ҚОНУНҲОИ КОНСТИТУТСИОНӢ, ҚОНУНҲО ВА ДИГАР САНАДИ МЕЪЁРИЮ ҲУҚУҚӢ
Моддаи 16
Таҳияи лоиҳаи қонунҳои конститутсионӣ,қонунҳо ва дигар санади меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун қоида дар асоси барномаҳо бомақсадҳои зерин сурат мегирад:
- таҳияи системаи аз ҷиҳати илмӣ асосноки санади меъёрии ҳуқуқӣ; - таъмини ошкорбаёнӣ дар фаъолияти ҳуқуқӣ; * таъмини ҳалли комплексӣ ва таҳқиқоти ҳалли вазифаҳои ҳуқуқэҷодкунӣ; * такмили ташкили корҳои тайёрии ҳуқуқӣ, арзёбии таҳлилии лоиҳаҳои пешгӯии илмии самаранокии тадбирҳои нави ҳуқуқӣ, таҳкими назорат ба мӯҳлатҳои таҳияи лоиҳаҳои санади меъёрии ҳуқуқӣ.
Моддаи 17
Мақоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи корҳои лоиҳаи Қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳоро таҳия ва тасдиқ менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи таҳияи лоиҳаҳои санади қонунгузориро, ки Президент онҳоро ба баррасии мақоми қонунгузорӣ пешниҳод карданист, инчунин барномаи таҳияи лоиҳаи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва тасдиқ менамояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи таҳияи лоиҳаи санади қонунгузориро, ки Ҳукумат онҳоро ба баррасии мақоми қонунгузорӣ пешниҳод карданист, инчунин барномаи таҳияи лоиҳаи қарорҳои Ҳукуматро таҳия ва тасдиқ менамояд.
Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи таҳияи лоиҳаи санади қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳияи онҳо ба ин вазорат, идора супурда шудааст ё санаде, ки ба ташаббуси худ онҳоро таҳия карданианд, инчунин лоиҳаҳои санади меъёрии ҳуқуқии вазорат, идораро таҳия ва тасдиқ менамоянд.
Моддаи 18
Барномаҳои ҷории корҳои тайёр намудани санадҳои ҳуқуқи, чун қоида, ба мӯҳлати як сол таҳия карда мешаванд.
Дар сурати зарурат, барномаҳои тайёрии ҳуқуқи ба муҳлати панҷ сол ва бештар аз он таҳия мегарданд, ки дар барномаҳои ҷории корҳои тайёрии ҳуқуқӣ ба эътибор гирифта ва мушаххас гардонида мешаванд.
Моддаи 19
Ҳангоми таҳияи барномаҳои мақсадноки комплексии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар онҳо бобҳое ҷудо карда мешаванд, ки таҳия ва қабули санади дахлдори қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳуқуқиро пешбини менамоянд.
Моддаи 20
Ҳангоми таҳияи лоиҳаи барномаи корҳои тайёрии ҳуқуқӣ пешниҳодҳои мақомоти манфиатдор, муассисаҳои илмӣ, инчунин пешниҳодоти шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо ба инобат гирифта мешаванд.
Моддаи 21
Барномаи корҳои тайёрнамудани санадҳои ҳуқуқӣ метавонад таҳияи лоиҳаи санади меъёрии берун аз барномаро бо супориши мақомоти ҳуқуқӣ ё ба ташаббуси худ дарбар гирад.
БОБИ IV. ТАҲИЯ ВА ТАРТИБДИҲИИ ЛОИҲАИ САНАДИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ
Моддаи 22
Лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби худи мақоми, ҳуқуқӣ ё бо супориши он аз ҷониби мақомот, муассисаҳои ба он тобеъ ё мақомот ташкилоту муассисаҳо ва бо ташаббуси худ таҳия карда мешаванд.
Мақоми тахиякунандаи санади ҳуқуқӣ метавонад дар асоси шартнома бо мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои илмӣ, олимони ҷудогона ё коллективҳои онҳо таҳияи ибтидоии лоиҳаи санади меъёрию ҳуқуқиро фармоиш диҳад .
Мақоми таҳиякунандаи санади ҳуқуқӣ, ҳуқуқ дорад таҳияи альтернативии лоиҳаҳоро ба якчанд мақомот, муассисаҳо, ташкилотҳо ва ашхос супорад, ё бо онҳо шартнома бандад, инчунин барои лоиҳаи беҳтарин озмун эълон кунад.
Моддаи 23
Лоиҳаи санади меъёрию ҳуқуқие, бевосита ба манфиатҳои шаҳрвандон дахл доранд, инчунин лоиҳаи дигар санади муҳим оид ба қарори мақоми таҳиякунандаи санади ҳуқуқӣ метавонад бо воситаҳои ахбори омма барои муҳокимаи умум интишор гарданд. Таклифу эродҳои воридшуда ҳангоми такмили лоиҳаҳо ба эътибор гирифта мешаванд.
Лоиҳаҳои қонунҳоро бо қарори мақоми қонунгузор дар тартиби муқарраргардида ба муҳокимаи умумихалқӣ метавон гузошт.
Моддаи 24
Агар барои рушд ва муайян намудани мавқеи лоиҳаи қонуни омодашаванда ё дигар санади меъёрию ҳуқуқӣ қабули дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ зарур гардад, дар лоиҳаи асосӣ ё дар лоиҳаи санад дар хусуси ба амал ҷорӣ кардани он ба мақомоти дахлдор дар мӯҳлати муқарраркардаи мақоми таҳиякунандаи санади ҳуқуқӣ таҳия ва қабули чунин санад супориш пешбинӣ мегардад.
Моддаи 25
Барои таҳияи лоиҳа санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба соҳаҳои ҷудогонаи иқтисодиёт ва дигар соҳаҳои идораи давлатӣ, вазоратҳо, Кумитаҳои давлатӣ ва дигар идораҳое, ки ба ҳолат ва рушди ин соҳаҳо масъуланд, ҷалб карда мешаванд.
Лоиҳаи санади меъёрӣ пеш аз супоридан ба мақоми тахиякунандаи санади ҳуқуқӣ бо мақомоту муассисаҳои манфиатдор мувофиқа карда мешавад.
Лоиҳаи қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, фармонҳои Президент, қарорҳои Ҳукумат ба Вазорати адлия барои хулоса пешниҳод мешавад.
Моддаи 26
Лоиҳаи тайёри санади меъёрию ҳуқуқӣ ба мақоми тахиякунандаи санади ҳуқуқӣ бо пешниҳоде, ки дар он зарурати қабули санад асоснок карда мешавад ва шарҳи мухтасари мазмуни он дода шуда, номгӯи мақомот ва ташкилоте оварда мешаванд, ки дар таҳияи Лоиҳа иштирок кардаанд, инчунин мувофиқа гардидааст, супурда мешавад.
Бо лоиҳа дар сурати зарурат ҳисобу китоби молиявию иқтисодӣ, маълумоти оморӣ, дурнамои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва дигар оқибати имконпазири санади қабул мешуда ва дигар маълумоте, ки барои муқаррароти лоиҳа зарур аст, замима мегардад.
Моддаи 27
Лоиҳаҳои санади меъёрию ҳуқуқӣ бо Қарори Мақоми тахиякунандаи санади ҳуқуқӣ мавриди экспертизаи махсуси ҳуқуқӣ, молиявию иқтисодӣ. экологӣ ва ё илмӣ қарор гирифта метавонанд.
Ташкилот ва ашхосе, ки дар таҳияи ҳамин лоиҳа. бевосита иштирок накардаанд, ба сифати экспертҳо ҷалб карда мешаванд.
Моддаи 28
Лоиҳаи санади қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои таъмини ҳуқуқҳои конститутсионӣ, озодӣ ва вазифаҳои шаҳрвандон; мақоми ҳуқуқии мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма; буҷети давлатӣ, мақомоти андоз. бехатарии экологӣ, мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳо воҷиби экспертизаи илмию ҳуқуқӣ ва махсус (вобаста аз соҳаи лоиҳа) шанд.
Лоиҳаи санади қонунгузорӣ, ки ба баррасии мақоми қонунгузор пешниҳод гардидаанд ва экспертизаи мустақилонаи илмӣ дода шудаанд, дар маҷлиси мақоми қонунгузор дар мавриди мавҷудияти хулосаи экспертҳо баррасӣ мегардад.
Моддаи 29
Санади меъёрию ҳуқуқӣ мушаххасоти зерин дорад:
- дастур дар шакли санад (қонун, амр, қарор, фармон ва ғ.);
- дастур ба мақоме, ки санадро қабул кардааст;
- сарлавҳае, ки танзими мавзӯъро ифода мекунад;
- сана, ҷои қабули санад ва рақами қайди он;
- имзои ашхосе, ки расман ваколатдори имзо намудани ҳамин санади меъёрию ҳуқуқӣ;
- мӯҳри мақоме, ки санадро қабул кардааст.
Моддаи 30
Дар ҳолате, ки зарурати фаҳмонидани мақсад ва сабабҳои интишори санади меъёрию ҳуқуқӣ ба миён меояд, ифшои дастури меъёрӣ қисми муқаддимавиро (сарсухан) тақозо мекунад. Дастури меъёрӣ дар сарсухан дохил карда намешавад,
Дар қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо дастури меъёрҳо дар шакли модда, дар дигар санади меъёрию ҳуқуқӣ дар шакли бандҳо ифода карда мешавад, тартиби моддаҳо дар тамоми санад бо рақамҳои арабӣ рақамгузорӣ карда мешавад. Дар лоиҳа воситаҳои ҳуқуқии амалӣ намудани он, манбаҳои маблағгузорӣ ҳавасмандгардонӣ, назорат ва тартиби ҳалли баҳсҳо нишон дода мешавад.
Моддаи 31
Дар санаде, ки дастури уҳдадориҳои мақомоти давлатӣ. муассисаҳо, идораҳо, ташкилотҳо, соҳибмансабон ва шаҳрвандонро муқаррар мекунад, чораҳои ҷавобгарӣ барои риоя накардани онҳо пешбинӣ карда мешаванд, агар чунин чораҳо дар қонуни амалкунанда вуҷуд надошта бошад, онҳо бояд дар санади махсус зикр карда шаванд.
Моддаи 32
Матни қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва дигар санади меъёрию ҳуқуқӣ бо забони 1 давлатӣ навишта мешавад, метавонад ба забонҳои дигар тарҷума шавад.
Дар санад мафҳумҳои камистеъмоли ҳуқуқӣ, техникӣ ва дигар истилоҳоти махсус шарҳ дода мешавад.
Моддаи 33
Дар ҳолати зарурат дар санади меъёрию ҳуқуқӣ муқаррароти ҷудогона аз санади/ меъёрию ҳуқуқии дорои қувваи бештари ҳуқуқӣ бо истинод ба он санад оварда мешавад.
Моддаи 34
Бинобар қабули санади меъёрию ҳуқуқӣ ҳамаи санад ё қисмҳои онҳо (фаслҳо, бобҳо, моддаҳо, бандҳо ва ғ.), агар онҳо бо дастурҳои меъёрии ба санади нав дохилшуда мухолиф ё худ бо воситаи онҳо бекор шуда бошанд, бояд беэътибор дониста шаванд.
Бинобар қабули санади меъёрию ҳуқуқӣ санади меъёрию ҳуқуқии қаблан қабулгардида, агар онҳо қисман бо дастурҳои меъёрии ба санади нав дохилшуда мухолиф бошанд, бояд тағйир ва такмил дода шаванд. Матни чунин тағйирот ва иловаҳо дар шакли таҳрири нави моддаҳои (бандҳо) мутобиқ ё қисмҳои онҳо навишта мешаванд.
Номгӯи санад ва қисмҳои он, ки беэътибор дониста шудаанд ва ё бинобар қабули санади меъёрҳо ҳуқуқӣ ба онҳо тағйироту иловаҳо ворид кардаанд, дар фасли махсуси ҳамин санад ва ё дар санади махсуси тартиби ба амал ҷорӣ намудани санад навишта мешавад.
Агар шумораи зиёди санад ё қисмҳои онҳо, ки бинобар қабули санади меъёрию ҳуқуқӣ бояд беэътибор дониста шаванд, ба онҳо тағйироту иловаҳо ворид карда шаванд, номгӯи онҳо ба шакли санади мустақил ба расмият дароварда шуда, якҷоя бо лоиҳаи санади асосӣ пешниҳод карда мешавад.
Таҳияи лоиҳаҳои номгӯи санад, ки бояд беэътибор дониста шаванд, тағйироту иловаҳо баъди қабули санади асосӣ чун истисно дониста мешаванд, дар ҳолатҳое, ки таҳияи онҳо мӯҳлати тӯлониро талаб мекунад. Дар чунин ҳолат лоиҳаи супориш дар бораи таҳияи лоиҳаи номгӯйҳои дахлдор тайёр карда мешавад, ки дар он аз ҷониби кадом мақомот, ташкилот таҳияи онҳо супорида шудааст, нишон дода мешавад ва мӯҳлати пешниҳод ба мақоми таҳиякунандаи санади ҳуқуқӣ муайян мегардад.
Дар сурати барҳамдиҳӣ ё аз нав таъсис додани мақоми таҳиякунандаи санади ҳуқуқӣ масъалаҳои беэътибор донистани санади он, тағйироту иловаҳои онҳоро вориси ҳуқуқии он ё мақомоти болоӣ ҳал мекунад.
БОБИ V. ИНТИШОРИ ҚОНУНҲО ВА ДИГАР САНАДИ МЕЪЁРИЮ ХУКУҚӢ
Моддаи 35
Санади қонунгузорӣ, инчунин санади умумиҳатмии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳо, яъне санаде, ки амали худро ба идораҳои тобеи корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳои онҳо набуда, инчунин ба шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо паҳн мекунад, дар нашрияҳои расмии кушода интишор карда мешаванд (ғайр аз санаде, ки сирри давлатиро ё дигар сиреро, ки қонун ҳифз медорад, дар бар мегирад) ва дар ҳолати дарҷ гардидани онҳо дар ин гуна нашрияҳо эътибор пайдо мекунанд
Санади меъёрию ҳуқуқии ба ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд дахлдошта, агар барои маълумоти умум ба таври расмӣ интишор наёфта бошад, татбиқ карда намешавад.
Муассисаҳои нашриётӣ, фирмаҳои тиҷоратӣ, шахсони алоҳида ба нашри матни санади меъёрию ҳуқуқӣ, ки нав қабул гаштааст, то нашри расмиашон ҳуқуқ надоранд.
Моддаи 36
Тартиби интишори расмии санади қонунгузориро қонун муайян мекунад.
Тартиби интишори расмии санади Президент ва санади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Низомномаи аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда муқаррар мекунад.
Тартиби интишори расмии санади вазорату идораҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 37
Рӯзи интишори расмии санади меъёрию ҳуқуқӣ рӯзи аз чоп баромадани нашрияи расмӣ ҳисобида мешавад, ки дар он матни санади мутобиқ ҷой дода шудааст.
Интишори нопурраи санади меъёрию ҳуқуқӣ дар нашрияҳои расмӣ иҷозат дода намешавад.
Моддаи 38
Санади меъёрию ҳуқуқиро, ки дар он шумораи зиёди тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд, бо қарори мақоми таҳиякунандаи санади ҳуқуқи, ки ин санадро қабул кардааст, такроран ба таври расмӣ метавон интишор кард.
Моддаи 39
Мақомот ва ашхоси соҳибмансабе, ки барои иҷрои санади меъёрию ҳуқуқӣ масъуланд, вазифадоранд:
- ба иҷрочиён санадро шинос кунанд (дар ҳолатҳои зарурӣ имзояшонро гиранд);
- дар ҳолатҳои зарурӣ ба иҷрочиён нусхаи санадро диҳанд, санадро дар ҷойҳои намоён овезанд, дигар роҳҳои расондани санадро ба маълумоти мақомот, ташкилот, ашхос ва шаҳрвандон. ки амали он ба онҳо дахл дорад, таъмин намоянд.
Моддаи 40
Ҳар як шаҳрванде, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунад, ҳуқуқ дорад, бо санади меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида шинос шавад.
Мақомоти давлатӣ ва ашхоси соҳибмансаб бояд амалӣ гардидани ҳуқуқи шаҳрвандонро ҷиҳати ба даст овардани иттилоот оид ба санади меъёрию ҳуқуқӣ таъмин намоянд.
БОБИ VI. АМАЛИ ҚОНУНҲОИ КОНСТИТУТСИОНӢ, ҚОНУНҲО ВА ДИГАР САНАДИ МЕЪЁРИЮ ҲУҚУҚӢ ДАР ВАҚТ, ЗАМОН, МАКОН ВА НИСБАТИ ШАХСОН
Моддаи 41
Қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз интишори расмиашон қувваи қонунӣ пайдо мекунанд.
Тартиби эътибор пайдо намудани дигар санади мақоми қонунгузориро қонун муайян менамояд.
Тартиби эътибор пайдо намудани санади Президент ва санади Ҳукумат аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Тартиби эътибор пайдо намудани санади вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 42
Ба санади меъёрию ҳуқуқӣ мумкин аст эътибори бозгашт дода шавад. Қарор дар бора додани эътибори бозгашт дар худи санад ва ё дар санади мавриди амал қарор додани он пешбин мегардад. Агар санад ҷорӣ намудан ё вазнин кардани масъулияти ҳуқуқиро пешбинӣ намояд инчунин андозҳои навро муқаррар кунад ё шароити иқтисодии шаҳрвандонро вазнин намояд, ба он додани қувваи бозгашт манъ аст.
Моддаи 43
Амали санади меъёрию ҳуқуқӣ бемӯҳлат мебошад, агар дар худи санад оид ба эътибор пайдо намудани он дигар чиз пешниҳод нагардида бошад.
Мӯҳлати муваққатии амалро мумкин барои тамоми санад ва ё қисмҳои он муқаррар кард. Дар ин ҳолат дар санад мӯҳлати амали (қисми мутобиқи он) он нишон дода мешавад. Бо гузашти мӯҳлати зикргардида ин санад худ аз худ эътибори худро гум мекунад.
То анҷом ёфтани мӯҳлати эътибори санади муваққатӣ мақоме, ки санадро таҳия намудааст, метавонад оид ба тамдиди (дароз кардан) мӯҳлати амали санад ба давраи нав ё оид ба бемӯҳлат гардонидани он қарор қабул намояд.
Моддаи 44.
Санади меъёрию ҳуқуқӣ (қисми он) амали худро дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардонад;
- ба охир расидани мӯҳлати санади муваққатӣ (қисме аз санад);
- қабул намудани санади меъёрию ҳуқуқии наве, ки муқаррароти санади (қисми он) пеш аз он қабул гардида мухолифи он бошад ё онро (қисми онро) фаро гирад;
- бо тартиби муқарраргардидаи бастани шартномаи байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муқаррароти санади пештар қабулгардида (қисми он) бар хилофи он бошад;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ғайриконститутсионӣ донистани санад (қисми он);
- аз эътибор соқит дониста шудани санад (қисми он) ё боздошти амали санад (қисми он) аз ҷониби мақоме, ки ин санадро қабул намудааст ё дигар мақоми барои ин амал ваколатдор.
Моддаи 45
Қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, қарорҳои Маҷлиси Олӣ, фармонҳои Президент, қарорҳои Раёсати Маҷлиси Олӣ ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки онҳоро Тоҷикистон эътироф кардааст, амали худро дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ татбиқ менамоянд, агар дар худи санад ё санаде, ки онро соҳибэътибор мегардонад, чизи дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Моддаи 46.
Амали қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, қарорҳои Маҷлиси Олӣ, фармонҳои Президент, қарорҳои Раёсати Маҷлиси Олӣ, қарорҳои Ҳукумат, санади меъёрию ҳуқуқии барои ҳама ҳатмии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чӣ дар қаламрави он ё чӣ дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, инчунин ба шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта (ба истиснои онҳое, ки аз ҷониби санади меъёрию ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд) татбиқ мегардад.
Мутобиқи шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асосу меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқии эътирофгардида, Қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва баъзе санади меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндаҳои дипломатӣ ва кормандони алоҳидаи намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ ва ташкилоти байналхалқи метавонанд татбиқ нагарданд (ҳуқуқи экстерриториалӣ ё ҳуқуқи қаламрави мухтор),
БОБИ VII. ТАФСИРИ САНАДИ МЕЪЁРИЮ ҲУҚУҚӢ
Моддаи 47
Дар сурати муғлақ ва гуногунфаҳмии санади меъёрию ҳуқуқӣ, таҷрибаи ихтилофноки истифодаи онҳо мақоми санади дахлдорро қабулнамуда тафсири зарурии онро, ки дар санади махсус ба расмият дароварда мешавад, медиҳад.
Санади тафсир метавонад аз тарафи дигар мақомот низ интишор шавад, ки онҳо мувофиқи си амалкунанда барои тафсири ин ё он категорияи санади меъёрию ҳуқуқӣ ваколатдор шудаанд.
Моддаи 48
Дар ҷараёни тафсири санади меъёрию ҳуқуқӣ ворид намудани тағъироту иловаҳо ба онҳо мумкин нест.
Маънои зерқонунии санади меъёрию ҳуқуқӣ дар ҷараёни тафсир пурра мутобиқи қонун фаҳмонида ва саҳеҳ гардонида мешавад.
Моддаи 49
Усулҳои таъмини қонунӣ будани санади меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чораҳои зерин иборат аст:
- эътирофи ғайриконститутсионӣ будани санад, ботартиби муқарраргардида;
- шикоят нисбати санад ба тартиби тобеият;
- даъво ва шикоят ба суд;
- боздошти амали санад;
- пешниҳоди эътироз нисбати санади қабулгардида;
- аз эътибор соқит донистани санад;
- ба санад ворид намудани тағйироту иловаҳо;
- бақайдгирии давлатии санади меъёрию ҳуқуқии умумиҳатмии вазорату идораҳо.
Моддаи 50
Дар сурати мавҷуд будани фарқ миёни фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санади меъёрию ҳуқуқии вазоратҳо, Кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Конститутсияи (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтилофот доранд ё оид ба масъалаҳое қабул мегарданд, ки ба салоҳияти мақомоти ҳокимияти қонунбарори Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл мекунанд, эътибор надоранд.
Моддаи 51
Дар сурати мутобиқат накардани қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва дигар санади меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.
Тартиби ҳалли ихтилофоти байни қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва дигар санади меъёрию ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи байналхалқиро, қонун муайян мекунад.
БОБИ VIII. БАҲИСОБГИРИИ ДАВЛАТӢ ВА БАҚАЙДГИРИИ САНАДИ МЕЪЁРИЮ ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 52
Санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон , фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санади меъёрию ҳуқуқии умуми ҳатмии вазоратҳо, Кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баҳисобгирии давлатӣ фиристонида мешавад.
Моддаи 53
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқати санади меъёрию ҳуқуқии иҷрояшон барои ҳама ҳатмии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил намуда, бақайдгирии давлатии онҳоро анҷом медиҳад. Чунин санад баъд аз таҳлилу бақайдгирии мазкур ва нашри расмӣ эътибор пайдо мекунанд.
Дар хусуси сарфи назар намудани Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бақайдгирии санад вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идорае, ки санади мазкурро интишор додаанд, метавонанд ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намоянд.
Моддаи 54
Тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санади меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 1998
№ 698